ВАЗИФАҲО ОИД БА ТАЪМИН КАРДАНИ РУШДИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДӢ МУАЙЯН ШУДАНД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бахшида ба баррасии натиҷаҳои рушди иқтисодии барои соли ҷорӣ пешбинишудаи мамлакатамон, муайян намудани вазифаҳои асосӣ оид ба таъмин кардани рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дар соли 2020 ҷамъомад баргузор намуд.

Дар ҷамъомад чораҳое, ки бояд то охири сол дар муддати кӯтоҳ амалӣ гарданд, баррасӣ шуданд. Аз ҷумла, оид ба сафарбар намудани захираҳои мавҷудаи корхонаҳои соҳа, баланд бардоштани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, бартараф намудани қарздории андози корхонаҳои бузурги соҳаҳои нафту газ, электроэнергия, саноати кимиё вазифаҳо муайян шуданд. 
Ҳолати кор оид ба азхуд намудани сармояҳо таҳлил гардиданд. Таъкид гардид, ки аз рӯйи 31 лоиҳа ҷараёни мазкур аз ҷадвал қафо мондааст, ҳашт лоиҳаи минтақавӣ бесамар эътироф шуданд.
Дар ҷамъомад ба таъмин кардани татбиқи пешгӯйиҳои асосии иқтисодӣ барои соли 2020 эътибори алоҳида дода шуд. Масалан, дар соли оянда ба 5,5 фоиз баланд бардоштани ҳаҷми маҳсулоти умумии дохилӣ, 6,5 фоиз – истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, 4 фоиз – маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин 5,7 фоиз зиёд гардондани ҳаҷми хидматрасонӣ ба назар гирифта шудааст. 
Ба Вазорати иқтисодиёт ва саноат, Вазорати молия ва Бонки марказӣ супурда шуд, ки ба хавфҳое, ки эҳтимоли дар муваффақ гардидан ба ин нишондиҳандаҳо ба миён омаданаш ҳаст, аз ҳозир баҳои дуруст дода, фаъолияти тамоми идораҳои самти мазкурро мувофиқ гардонанд. 
Президент Шавкат Мирзиёев зикр намуд, ки  дар кишоварзӣ  захираҳои бузург мавҷуд мебошанд, ки ба кор андохтани онҳо рушди саноати бофандагӣ, хӯрокворӣ ва чарму пойафзор, соҳаҳои азнавкоркардро метезонад. Ахбори шахсони масъул дар бораи чорабиниҳое, ки бояд соли оянда дар доираи Стратегияи рушди кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2020-2030 амалӣ гардонда шаванд, шунида шуд. 
Муҳим будани афзун гардондани истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз ҳисоби рушди устувори саноат, пеш аз ҳама, соҳаҳои маъдан, нафту газ, истихроҷи ангишт, кимиё, саноати масолеҳи бинокорӣ ва автомобилсозӣ қайд гардид. 
Ба зиммаи Вазорати иқтисодиёт ва саноат вазифаи фароҳам овардани шароит барои кори самарабахши соҳаҳои иқтисодиёт ва замина барои кори устувор  гузошта шуд. 
Дар ҷамъомад ба омилҳое, ки дар ҷаҳон таҳти таъсири муқобилати гуногуни иқтисодӣ ба миён меоянд, эътибори алоҳида дода шуда, ба ин муносибат сарвари давлатамон таъкид намуд, ки соли оянда соли мураккаб ва озмоишҳои ҷиддӣ хоҳад гардид. Бинобар андешидани чораҳои зарурӣ бобати нисбат ба нишондиҳандаҳои соли ҷорӣ камаш ба 20 фоиз таъмин кардани афзун гардондани ҳаҷми содироти маҳсулот ва хидматрасонӣ супоришот дода шуд. 
Масъалаҳои бо молҳои озуқаворӣ фаровон гардондани бозорҳои дохилӣ ҳамаҷониба баррасӣ гардиданд.  Бинобар пешгирӣ намудани беасос баланд гардидани нархи маҳсулоти озуқаворӣ, таҳти назорат гирифта шудани ҳаракати маҳсулот бо пурра фаро гирифтани  ҷараёни тайёркунӣ, азнавкоркард ва фурӯш дар бозор масъулҳо муайян шуданд.
Вазифаи сари вақт татбиқ намудани 201 лоиҳаи ба нақшагирифташудаи сармоягузорӣ, инчунин коркарди лоиҳаи Барномаи сармоягузорӣ барои солҳои 2020-2022 гузошта шуд.
Дар соли оянда созмон додани қариб 400 ҷойи нави корӣ аз ҳисоби амалӣ гардондани лоиҳаҳои минтақавии сармоягузорӣ ва ташкил кардани субъектҳои нави тиҷорати хурд ба нақша гирифта шудааст. Ба шахсони масъул бобати ба роҳ мондани кори низомноки самтҳои мазкур супориш дода шуд.
Аз рӯйи масъалаҳои дар ҷамъомад баррасигардида ҳисобот шунида шуда, чораҳои зарурӣ муайян гардиданд. 

ӮзА.

ВОХӮРӢ ДАР СЕНАТИ ОЛИЙ МАҶЛИС
Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, раиси Комиссияи миллӣ оид ба акси амал бар зидди савдои одам ва меҳнати маҷбурӣ Танзила Норбоева 12 декабр бо ҳайати иборат аз намояндагони Департаменти давлатӣ ва Вазорати меҳнати ИМА вохӯрд.
Ҳайати вакилон дар тӯли якчанд рӯз ба минтақаҳои мамлакат ташриф оварда, бо корҳо оиди акси амал бар зидди савдои одам ва меҳнати маҷбурӣ шинос шуданд. 
Дар вохӯрӣ оиди ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар соҳаҳои акси амал бар зидди савдои одам ва меҳнати маҷбурии Ӯзбекистон гузаронда мешаванд, мубодилаи афкор ба амал омад. Аз ҷумла, сухан дар бораи такмил додани қонунгузории миллӣ ва ҷараёни бо андозаҳои байналхалқӣ мувофиқ гардондани он рафт. Таъкид гардид, ки дар асоси тавсияи созмонҳои байналхалқӣ, Департаменти давлатии ИМА «харитаи роҳ» таҳия гардида, ба ҳаёт татбиқ мегарданд. 
Ба меҳмонон дар бораи Комиссияи миллӣ оид ба акси амал бар зидди савдои одам ва меҳнати маҷбурӣ, фаъолияти институти маърӯзачии миллӣ маълумот дода шуд. Инчунин, дар бораи низоми идора, асосҳои ҳуқуқии кори зеркомиссияҳои минтақавӣ, ки ба мақсади роҳ надодан ба савдои одам ва меҳнати маҷбурӣ таъсис дода шудаанд, нақл карданд.
Таъкид гардид, ки ба мақсади муайян намудани механизми идентификатсияи қурбониёни савдои одам мувофиқи андозаҳои байналхалқӣ, ҷорӣ кардани механизми миллии ба ҳаёти пурҷӯшу хурӯш баргардондани онҳо аз ҷониби комиссияи миллӣ лоиҳаҳои қонун «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи акси амал бар зидди савдои одам» ва «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» коркард шуданд. Дар лоиҳаҳои қонун меъёрҳои ҷавобгарӣ барои роҳ додан ба меҳнати бачагона ва маҷбурӣ муайян шудаанд. Ҳангоми тайёр кардани ҳуҷҷатҳо пешниҳоди созмонҳои байналхалқӣ, инчунин Департаменти давлатии ИМА ба назар гирифта шуданд. 
Дар навбати худ, ҳайати ИМА ба корҳое, ки дар Ӯзбекистон оид ба акси амал бар зидди менати маҷбурӣ амалӣ мегарданд, баҳои баланд дод. 
Дар рафти мулоқот ба саволҳои мавриди таваҷҷӯҳи ҳайати ИМА ҷавобҳои муфассал дода шуда, масъалаҳои ҳамкорӣ дар акси амал бар зидди савдои одам ва меҳнати маҷбурӣ баррасӣ гардиданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: