Дар доираи Ҳафтаи миллии ахбору китобхона, ки дар Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ 8-12 ноябр бо ҳамкории Оҷонсии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавӣ баргузор шуд, бахшида ба тантанаҳои ҷашнии якчанд нашрияи чопӣ мизи мудаввар баргузор шуд.
Дар доираи Ҳафтаи миллии ахбору китобхона, ки дар Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ 8-12 ноябр бо ҳамкории Оҷонсии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавӣ баргузор шуд, бахшида ба тантанаҳои ҷашнии якчанд нашрияи чопӣ мизи мудаввар баргузор шуд.
Бояд ёдрас намуд, ки чунин ҳафта бори даҳум дар пойтахти кишвар гузаронида мешавад. Дар он масъулони якчанд нашрияи чопии ҷумҳурӣ, мисли «Халқ сӯзи», «Народное слово», «Янги Ӯзбекистон», «Маърифат», «Учител Узбекистана» ва «Шарқ юлдузи», омӯзгорон ва донишҷӯёни факултаи журналистикаи муассисаҳои таълими олии кишвар ва нашрияҳои чопии вилояти Самарқанд, Бухоро, Андиҷон тариқи «zoom» ширкат ҷустанд.
Директори китобхона Умеда Тешабоева дар баромади худ таъкид кард, ки дар давоми ҳафта зиёда аз 40 чорабинии маърифатӣ гузаронида шуд.
Имрӯз мо оид ба фаъолияти нашрияҳое, ки ба кор сар кардаашон аз як сол то 90 сол пур шудааст, сухан меронем. Чунин вохӯрӣ бори нахуст бахшида ба 95-солагии рӯзномаи «Овози тоҷик», ки нашрияи Палатаи қонунгузорӣ ва сенати Олий Маҷлиси Ӯзбекистон ба шумор меравад, соли 2019-ум баргузор шуда буд. Аз ҳамон сана инҷониб гузаронидани чунин вохӯриҳо ба тарзи анъана даромад.
Ба ташкил шудани Китобхонаи миллӣ 150 сол шуд. Ҳоло он чиз барои мо хурсандиовар аст, ки китобхонони синну солашон гуногун барои мутолиа аз нашрияҳои чопӣ низ мепурсанд. Мо то ҳадди имкон кӯшиш менамоем, ки шумораи онҳоро ҳам дар шакли чопӣ ва ҳам электронӣ дарёфт кунем ва нигоҳ дорем, то ки аз он муштариён баҳрабардорӣ кунанд.
Баромадкунандагон таъкид карданд, ки солҳои 70-80-уми асри гузашта муносибати муштариён ба рӯзномаву маҷаллаҳо тамоман дигар буд. Ҳатто газетхонҳое буданд, ки барои обуна тариқи лифофа ба таҳририят пул мефиристоданд...
Аммо ин маънои онро надорад, ки имрӯз ҳама аз рӯзнома «рӯй гардондааст». Агар чунин мебуд, роҳбари давлат ба яке аз рӯзномаҳои давлатӣ «Янги Ӯзбекистон» интервю намедод. Ва он ба 30 забони дунё тарҷума шуда, ба мушоҳидаҳои намояндагони гуногуни соҳа-ҳои иҷтимоии кишвар ва хориҷи он сабаб намешуд.
Сармуҳаррири рӯзномаи «Зарафшон» ва «Самаркандский вестник» Фармон Тошев, ки тариқи «zoom» баромад кард, доир ба қобилияти таҳлил ва маҳорати касбӣ надоштани журналистони ҷавон гуфта гузашт. Ӯ ба журналистони оянда муроҷиат карда гуфт, ки дар ҷараёни амалиёт мавод омода кунанд, аз устодон асрори ин касбро омӯзанд.
«Шарқ юлдузи» аз зумраи маҷаллаҳое мебошад, ки ҳамеша муштариёни содиқи худро дорад. Имсол ба таъсиси он 90-сол мешавад. Сармуҳаррири маҷалла Сироҷиддин Раупов гуфт, ки имрӯз нашрияҳои чопӣ вазифаи ахборотпаҳнкунии худро ба шабакаҳои интернет супурд. Аммо баланд бардоштани маънавияти аҳолӣ, тарбия намудани ҷавонон ҳамчун шахси бомаърифат ва васеъ гардондани ҷаҳонбинии онҳо яке аз вазифаи муҳим дар зиммаи мо боқӣ мемонад.
Н. НОДИРОВА,
хабарнигори
«Овози тоҷик».