Таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев 30 декабр оид ба масъалаҳои таъмини устувории кори соҳаҳои иқтисодиёт ва коммуналӣ дар соли оянда ҷамъомади видеоселекторӣ ба амал омад.
Таъкид шуд, ки сарфи назар аз душворию мушкилоти соли ҷорӣ дар иқтисодиёт динамикаи мусбат ба даст оварда шуд. Аз ҷумла, дар соли ҷорӣ афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7 фоиз, саноат 9,5 фоиз, ҳаҷми хизматрасонӣ 9,5 фоиз, сохтмон 6 фоиз, кишоварзӣ 4 фоизро ташкил дод. Сатҳи инфлятсия аз 10 фоиз поён ба қайд гирифта шуд.
Ҳаҷми содирот 16,5 миллиард долларро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта тақрибан ба 1,3 миллиард доллар афзуд. 318 лоиҳаи калон ва 14 ҳазор лоиҳаи минтақавӣ ба маблағи умумии 12,4 миллиард доллар оғоз гардид. Шароити зиндагонии аҳолии аз ҷиҳати иҷтимоӣ ночор беҳтар гардид.
Дар ҷамъомад вазифаҳои таъмини афзоиши устувори иктисодиёт дар соли оянда низ муайян карда шуданд. Аз ҷумла, ба мақсади таъмини афзоиши МУД ва саноат ба беш аз 7 фоиз, зиёд гардондани ҳаҷми хидматрасонӣ ба 30 фоиз ишора гардид.
Сарвари давлат зарурати аз оғози соли нав ба роҳ мондани кори мунтазами тамоми соҳаҳо ва минтақаҳо, фароҳам овардани заминаи мустаҳкамро барои расидан ба ин ҳадафҳо таъкид гардид.
Оид ба ташкил кардани ба бозорҳо муътадил интиқол додани намудҳои асосии маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар моҳҳои зимистон барои фаровонии дастархони аҳолӣ вазифа гузошта шуд.
Аҳамияти кори босуботи низомҳои таъминоти барқ, газ, гармӣ, хоҷагии коммуналӣ, нигаҳдории тандурустӣ ва бехатарии сӯхтор таъкид шуд.
Инчунин оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти соҳаҳои хидматрасонии тиббӣ, ҷамъиятӣ, зидди сӯхтор ва бехатарии роҳ дастурҳо дода шуданд.