Вазифаи ВАО дар тарғиби барномаи давлатӣ

Дар давлате, ки қадри инсонро гиромӣ дошта, манфиатҳои ӯро воло медорад, пешравӣ ва тараққиёт беш аз пеш меафзояд.

Ӯзбекистони Нав дар асоси тамоюли “Барои шаъну шарафи инсон” барпо мегардад. Таъсири воситаҳои ахбори оммавӣ, ки оинаи давр ба ҳисоб меравад, дар ҷамъият ва ҳаёти инсон торафт пурзӯр мегардад. Аз ҳама муҳимаш, дар ин оина истиқболи мамлакат пурра акс ёфтааст. 
Имрӯзҳо фармони Президент “Дар бораи стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026” аз 28 январи соли 2022, мавриди эътибори аҳли ҷомеа гардидааст. Дар нишасти матбуотие, ки бо ташаббуси Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон дар Маркази матбуоти миллӣ баргузор гардид, дар ҳамин хусус сухан рафт. 
Дар он аъзои Сенати Олий Маҷлис, ходимони масъули вазорат ва идораҳо, омӯзгорони Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияи оммавии Ӯзбекистон, журналистони собиқадор ва ҷавон иштирок карданд. 
– Дар натиҷаи ислоҳот дар тӯли панҷ соли охир дар мамлакат асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, илмию маърифатӣ, ки барои Ӯзбекистони Нав заруранд, ба вуҷуд оварда шуданд. Қариб 300 қонун, беш аз 4 ҳазор қарори Президент қабул шуданд, ки ба куллан ислоҳ намудани тамоми соҳаҳои ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ нигаронда шудаанд, – иброз намуд раиси Иттиҳоди эҷодии журналистон О. Ӯсаров. – Дар фармон ”Дар бораи стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022—2026” нақша ва вазифаҳои панҷсолаи тамоми соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷамъият нишон дода шудааст. 
Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки баҳри мақсад ва моҳияти стратегияи рушди Ӯзбекистони Навро тарғибу ташвиқ намудан ва ба аҳолӣ фаҳмондани он дар назди ВАО вазифаи муҳим меистад. Ҳар як намояндаи воситаҳои ахбори оммавӣ навгонӣ, пешравӣ, камбудиву хатоҳои ҳар як соҳаи иқтисодиёти мамлакат: тандурустӣ, таълими халқ, саноат, нақлиёт, соҳибкорӣ ва ғайраро сари вақт бояд бо шаффофият, ошкороӣ ба ҷомеаи васеъ расонад.
Чорабинӣ бо саволу ҷавоб ва баҳсу мунозираи иштирокдорон ба поён расид. 

С.БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: