Артиши миллиамон сол аз сол такмил ёфта, дараҷаи тайёрии қӯшинҳои он ҳам аз ҷиҳати техникӣ ва ҳам аз ҷиҳати тактикӣ баланд мегардад.
Имрӯз хидмат дар сафи Артиши миллӣ орзуи ҳар як ҷавонмарди Ватан мебошад.
Дар Шӯрои марказии ташкилоти кумакрасони «Ватанпарвар»-и Вазорати мудофиа бо ҳамкории Шӯрои ҳарбӣ-ватанпарварии назди Иттиҳоди журналистон таҳти мавзӯи «Инъикоси ҷиҳатҳои ба худ хоси ислоҳоти ҳарбӣ дар матбуот» сӯҳбати «мизи мудаввар» баргузор шуд.
Дар ҷамъомад намояндагони Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати вазъиятҳои фавқулода, курсантҳои Академияи Қувваҳои Мусаллаҳ иштирок намуданд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси Иттиҳоди журналистон Холмурод Салимов таъкид кард, ки Артиши миллии мо ба қисми ҷудонопазири ҷамъият, ба қувваи пешбари ояндаи кишвар табдил гардида, барои дар рӯҳи ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас ва хидматчиёни ҳарбӣ, мустаҳкамкунии мавқеи фаъоли ҳаёти онҳо, баланд бардоштани ҳисси масъулиятнокии шаҳрвандон хидмат менамояд. Ҳифзи Ватан новобаста ба синну сол, касб ва фаъолият вазифаи шарафноки ҳар як шаҳрванд мебошад.
— Ҷанбаҳои мушаххаси инъикоси мавзӯъҳои ҳарбӣ дар матбуот, ҷавононро дар рӯҳи ватандустӣ тарбия кардан, байни халқ ва артиш алоқаи хуб барқарор намудан ва маълумоти холисона ва мукаммал пешниҳод кардан, тавассути матбуот мунтазам инъикос намудани фаъолияти ҳарбиро бояд беш аз пеш такон бахшем, — гуфт мудири кафедраи Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияи оммавӣ Алиҷон Сафаров.
Дар ҷамъомад раиси Шӯрои ҳарбӣ-ватанпарварии назди Иттиҳоди журналистон Аҳрор Очилов таъкид намуд, ки солҳои охир бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани салоҳияти ҷанговаронаи Қувваҳои Мусаллаҳ аз ҷониби Сарвари давлат зиёда аз даҳ қарору фармон имзо шудаанд. Барои баланд бардоштани нуфузи хидмати ҳарбӣ масъалаҳои ҳимояи иҷтимоии аъзоёни оилаи хидматчиёни ҳарбӣ ва собиқадорон ҳаллу фасл мешавад.
Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».