26 октябр Президент Шавкат Мирзиёев бахшида ба вазифаҳои бартариноки трансформатсияи корхонаҳои электроэнергетикӣ машварат баргузор кард.
26 октябр Президент Шавкат Мирзиёев бахшида ба вазифаҳои бартариноки трансформатсияи корхонаҳои электроэнергетикӣ машварат баргузор кард.
Барои дигаргуниҳои мунтазами соҳаи мазкур Фармони сарвари давлат «Дар бораи чораҳои куллан такмил додани низоми идораи соҳаҳои гармиву энергетикии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» аз 1 феврали соли 2019 нуқтаи муҳим гардид. Мувофиқи ҳуҷҷат Вазорати энергетика бо ҷудо кардани вазифаҳои маъмуриву тиҷоратии идораи соҳа таъсис ёфт.
Баробари ин, мувофиқи қарори Президент «Дар бораи стратегияи рушди минбаъда ва ислоҳоти соҳаи электроэнергетикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» аз 27 марти соли 2019 дар пойгоҳи ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекэнерго»-и собиқ се ширкати алоҳида – ҷамъияти саҳҳомии «Истгоҳи электрии гармӣ», «Шабакаҳои миллии электрии Ӯзбекистон» ва «Шабакаҳои минтақавии электрӣ» ташкил гардиданд.
Асосҳо барои сармояҳои хусусӣ дар сектори энергетикӣ фароҳам оварда шуданд. Дар натиҷа тӯли як сол дар доираи шарикии давлативу хусусӣ лоиҳаҳо бобати ҷалби 2 миллиард доллар сармояҳои бевосита ва сохтмони 6 истгоҳи нави электрии иқтидораш 2,7 ҳазор мегаватт сохта ба истифода супурда шуданд.
Дар пеш – давраи нави трансформатсия қарор дорад, ки ҳаллу фасли вазифаҳоро бино бар бозсозии истгоҳ, баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ, коҳиш додани хароҷот ва дар оянда ташкил кардани бозори рақобатбардори электроэнергетикиро тақозо менамояд.
Дар машварат чораҳои аввалиндараҷа дар самтҳои мазкур муҳокима шуданд. Пеш аз ҳама ба масъалаи бозсозии корхонаҳо эътибор дода шуд.
Алҳол фартутшавии таҷҳизоти истгоҳҳои электрӣ беш аз 50 фоизро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин хароҷоти сӯзишворӣ дар иқтидорҳои куҳна нисбат ба дастгоҳҳои нави газу буғ 2 баробар зиёд аст.
Вобаста ба ин зарурияти идома додани бозсозӣ, вале на аз ҳисоби ҷалби маблағҳо таҳти кафолати давлат, чун пештара, балки аз ҳисоби сармояҳои хусусӣ таъкид гардид.
Таъкид шуд, ки ҷамъиятҳои саҳҳомии «Шабакаҳои миллии электрии Ӯзбекистон», «Шабакаҳои минтақавии электрӣ», «Истгоҳҳои гармии электрӣ» ва «Ӯзбекгидроэнерго» бояд ба низоми тайёр кардани ҳисоботи молиявӣ мувофиқи меъёрҳои ҷаҳонӣ гузаранд. Ин омили муҳими ба даст овардани рейтинги байналхалқии вомӣ, дар оянда истихроҷи еврозаёмҳо мегардад. Бо назардошти мақсадҳои мазкур ба шахсони масъул коркарди модели сесолаи молиявӣ ва нақшаҳои тиҷоратии чаҳор ширкати дар боло зикргардида супурда шуд.
Бобати ҷалби мутахассисони хориҷӣ дар идора ва шӯрои нозирони корхонаҳо баҳри кӯмакрасонӣ ба ҷараёни трансформатсия супоришот дода шуданд.
Ҳоли ҳозир бинобар мавҷуд набудани қоидаи фаъолияти бозори умумии электроэнергетикӣ бо сармоягузорон муоҳидаҳои дарозмуҳлат оид ба хариди энергия бо нархи таъиншуда имзо карда мешаванд. Дар оянда ин муносибат метавонад ба маҳдудияти рақобат расонад. Бинобар ҳамин ҳам таъкид шуд, бояд ҳуҷҷате кор карда шавад, ки давраҳо ва қоидаҳои ба бозори рақобат гузаштани энергияи электрро мушаххас менамояд.
Бобати дар соҳа васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадам татбиқ сохтани трансформатсияи рақамӣ супоришот дода шуданд.
Дар машварат татбиқ намудани лоиҳаҳои нав низ баррасӣ гардиданд. Тавре ки маълум аст, дар вилоятҳои Ҷиззах, Самарқанд ва Сурхондарё сохтмони истгоҳҳои офтобии электрӣ, дар вилояти Бухоро ва Қароқалпоқистон бунёди истгоҳи бодӣ, дар вилоятҳои Сирдарё ва Сурхондарё сохтмони истгоҳҳои гармии электрӣ ба нақша гирифта шудаанд. Муҳимияти тезондани ин лоиҳаҳо, ба онҳо ҷалб намудани сармояҳо дар пояи шарикии давлативу хусусӣ таъкид шуд.
Шахсони масъул бинобар масъалаҳои муҳокимагардида ҳисобот доданд.
ӮзА.