Президент Шавкат Мирзиёев 14 апрел оид ба натиҷаҳои дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ноилшуда ва вазифаҳо барои соли ҷорӣ ҷамъомад баргузор намуд.
Имрӯз технологияҳои иттилоотӣ ба тамоми соҳаҳои ҳаёт ворид шудаанд. Пешравӣ дар дигар соҳаҳо, инчунин баланд шудани сифат ва роҳати зиндагии мардум аз бисёр ҷиҳат ба рушди ин соҳа вобаста аст.
Аз ин рӯ, дар солҳои охир оид ба беҳтар намудани инфрасохтори технологияҳои иттилоотӣ ва омодасозии кадрҳо корҳои калон ба анҷом расонида шуданд. Сифат ва ҳаҷми хизматрасонӣ хеле афзуд.
Масалан, агар дар соли 2017 сатҳи фарогирии маҳалҳои аҳолинишин бо интернети мобилӣ 30 фоизро ташкил дода бошад, ҳоло 96 фоизро ташкил медиҳад. Дар соли 2017 ҳаҷми содироти саноат ҳамагӣ 600 ҳазор доллар буд, соли гузашта ин рақам ба 46 миллион доллар ва дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба 16 миллион доллар расид.
Дар IT-паркҳо зиёда аз 11 ҳазор ҷавонон кор мекунанд. Ҷавононе, ки дар доираи лоиҳаи “Як миллион барномасозон” таълим гирифтаанд, барои ояндаи ин соҳа заминаи мустаҳкам мегузоранд.
Дар баробари ин бисёр проблемаҳо ва имкониятҳои истифоданашуда мавҷуданд. Аз ҷумла, сатҳи фарогирӣ бо хатҳои нахӣ-оптикӣ ва суръати интернет дар минтақаҳо ғайриқаноатбахш боқӣ мемонад. Танҳо 38 дарсади шоҳроҳҳо имкони истифодаи интернети мобилиро фароҳам меоранд. Рушди соҳа дар минтақаҳо нобаробар аст – 90 дарсади хадамоти IT ба Тошканд рост меояд. Вазъият махсусан дар Қорақалпоқистон, вилоятҳои Андиҷон ва Сурхондарё мураккаб аст. Баъзе вазорату идораҳо системаҳои иттилоотии куҳнашуда, беэътимод ва муттаҳид карда нашударо истифода мебаранд.
Дар ҷамъомад як қатор камбудиҳои дигар зикр гардида, зарурати суръат бахшидан ба рақамикунонӣ дар тамоми соҳаҳо ва минтақаҳо таъкид гардид.
Дар Стратегияси рушд мақсади ба драйвер табдил додани иқтисодиёти рақамӣ, 2,5 баробар афзун гардондани ҳаҷми хидматҳои технологияҳои иттилоотӣ ва то ба 500 миллион доллар расондани содироти соҳа гузошта шуд.
Сарвари давлат таъкид кард, ки барои ин Ӯзбекистонро бояд ба маркази IT-и минтақавӣ табдил дод.
Супориш дода шуд, ки доираи хидматрасониро пайваста васеъ намуда, ҳаҷми содироти соҳаро то охири соли равон ба 100 миллион доллар расонанд. Вазифа гузошта шуд, ки бештари ширкатҳоро ба IT-паркҳо ҷалб карда, марказҳои хидматрасонии фосилавӣ ташкил карда шаванд. Ба шарофати ин бештар аз 5 ҳазор нафар ҷавонон соҳиби кори баландмузд соҳиб мешаванд.
Дар ҷамъомад инчунин татбиқи лоиҳаҳо дар доираи барномаи “Ӯзбекистони рақамӣ – 2030” таҳлил карда шуд. То охири соли равон 404 лоиҳаи минтақавӣ ва 133 лоиҳаи соҳавӣ ба роҳ монда мешавад.
Ба вазорати оид ба рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия супурда шуд, боз 70 хидматро ба Портали ягонаи хидматҳои интерактивии давлатӣ ворид намояд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии хидматҳо дар портал 376-торо ташкил медиҳад.
Ҳамчунин барои пешниҳоди 50 хидмати дигар, аз қабили расмигардонии нафақа, гирифтани шаҳодатномаҳои шахсӣ ва суғурта иловаҳои мобилӣ таҳия карда мешаванд. Ҳамин тариқ, ин имкон медиҳад, ки шумораи онҳое, ки аз хидматҳои давлатӣ истифода мебаранд, ба 4 миллион нафар расонда шавад.
Масъалаҳои васеъ кардани сети телекоммуникатсия низ дида баромада шуданд. Аз ҷумла, дар соли ҷорӣ насби 6,8 ҳазор стансияҳои нави мобилӣ, пайваст кардани 80 деҳаи дурдаст ба шабакаҳо, то 80 фоиз расондани фарогирии хатҳои оптикии нахӣ, имкони истифодаи интернети мобилӣ дар 60 дарсади роҳҳо ба нақша гирифта шудааст Дар вилояти Тошканд маркази бузурги нигоҳдорӣ ва коркарди маълумот ба кор медарояд.
Оиди ба ширкати баландтехнологӣ табдил додани ҶС «Ўзбектелеком», ки хидмати хушсифатро содир менамояд, соҳиби рейтинги байналмилалӣ шудани он супоришот дода шуданд.
Ба масъалаи таҳкими амнияти киберӣ низ дахл карда шуд. Вазифа гузошта шуд, ки системаҳои иттилоотии ҳамаи вазорату идораҳо аз нуқтаи назари танқидӣ омӯхта, чораҳои зарурӣ дида шаванд.
Афзалияти дигари соҳа рушди илму маориф мебошад.
Имрӯз барои рақамигардонии иқтисодиёт боз 12 ҳазор мутахассисони баландихтисос тақозо мегардад. Ба ин муносибат пешниҳод шуд, ки Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошканд ба кластери илмию таълимӣ табдил дода, дониишгоҳи замонавии IT-парк ташкил карда шавад.
Оид ба масъалаҳои дар ҷамъомад баррасишуда шахсони масъул маълумот доданд.