ВАЗИФАИ АСОСӢ — ФАРОҲАМ ОВАРДАНИ ФАЗОИ БИДУНИ КОРРУПСИЯ

Муборизаи беамон ба муқобили коррупсия аз масъалаҳое маҳсуб меёбад, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш рӯ ба рӯ намудааст.

Муборизаи беамон ба муқобили коррупсия аз масъалаҳое маҳсуб меёбад, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш рӯ ба рӯ намудааст. Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон чунин мубориза беш аз пеш доман фарох менамояд. Лоиҳаи фармони Президенти мамлакат “Дар бораи чораҳои фароҳам овардани муҳити оштинопазир бо коррупсия, якбора коҳиш додани коррупсия дар идоракунии давлатӣ ва густариши ширкати мардум дар он” ва қарор “Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба ташкили самарабахши фаъолияти зидди коррупсия”, ки эълон шудаанд,  мусоидат хоҳанд кард, ки муҳити оштинопазири зидди коррупсия дар саросари кишварамон фароҳам оварда мешавад.  Ҳамчунин ба ин васила коҳиши коррупсия дар сохторҳои идораи давлатӣ низ мунтазам таъмин хоҳад шуд. 
Дар нишасте, ки бо иштироки директори Агентии мубориза бо коррупсия Акмал Бурҳонов, Вазири адлия Русланбек Давлетов, ҷонишини раиси Суди Олӣ Икром Муслимов, ҷонишини аввали Прокуратураи генералӣ Баҳриддин Валиев баргузор гардид, маҳз дар меҳвари ин ду ҳуҷҷат гуфтугӯ ва саволу ҷавоб сурат гирифт.
Қайд гардид, ки мувофиқи таклифу пешниҳодҳо минбаъд феҳрасти кушоди электронии ашхоси дар ҷиноятҳои коррупсионӣ гунаҳкор эътирофшуда ба роҳ монда шуда, иштироки онҳо дар корҳои давлатӣ ва интихобот комилан мамнӯъ эълом мегардад. Ҳамчунин, хизматчиёни давлатӣ наметавонанд бо мукофотҳо сазовор гарданд ва дар хориҷ аз кишвар ҳисобсуратҳо кушоянд, сарват ғун кунанд. 
– Ҳадафҳои асосии фармон ва қарори Президенти мамлакат ба он нигаронида шудаанд, ки дар кишвар алайҳи коррупсия муборизаи оштинопазир бурда, дар идораҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ омилҳои марбут ба тавсеаи фасодкорӣ коҳиш дода шаванд ва дар ин росто ширкати мардум беш аз пеш таъмин гардад, – гуфт Акмал Бурҳонов. – Шахсони ба коррупсия дастдошта аз ширкат дар шӯроҳои иҷтимоӣ ва узвият дар ниҳодҳои коллегиалии байниидоравӣ маҳрум мегарданд. Ба сифати иштирокчӣ дар субъектҳои соҳибкорие наметавонанд ҳузур дошта бошанд, ки бо ташаббуси онҳо ё тавассути иштирокашон ин субъект таъсис ёфтааст. Дар шартномаи харидҳои давлатӣ ва шарикии давлативу хусусӣ  низ чунин тартиб ҷорӣ мешавад. Гузашта аз ин, дар тендерҳои вобаста ба хусусигардонии активҳои давлатӣ ва озмунҳои савдо аз иштироки ин шахсон ҳатман ҷилавгирӣ хоҳад шуд. – Боз як қатор омилҳои дигар мавҷуданд, ки ба иштироки шахсони ба коррупсия дастзада монеа эҷод менамоянд. Бори нахуст масъулият барои роҳ мондани бархӯрди манфиатҳо ҷиҳати афзоиши сарвати ғайриқонунӣ муқаррар карда мешавад. Чораҷӯиҳои тайини ҷазо дар робита бо коррупсия ба шиддати том пурзӯр мегардад.
Акмал Бурҳонов тазаккур дод, ки барномаи давлатӣ ба тасвиб расидааст, ки аз 44 банд иборат мебошад ва муборизаи беамон бо коррупсияро дар солҳои 2021-2022 муайян намудааст. Вай иброз дошт, ки ба омӯзиш фаро гирифтани хизматчиёни давлатӣ, масъалаҳои ҷорӣ намудани механизмҳои нав ва ҳамкориҳои байналмилалӣ, муҳимтар аз ҳама, масъалаи ба таври доманфарох ҷалб намудани ҷомеа дар мубориза алайҳи коррупсия мавриди баҳсу баррасиҳо қарор дода шудаанд.
– Қабул намудани Кодекси одобу ахлоқи хизматчиёни давлатӣ, аз нуқтаи назари танқидӣ таҳлил намудани ҳуҷҷатҳое, ки ба сафарҳои хидматии кормандони давлатӣ алоқаманданд, ҳамчунин механизми дида баромадани арзу шикоятҳои марбут ба харидҳои давлатӣ таҳия карда мешаванд, – изҳор кард Акмал Бурҳонов.
Аз рӯи гуфтаҳои директор   Барномаи давлатӣ идора ӯро муваззаф намудааст, ки бо Вазорати адлия, Академияи идоракунии давлатӣ ва Академияи Прокуратураи генералӣ якҷоя шурӯъ аз соли оянда бар асоси тамоюли “ваксинаи ҳалолкорӣ” курсҳои омӯзишӣ ташкил кунанд. Ба ин курсҳо ҳамаи хизматчиёни давлатӣ ҷалб гардида, барояшон роҳҳои мубориза бо коррупсия, бархӯрди манфиатҳо ва қоидаҳои одобу ахлоқ таълим дода мешавад. Ба чунин курсҳои омӯзишии ройгон, ғайр аз хизматчиёни давлатӣ, шаҳрвандони оддӣ, соҳибкорон низ ҷалб карда мешаванд.
Дар лоиҳаи фармону қарори Президенти мамлакат коррупсия барои давлати Ӯзбекистон ва мардуми он басе хатари ҷиддӣ арзёбӣ шудааст. Аз ин рӯ, ҳамаи роҳбарони идораҳои давлатӣ ва ходимони он муборизаи беамон ба муқобили ҳар навъи коррупсияро бояд ба ҳайси вазифаи устувори худ шуморанд ва дар ин самт фаъолона ширкат кунанд. Прокуратураи генералӣ, Агентии мубориза бо коррупсия, Хадамоти амнияти давлатӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ муваззафанд, ки тамоми нерӯи худро барои мубориза бар зидди кулли намудҳои фасодкорӣ равона намоянд ва нисбати он муқаррар будани ҷавобгариро васеъ тарғиб кунанд.
Вазири адлия Русланбек Давлетов изҳор кард, ки мубориза бо ин иллати ногувор яке аз масъалаҳои муҳим ва мубрам барои Вазорати адлия мебошад. Вазорат амалӣ намудани як қатор чорабиниҳоро барномарезӣ кардааст ва ҳамаи ниҳодҳои маҳаллии вазоратро барои ширкати фаъолона дар ин самт равона намудааст. 
Вай таъкид варзид, ки дар ҳама ҷо роҷеъ ба мубориза бо коррупсия ҳарфи зиёд гуфта мешавад, вале механизми роҳҳои ин мубориза дуруст ташреҳ намешаванд. Бо гапи хушку холӣ ба ягон ҳадаф расидан имконнопазир аст.
– Ин ҷо дуруст қайд гардид, ки пиёда кардани корҳои омӯзишӣ дар байни хизматчиёни давлатӣ беш аз пеш ҷорӣ мегардад. Дар Барномаи давлатӣ, ки бар асоси фармони Президенти мамлакат рӯи кор омадааст, ба кадом масъалаҳо аҳамият додани ҳар як вазорату идора ва ташкилот мушаххас нишон дода шудааст.
Ҷонишини раиси Суди олӣ Икром Муслимов изҳор кард, ки фармони сарвари давлат кормандони ин соҳаро вазифадор намуда, ки дар Кодекси ҷиноӣ марбут ба ин мавзӯъ моддаҳои мушаххасро корбаст кунанд. Зеро коррупсия танҳо аз пора додан, пора гирифтан ва дар ин раванд миёнчигарӣ кардани одамон иборат нест. 
– Хизматчии давлатӣ  ё роҳбари идора барои таъмини манфиатҳои моддии худ аз мақоми худ сӯистъмол мекунад ва сарват ғундоштанӣ мешавад. Ин ҳолатҳои коррупсияро рӯи кор меорад. Ба тороҷ бурдани молу мулки шахси дигар, ҳамчунин ҷиноятҳои соҳаи хоҷагидорӣ, аз ҷумла ғайриқонунӣ шуғл варзидан ба соҳибкорӣ, вайрон кардани қоидаҳои хизматрасонӣ ба ҷиноятҳои иқтисодӣ шомил шудаанд.   
Вай афзуд, ки дар Кодекси мавҷудаи ҷиноӣ ҳамаи ин ҷиноятҳо ба таври умумӣ оварда шудаанд, аммо дар моддаҳои Кодекс мушаххас нашудааст, ки дар таркиби кадом амал ва кадом ҳолат нишонаҳои коррупсия мавҷуданд ва он чи тавр муҷозот мешавад.  
– Барои содири баъзе ҷиноятҳо баъди чанд муддат як қатор сабукиҳо дода мешавад. Маҳбусон аз идомаи иҷрои муддати ҷазо шартан озод мегарданд ва ё муддати ҷазои онҳо коҳиш дода мешавад.  Аммо  тибқи фармон афроде, ки бо иттиҳоми фасодкорӣ ба ҷазо маҳкум мешаванд, аз чунин имкониятҳо маҳрум хоҳанд буд, зеро минбаъд коррупсия дар Ӯзбекистон ҷинояти вазнин шумурда мешавад, – изҳор намуд ҷонишини раиси Суди олӣ И.Муслимов. – Чунин маҳдудиятҳо дигаронро ба ҳушёр шудан водор месозанд,  то ки онҳо даст ба коррупсия назананд ва ба балои нафс гирифтор нашаванд. Мувофиқи фармони Президент шахсони барои фасодкорӣ ба ҷазо маҳкумшуда ба феҳрасти электронӣ ворид мегарданд ва онро пинҳон доштан имконнопазир мебошад, аз ин маълумот тамоми мардуми кишвар огоҳ сохта мешаванд. Ба ибораи дигар, чунин шахсон маълумот дар бораи худро пинҳон дошта ба ягон ташкилоти давлатӣ ба кор шомил шуда наметавонанд.
Прокуратураи генералӣ ниҳоде мебошад, ки бевосита бо ҳолатҳои коррупсия мубориза мебарад ва  дар муқобили фасодкорон парвандаҳои ҷиноятӣ боз ва онро барои муҳокима ба додгоҳ интиқол медиҳад. Тавре ки ҷонишини якуми Прокурори генералӣ Баҳриддин Валиев гуфт, дар давраи чоруним соли Ӯзбекистони нав 9 ҳазору 546 нафар ҷиноятҳои гуногун содир намудаанд ва дар натиҷаи он ба давлат ва шаҳрвандон 3 триллиону 200 миллиард сӯм ҳисороти молӣ  ворид гардидааст. Бо вуҷуди он ки 90 дарсади ин маблағҳо ситонида шудаанд, аммо одамони зиёд азият кашидаву сарсону саргардон шуданд, ки онро ба ҳеч қиммат наметавон баробар кард.
Ба гуфтаи ӯ 62 дарсади одамон зимни як пурсишнома гуфтаанд, ки агар дар муқобили коррупсионерҳо ба ҷавобгарии ҷиноӣ шиддат бахшида шавад, самараву натиҷаи он беҳтар хоҳад буд. 
Дар ин нишаст журналистони расонаҳои гуногун саволҳои зиёдро матраҳ карданд ва ба ин саволҳо посух дарёфтанд. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори
 “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: