Вазифаҳо оид ба рушди металлургия муайян шуданд

  • Вазифаҳо оид ба рушди металлургия муайян шуданд
  • Вазифаҳо оид ба рушди металлургия муайян шуданд
  • Вазифаҳо оид ба рушди металлургия муайян шуданд
  • Вазифаҳо оид ба рушди металлургия муайян шуданд
  • Вазифаҳо оид ба рушди металлургия муайян шуданд
  • Вазифаҳо оид ба рушди металлургия муайян шуданд
  • Вазифаҳо оид ба рушди металлургия муайян шуданд
  • Вазифаҳо оид ба рушди металлургия муайян шуданд

Дар комбинати маъдани кӯҳии Ӯзбекистон 12 август оид ба масъалаҳои рушди металлургия ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.

Комбинати мазкур солҳои дароз корхонаи ягонаи маъдани сиёҳ дар кишварамон ба ҳисоб мерафт. Дар натиҷаи ислоҳоти солҳои охир 200 корхонаи нав созмон дода шуданд. Дар онҳо беш аз 25 ҳазор нафар меҳнат мекунанд. Танҳо соли гузашта дар соҳа 16 триллион сӯмина маҳсулот истеҳсол карда шуд. Истеҳсоли чӯян ва маснуоти оҳан 1,8 баробар афзуда, аз 2 миллион тонна гузашт.

Дар баробари ин миқёси корҳои созандагӣ ва индустриякунонӣ меафзояд. Имрӯз дар тамоми соҳаҳо 4 миллион тонна маъдани сиёҳ дар як сол истифода мешавад. Аз ҷумла, дар арзиши аслии сохтмони манзил ҳиссаи хароҷот ба маснуоти металлӣ 15 фоиз, дар мошинсозӣ 40 фоизро ташкил медиҳад.

Бинобар ҳисобу китоб то соли 2026 талаботи иқтисодиёти кишварамон ба маъдан тақрибан ба 6 миллион тонна мерасад. Ба ғайр аз ин, вазъи душвори иқтисоди ҷаҳонӣ, шикастани занҷирҳои логистикӣ барои фаъолияти корхонаҳои бузурги металлургӣ мушкилот эҷод мекунанд.

Сарвари давлатамон қайд намуд, ки ба ин мақсад танҳо тавассути рушди босуръати истеҳсолоти металлургии худӣ ноил шудан мумкин аст. Ба ин муносибат чор вазифаи асосӣ муайян карда шудааст.

Якум – кафолатнок бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои металлургӣ. Дуюм – ҳавасмандгардонии созмон додани корхонаҳои маҳсулоти металлургӣ дар тамоми минтақаҳо. Сеюм – истеҳсоли конструксияҳои маъдани замонавӣ барои истеҳсолот, ки арзиши иловагиро ба вуҷуд меоварад. Чорум – тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисос, рушди илм ва инноватсия.

Мушовири сарвазир Б.Исломов қайд кард, ки захираи маъдани оҳан дар кишвари мо 1 миллиарду 200 миллион тоннаро ташкил медиҳад.

Вай дар бораи корҳое, ки дар конҳои нав, аз он ҷумла кони Тебинбулоқи ноҳияи Қораӯзак ба ҷо оварда шудаанд, ҳисобот дод.

Зарурати рушди корхонаҳои соҳа ва ташкили кластерҳо дар пойгоҳи саноатии онҳо қайд гардид.

Президент бо роҳбарони чунин корхонаҳо дар минтақаҳо суҳбат кард. Ба шахсони масъул дастур дод, ки пешниҳодҳои онҳоро дар мавриди озод кардани ашёи хоми маъдан ва таҷҳизот овардашаванда, ки дар Ӯзбекистон истеҳсол намешаванд, аз боҷи гумрукӣ, сода гардондани додани раводиди корӣ ба мутахассисони соҳибихтисоси хориҷӣ мавриди омӯзиш қарор диҳанд.

Бинобар самти сеюм вазифаи дар соли оянда маҳаллигардонии маҳсулот ба маблағи 500 миллион доллар гузошта шуд. Шахсони масъул гузориш доданд, ки барои ин 204 пешниҳоди лоиҳавӣ таҳия шудааст. Муайян карда шуд, ки барои дастгирӣ намудани ин самт аз ҷониби корхонаҳои давлатӣ хариди маҳсулоти кафолатноки нави маҳаллӣ ба роҳ монда мешавад.

Ба мақсади рушди таълим ва илм дар соҳа сарвари давлат пешниҳод намуд, ки дар назди «Ӯзмедкомбинат» Маркази илмии металлургӣ, дар Донишгоҳи геологӣ лабораторияи илмии маъданҳои сиёҳ созмон дода, дар донишгоҳҳои кӯҳию технологии Навоӣ ва техникии Тошканд паркҳои технологӣ кушода шаванд.

Ҳамчунин зарурати такмили ихтисоси мутахассисони ҷавон дар ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ ва марказҳои инҷинирингӣ таъкид гардид.

Дар ҷамъомади видеоселекторӣ ҳокимони вилоятҳо, ҷамоаҳои комбинатҳои маъдани кӯҳӣ, соҳибкорон ва шарикони хориҷӣ иштирок карданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: