Ҳар як инсон бояд пеш аз ҳама муқаддасотро донад. Инҳо – Ватан, Модар ва забони модарӣ мебошанд. Кӣ дӯст медорад шахсеро, ки ба Ватан хиёнат мекунад? Ин гуна шахс аз маърака дур, ба назар хеле бад менамояд. Ё касеро, ки модари худро дӯст намедорад, кӣ ҳурмат мекунад? Оё мумкин аст, ки модари муштипарро ҳангоми пирию дармондагӣ бе нигоҳубин монем?
Ҳар як инсон бояд пеш аз ҳама муқаддасотро донад. Инҳо – Ватан, Модар ва забони модарӣ мебошанд. Кӣ дӯст медорад шахсеро, ки ба Ватан хиёнат мекунад? Ин гуна шахс аз маърака дур, ба назар хеле бад менамояд. Ё касеро, ки модари худро дӯст намедорад, кӣ ҳурмат мекунад? Оё мумкин аст, ки модари муштипарро ҳангоми пирию дармондагӣ бе нигоҳубин монем?
Мисли ҳамаи инҳо эҳтиром накардани забони модарӣ ҳам бадтарин хиёнат мебошад. Чаро мардум то ин дараҷа аз забони худ рӯй мегардонанд? Онро хору зор мекунанд? Ҳамаи ин аз беэътиборӣ, надонистани таърихи халқи худ, адабиёт ва умуман гузаштагони худ сар мешавад.
Моро аз расмулхати бобоӣ маҳрум намекарданд, шояд аз ҳамзабонони худ дур намешудем. Чӣ дар Эрону Афғонистон ва чӣ дар гӯшаҳои дигари дунё мисли Покистону Чин як қисм мардумон бо забони модарии мо ҳарф мезананд. Пас чаро мо аз ин забон рӯ гардонем?
Агарчи дар миқёси васеъ набошад ҳам, дар доираи мактаб тадбирҳое бояд гузаронем, ки хонандагон донанд.
Дар тадбири забони модарӣ пеш аз ҳама хонандагон саф ороста, сурудеро дар васфи забон хонда ба саҳна мебароянд. Пас мақсади тадбир баён карда мешавад. Аз таърихи забони форсӣ, оила ва гурӯҳи он маълумот дода мешавад.
Пас хонандагон порчаҳои шеъриро бо навбат қироат мекунанд. Суруде иҷро мегардад. Саҳначае аз носипосии соҳибзабонон намоиш дода мешавад. Агар аз китоби: “Доғистони ман”-и нависандаи маъруф Расул Ғамзатов порчаеро интихоб ва намоиш дода шавад, хуб мешуд.
Беҳтарин суханҳо дар ситоиши забони модарӣ гуфта мешавад. Дар қисмати охирин барои ҷалб кардани тамошобинон, яъне хонандагони дигар қисмати саволу ҷавоб низ гузаронда мешавад. Онҳоеро, ки ба саволҳо ҷавоби дуруст медиҳанд, рағбатнок кардан мувофиқи мақсад аст.
Омили дигаре, ки хонандагон ва умуман ҷомеаро ба забономӯзӣ ҳидоят мекунад, матбуоти даврӣ мебошад. Замоне аз Тоҷикистон рӯзномаҳои бисёре дастраси мардум мешуд. Калимаҳои навро маҳз дар матбуоти даврӣ дучор мешавед. Лекин он рӯзномаҳо ҳоло дастраси мо нестанд. Лекин шукр рӯзномаҳои тоҷикии “Овози тоҷик”, “Ховар”, “Овози Самарқанд”, “Садои Сӯх” ва якчанд саҳифаҳои тоҷикии рӯзномаҳои ноҳиявӣ ҳастанду ба забони модариамон онҳоро мутолаа мекунем. Лекин адади чопи онҳоро дида, ба ростӣ, диламон хира мешавад. Ҳатто адади баъзеашон ба ҳазор нусха ҳам намерасад. Мо бо ин аҳвол ин рӯзномаҳоро чӣ гуна аз хатари нестшавӣ ҳифз менамоем. Дуруст, обунаи маҷбурӣ ҳанӯз ҳам муштариёнро асабонӣ мекунад, вале гап дар сари рӯзномаҳои тоҷикӣ, ки рафт мо бояд худшинос шавему нисбати тақдири онҳо бефарқ набошем. “Қавме, ки рӯзнома надорад, забон надорад” гуфтани Устод Айнӣ дар айни замон низ мавриди тафаккуру андешаи мо бояд гардад. Рӯзномаҳои тоҷикии мо, ки нишоне аз забони ноби мост, набояд аз беэътибории соҳибонаш дар дами ҳалокат бошад. Аз ин рӯ, ҳама мардуми ҳимматбаландамонро барои дастгирии рӯзномаҳои тоҷикӣ даъват месозам.
Хадича ҲАКИМОВА,
омӯзгори мактаби рақами 67-уми ноҳияи Сариосиё.