Вазифаи асосӣ – мустахкам намудани муколамаи байни давлатҳо, вусъат додани ҳамкории ба ҳамдигар фоидабахш

  • Вазифаи асосӣ – мустахкам намудани муколамаи байни давлатҳо, вусъат додани ҳамкории ба ҳамдигар фоидабахш

Музокироти Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар дар ҳайати васеъ идома ёфт.

Зимни суҳбат, махсусан таъкид шуд, ки решаҳои таърихӣ ва мазҳабӣ, шабоҳати забонҳо, фарҳангҳо ва анъанаҳо заминаи мустаҳками ҳамкориҳои Ӯзбекистону Туркманистон мебошад.

– Мо сафари давлатии Президенти Туркманистонро тасдиқи равшани дахлнопазирии риштаҳои чандинасраи дӯстӣ ва ҳамсоягии неки халқҳоямон ва идомаи самти таҳкими муносибатҳои дуҷониба мешуморем, – гуфт роҳбари мамлакати мо.

Таъкид гардид, ки таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба бо Туркманистон афзалияти бешубҳа дар сиёсати хориҷии Ӯзбекистон мебошад.

– Итминон дорам, ки музокироти имрӯза дар рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ҳамаҷониба нақши муҳим мебозад, шарикии стратегии ду кишвари бародарро боз ҳам таҳким бахшида, онро ба сатҳи сифатан нав мебарорад, – таъкид кард Президенти Ӯзбекистон.

Бо камоли қаноатмандӣ қайд карда шуд, ки мамлакаҳои мо дар солҳои наздик барои нигоҳ доштани динамикаи мусбат ва ду баробар зиёд кардани ҳаҷми муомилоти мол тамоми имкониятҳоро доранд. Қарорҳои дар бораи таъсиси минтақаи тиҷоратии марзии Ӯзбекистону Туркманистон қабулшуда ва кушодани хонаҳои савдо дар пойтахтҳои кишварҳо ба ин мусоидат мекунанд.

Ҷонибҳо ба шарикии стратегӣ дар соҳаи кимиё баҳои баланд доданд. Дар назар аст, ки ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноати мошинсозӣ, электротехникӣ, нассоҷӣ ва дорусозӣ, саноати хӯрокворӣ ва кишоварзӣ густариш дода шаванд.

Ба ин мақсадҳо Барномаи миёнамуддати ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва инкишофи кооператсияи саноатӣ қабул карда мешавад. Ғайр аз ин, барои пешбурди лоиҳаҳои пешомаднок офиси муштараки лоиҳавӣ ташкил карда мешавад.

Ба инкишофи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт диққати калон дода мешавад. Соли гузашта кашондани бор 17 фоиз афзуд ва имсол ин тамоюл нигоҳ дошта мешавад. Ҷонибҳо ба фароҳам овардани шароити мусоид барои истифодаи самараноки иқтидори нодири транзити кишварҳои минтақа, аз ҷумла тавассути пешниҳоди мутақобилаи имтиёзҳо ва тахфифҳо барои ҳамлу нақли борҳо изҳори ҳавасмандӣ карданд.

Сарони давлатҳо ба масъалаҳои ҳамкориҳои обу энергетика дахл намуда, фаъолияти бомуваффақияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои идоракунии обро қайд намуданд. Президенти Ӯзбекистон имрӯз имзои Созишномаи таърихии Амударёро, ки ба таъмини истифодаи оқилонаи захираҳои оби минтақа хизмат мекунад, бо қаноатмандӣ қайд кард.

Манфиатдории Ӯзбекистон ба густариши ҳамкорӣ дар бахши энергетика, аз ҷумла интиқоли нерӯи барқ, газ ва маҳсулоти нафтӣ аз Туркманистон изҳори карда шуд.

Ҷониби Туркманистон ба диверсификатсия ва афзоиши муомилоти мол, рушди кооператсияи саноатӣ изҳори ҳавасмандӣ кард.

– Дар байни соҳаҳои конкретие, ки мамлакатҳои мо имкониятҳои калон доранд, мо комплекси агросаноатӣ, энергетика, саноати кимиё ва нефту-кимиё, машинсозӣ, бофандагӣ ва дорусозиро махсус кайд мекунем. Барои ба роҳ мондани шарикии байни ҷамъиятҳои тиҷоратӣ имкониятҳои ҷиддӣ мавҷуданд. Солҳои охир робитаҳои сарҳадӣ бештар ривоҷ ёфт. Мо интизори идома ва густариши ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон ҳастем, – гуфт Президенти Туркманистон.

Дар поёни музокирот сарони давлатҳо ба ҳукуматҳои ду кишвар дастур доданд, ки иҷрои бечунучарои тавофуқоти ҳосилшударо таъмин намуда, ҳар моҳ аз рафти иҷрои онҳо гузориш диҳанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: