ВАЗИФАҲО БОБАТИ ЗИЁД КАРДАНИ ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ КАРБОГИДРИД МУАЙЯН ШУДАНД

6 феврал Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бахшида ба баррасии самарабахшии саноати нафту газ, вазифаҳое, ки соли равон бинобар зиёд кардани ҳаҷми истихроҷи гази табиӣ ва карбодгидридҳои моеъ истодаанд, машварат баргузор кард.

Тавре ки маълум аст, саноати нафту газ нафақат барои таъмин кардани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодиёт бо захираҳои энергетикӣ, балки ҳамчун ашёи хом барои истеҳсоли бисёр хелҳои маҳсулот муҳим мебошад. Вобаста ба ин бобати тағйироти амиқи сохторӣ ва баланд бардоштани  рақобатбардории соҳаи мазкур ва умуман соҳаи энергетика, ҳамчунин геология барномаҳо татбиқ мегарданд.
Аз ҷумла низоми идоракунӣ дар ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекнефтегаз» ва дар таркиби он ҷамъиятҳои саҳҳомии «Ӯзтрансгаз» ва «Ҳудудгазтаъминот» ҳамчун созмонҳои алоҳидаи мустақил, аз нав таъсис ёфтанд. 
Мувофиқи қарори роҳбари давлат «Дар бораи чораҳои такмил додани низоми ташкил ва баргузор кардани корҳои ҳафриёти геологӣ барои нафт ва газ» аз 18 ноябри соли 2019 тамоми шароити зарурии ташкиливу молиявӣ барои кашф кардани конҳои нав, мустаҳкам намудани пойгоҳи карбогидрид мушаххас карда шуданд. 
Президент Шавкат Мирзиёев дар Муроҷиатномааш ба Олий Маҷлис таъкид сохт, ки дар соҳаи нафту газ бояд бо ҷалби коршиносони хориҷӣ самаранокии идораи корхонаҳои давлатӣ баланд бардошта, харҷҳо кам шаванд, қарздории мавҷуда коҳиш ёбад. Ба зиммаи ҳукумати навтаъсис дар самти мазкур вазифаҳои бартаринок гузошта шуданд. 
Дар машварат чораҳои рӯзмаррае, ки бояд соли равон дар соҳаи нафту газ татбиқ шаванд, баррасӣ гардиданд.
Бо вуҷуди фароҳам овардани шароит ҳанӯз мавҷуд будани мушкилоти мунтазаме, ки ба рушди соҳаҳои дигар таъсири манфӣ мерасонанд, қайд гардид. 
– Ҳамаи мо бояд як чизро дарк намоем. Тӯли се соли охир мо барои аз байн бардоштани камбудиҳои соҳа бисёр чораҳо андешидем. Вале, агар натиҷаҳоро таҳлил кунем, хоҳем дид, ки талаботи аҳолӣ ва соҳибкоронро  бо нафт, газ, энергияи электр мунтазам ва пурра таъмин карда наметавонем. Бинобар ҳамин ҳам бояд ба ҳар кадом масъала эътибори ҷиддӣ дода, дар пояи муносибатҳои нав кори самарабахш ба роҳ монда шавад. Агар мо ин вазифаҳоро сари вақт иҷро накунем, наметавонем ба мақсадҳое бирасем, ки дар соҳаи иқтисодиёт пешбинӣ намудаем, – гуфт роҳбари давлат.
Нокифоягии корҳо бинобар бозсозии корхонаҳо, дар таъминоти газ роҳ додан ба талафоти зиёд ва  номураттабӣ таъкид шуд. 
Барои таъминоти мунтазами соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолӣ бо гармӣ ба зиммаи Вазорати энергетика вазифаи соли равон нисбати соли 2019-ум беш аз 4 миллиард метри мукааб зиёд кардани истеҳсоли гази табиӣ гузошта шуд. Бинобар коҳиш додани талафоти технологӣ ва аз байн  бардоштани номураттабӣ дар истеҳсолот супоришот дода шуданд.
Роҳбари давлат зарурати ҷалби ширкатҳои байналхалқии консалтингиро ба фаъолияти идораи лоиҳасозӣ бинобар ислоҳкунии соҳаи нафту газ, ба роҳ мондани ҳаҷми музди меҳнати роҳбарони корхонаҳо бо нишондиҳандаи асосии самаранокӣ (KPI) таъкид кард. Супориш дода шуд, ки дар тамоми корхонаҳо комплеанс – назорати зиддикоррупсионӣ ҷорӣ карда шавад.
Ба ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекнефтегаз» супурда шуд, ки ҳолати ҳар кадом конро аз нуқтаи назари танқидӣ таҳлил кунад ва зиёд кардани ҳаҷми истихроҷи газро таъмин намояд. 
Зарурати анҷом додани татбиқсозии 3 лоиҳа оид ба сохтмон ва бозсозии воситаҳои ҷудокунии омехтаҳои пропану бутан ба мақсади қонеъ сохтани талаботи аҳолӣ ба гази моеъ зикр шуд.
Ҷараёни сохтмони завод оид ба истеҳсоли сӯзишвории моеи синтетикӣ (GTL) дар пойгоҳи Маҷмӯи газу кимиёи Шӯртан баррасӣ гардид. Бобати дар корхонаҳои соҳа ҷорӣ кардани низоми «кони рақамӣ» ва автоматикунонии идораи хоҷагиву ҳисобу китоби захираҳо супоришот дода шуданд. 
Ба зиммаи ҷамъиятҳои саҳҳомии «Ӯзтрансгаз» ва «Ҳудудгазтаъминот» вазифаи то моҳи июли соли равон вобаста кардани 2,5 ҳазор истеъмолгарони азим ба ҳисобу китоби онлайни истеъмоли гази табиӣ гузошта шуд. Зарурати дар доираи автоматикунонии назорат ва ҳисобу китоби истеъмол гузоштани ҳисобкунакҳои замонавии электронии газ нисбати на камтар аз 2 миллион истеъмолгар таъкид шуд.
Шахсоне, ки ба ҳарчи зудтар татбиқ намудани чораҳои дар машварат муҳокимагардида масъул мебошанд, муайян карда шуданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: