Вазифаҳо оид ба паст намудани нархи масолеҳи сохтмон муайян гардиданд

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 14 май бахшида ба вазифаҳои муҳими минбаъд равнақ додани саноати масолеҳи сохтмон ҷамъомад баргузор намуд.

Дар солҳои охир дар мамлакатамон миқёси корҳои бунёдкорӣ васеъ гардида, садҳо иморатҳои нав, корхонаҳои бузурги саноатӣ, муассисаҳои маданият ва варзиш, роҳ ва пулҳо бунёд гардиданд.
Ҳамин тариқ дар ду соли охир ҳаҷми корҳои сохтмон ба 1,7 баробар афзуд. Ҳамзамон асосан масолеҳи сохтмони истеҳсоли ватанӣ истифода мегарданд. Ҳамзамон кошиҳои сафолӣ ва чӯбкорӣ, шиша, гулкоғаз ва дигар масолеҳ ворид мегардад. Дар айни замон дар мамлакатамон имконоти васеъ барои вусъат бахшидани истеҳсоли масолеҳи замонавии ватанӣ ва ҷойпур намудани масолеҳи хориҷӣ вуҷуд дорад.
– Имрӯз дар шароити хеле афзоиш ёфтани ҳаҷми бунёдкорӣ, саноати масолеҳи сохтмон соҳаи пешқадам бояд бошад, ки ҳамзамон он яке аз омилҳои рушди иқтисодиёт гардад. Аз тариқи татбиқи технологияи сарфакунандаи энергия дар корхонаҳо сарфа намудани боигарии табиии ватанӣ ва паст намудани нархи масолеҳ имкон дорад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Дар ҷамъомад вазифаҳои муҳим дар заминаи афзоиши истеҳсоли масолеҳи сохтмон ба ҳадди ақалл ба 2 баробар дар зарфи панҷ соли оянда муайян карда шуд. Бояд азхуднамоии конҳои ғайримаъдан, роҳандозии азнавкоркарди саноатии масолеҳ ва диверсификатсияи соҳаро ба амал татбиқ намуд.
Президент ба масъалаҳои мунтазам таъмин намудани корхонаҳои соҳа бо энергияи арзон эътибор нигаронд. Дар мисоли корхонаи хиштсозӣ, ки бо ангишт кор мекунад, таъкид гардид, ки нархи аслии маҳсулотро то 50 фоиз арзон намудан мумкин аст. Таъкид гардид, ки корбурди чунин технологияи замонавӣ барои сарфа намудани гази табиӣ ва арзон намудани маҳсулот имкон медиҳад. Ин ҳам барои соҳибкор ва ҳам халқ ва давлат муфид аст.
Бино бар ин супоришҳо доир ба татбиқи технологияи сарфакунанди энергия дар соҳаи масолеҳи сохтмон, коҳиш додани нархи аслии маҳсулот дода шуд.
Саноати масолеҳи сохтмони ватанӣ молики зарфияти бузурги содиротӣ аст. Аммо харҷи баланди нақлиётӣ ба нархи амвол таъсир мерасонад. Бино бар ин пешниҳод гардид, ки харҷи кашондани амволи хориҷшаванда субсид карда шавад.
Соли ҷорӣ дар Қароқалпоқистон, вилоятҳои Сурхондарё, Андиҷон ва Навоӣ 4 корхонаи истеҳсоли семент бо иқтидори истеҳсолии ҳар яке  2 миллион тонна ба кор шурӯъ намуд. То охири сол корхонаҳои нав бо иқтидори 3,5 миллион тонна ба баҳрабардорӣ супурда шуда, зарфияти умумии истеҳсоли семент то 15 миллион тонна расонда мешавад. Таъкид ёфт, ки  ин барои сарпур намудани эҳтиёҷи дохилӣ мусоидат намуда, нархи сементро поён меорад.
Дар зарфи солҳои 2019-2020 дар соҳа ба амал татбиқ намудани беш аз 1000 лоиҳа ба миқдори 17 триллион сӯм ба нақша гирифта шудааст. Дар заминаи ҷудо намудани кредити бонкҳои тиҷоратӣ ва фаъолона ҷалб намудани сармояҳои хориҷӣ барои ин лоиҳаҳо супоришҳо дода шуд. Масъалаи татбиқи ба сармоягузорони оянда фурӯхтани корхонаҳои камфоида баррасӣ гардид.
Барои рушди минбаъдаи саноати масолеҳии сохтмон мутахассисони баландмалака заруранд. Аммо   квотаҳо дар муассисаҳои таълими олӣ ба эҳтиёҷи рӯзафзуни кадрҳо мувофиқат намекунад. Байни ҷараёни таълим ва таҷриба алоқа вуҷуд надорад.
Дар ҷамъомад ба ногузирии афзоиши квотаи буҷавӣ дар заминаи касбҳои соҳа, комилан таҷдиди назар намудани тартиби ташкили таҷрибаи таълим дар корхонаҳо, ташкили марказҳои бозомӯзӣ аз рӯи технологияи нав дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои хориҷӣ ишора гардид.
Шахсони масъул дар бобати масъалаҳои баррасинамудаи ҷамъомад ҳисобот пешниҳод намуданд.
ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: