Вазифаҳо дар соҳаҳои иҷтимоӣ муайян карда шуданд

  • Вазифаҳо дар соҳаҳои иҷтимоӣ муайян карда шуданд
  • Вазифаҳо дар соҳаҳои иҷтимоӣ муайян карда шуданд
  • Вазифаҳо дар соҳаҳои иҷтимоӣ муайян карда шуданд
  • Вазифаҳо дар соҳаҳои иҷтимоӣ муайян карда шуданд
  • Вазифаҳо дар соҳаҳои иҷтимоӣ муайян карда шуданд
  • Вазифаҳо дар соҳаҳои иҷтимоӣ муайян карда шуданд

Президент Шавкат Мирзиёев роҳбарони ба соҳаҳои иҷтимоӣ масъулро қабул кард.

Мувофиқи Фармони сарвари давлатамон аз 21 декабри соли 2022 “Дар бораи чораҳо оид ба татбиқи ислоҳоти маъмурии Ӯзбекистони Нав” низоми ихчам ва самарабахши идоракунӣ ҷорӣ карда мешавад. Дар марҳалаи аввал вазоратҳо ислоҳ карда мешаванд.

Аз ҷумла, аз рӯи тамоюли ба ҳам наздик будани соҳаҳои дахлдор Вазорати таълими олӣ, илм ва инноватсия, Вазорати  таълими томактабӣ ва мактаб, Вазорати сиёсати ҷавонон ва варзиш, Вазорати фарҳанг ва сайёҳӣ, Вазорати нигаҳдории тандурустӣ ташкил карда шуданд.

Президент дар Муроҷиатномаи худ ба халқи Ӯзбекистон ба бунёди «давлати иҷтимоӣ» диққати махсус дод. Давлати иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, имкониятҳои баробар барои амалӣ гардондани неруи инсонӣ, фароҳам овардани шароити зарурии ҳаёти шоистаи одамонро дорад. Ин тақозо менамояд, ки сиёсати давлатӣ дар соҳаи маорифу тандурустӣ, илму фарҳанг ва ҷавонон босифат амалӣ карда шавад.

Дар ҷамъомад вазифаҳои аввалиндараҷа дар ин самтҳо баррасӣ шуданд.

Насли босаводу солим неруи асосие мебошад, ки кишвар ва ислоҳотро пеш мебарад. Аз ин рӯ, тамоми зинаҳои системаи таълим ислоҳ карда ва пайваста инкишоф меёбанд. Дар солҳои охир бисёр кӯдакистону мактабҳо сохта шуданд. Донишгоҳҳои нав ташкил карда шуданд. Шумораи хонандагон дар мактабҳо ва фарогирӣ  ба мактабҳои олӣ афзуд. Ҳоло ба сифат таваҷҷуҳи асосӣ дода мешавад.

Соли 2022 аз 386 000 хатмкунандагони мактабҳо 137 000 нафарашон ба мактабҳои олӣ, 20 000 нафар ба коллеҷҳо ва техникумҳо дохил шуданд. Аммо 50 дарсади хатмкунандагон бе ягон касб вориди бозори кор шудаанд.

Дар шароити рақобати шадиди ҷаҳон худи ҳаёт омода намудани мутахассисони соҳибихтисос, ба талаботи тағйирёбандаи бозори меҳнат мутобиқ намудани ҷавононро тақозо мекунад. Аз ин рӯ, аз соли 2023 ба мактаббачагон омӯзондани камаш ду забони хориҷӣ ва як касб вазифаи аввалиндараҷаи Вазорати таълими томактабӣ ва мактаб мегардад.

Бинобар ин, системаи таҳсилоти олӣ низ бояд тағйир ёбад. Ба ин муносибат оид ба ислоҳсозии фаъолияти донишкадаю донишгоҳҳо, тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисос, вусъат додани интегратсияи илму истеҳсолот супоришҳо дода шуданд.

Дар солҳои охир музди меҳнати олимон 4,5 баробар афзуд. Имсол барои илму инноватсия 1,8 триллион сӯм ҷудо карда шудааст. Таъкид шуд, ки аз ин имконият самаранок истифода бурда, дар чунин самтҳои серталаб, монанди сарфаи обу энергия, маҳсулдеҳии хок ва ҳосилнокии зироат, геология, саноат, сохтмон заминаи илмӣ-назариявӣ ба вуҷуд овардан зарур аст.

Ба масъалаи дар рӯҳи маданияти баланд тарбия намудани насли наврас низ дахл карда шуд. Аҳамияти рушди театр, мусиқа ва кино, ҳифзи санъати мақом ва бахшӣ қайд гардид. Дар бобати дар сатҳи байналмилалӣ васеъ тарғиб намудани фарҳанг  ва ҷойҳои ҷолиби диққати табиии мамлакатамон, беҳтар намудани шароит барои сайёҳон вазифаҳо гузошта шуданд.

Дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ мушкилоти зиёде ҳалли худро интизоранд. Имрӯз 56 дарсади аҳолӣ вазни зиёдатӣ доранд, 30 дарсади шаҳрвандон гирифтори бемориҳои музмин мебошанд. Ба ин муносибат ҷунбиши умумимиллии «Хӯрокхурии дуруст ва тарзи ҳаёти солим» ташкил карда мешавад.

Оид ба баланд бардоштани сифати хидматрасонии тиббӣ аз ҳисоби ҷорӣ кардани таҷрибаи пешқадами хориҷӣ дар таълими тиббӣ, рақамисозии низом ва ба роҳ мондани суғуртаи тиббӣ супоришот дода шуд. Аҳамияти ба куллӣ коҳиш додани фавти бармаҳал аз бемориҳои онкологӣ, дилу рагҳо ва эндокринӣ таъкид шуд.

Дар ҷамъомад вазирон доир ба масъалаҳои ташкили самараноки фаъолият ва татбиқи самтҳои афзалиятноки вазоратҳои худ маълумот доданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: