Вазифаҳо оид ба вусъат додани ҳаҷми сармояҳо ва содирот, фаровон гардондани бозори озуқаворӣ муайян шуданд

  • Вазифаҳо оид ба вусъат додани ҳаҷми сармояҳо ва содирот, фаровон гардондани бозори озуқаворӣ муайян шуданд
  • Вазифаҳо оид ба вусъат додани ҳаҷми сармояҳо ва содирот, фаровон гардондани бозори озуқаворӣ муайян шуданд
  • Вазифаҳо оид ба вусъат додани ҳаҷми сармояҳо ва содирот, фаровон гардондани бозори озуқаворӣ муайян шуданд

7 март таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид, ки дар он рафти аз ҷониби ҳукумат татбиқ намудани чораҳо оид ба муваффақ шудан ба нишондиҳандаҳои мақсадноки рушди иҷтимоию иқтисодии соҳаҳо ва минтақаҳо барои соли ҷорӣ баррасӣ гардиданд.

Таъкид гардид, ки дар моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ 687 миллион доллар сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 615 миллион доллар сармоя ва вомҳои бевоситаи хориҷӣ аз худ карда шудааст. Аз аввали сол иқтидорҳои истеҳсолӣ бинобар 506 лоиҳаи арзиши умумиаш 337 миллион доллар ба истифода дода шуданд, ки созмон додани беш аз 7 ҳазор ҷойи нави кориро таъмин кард.

Дар давоми ду моҳ ҳаҷми содироти амвол ва хидматрасонӣ аз 1,7 миллиард доллар зиёд шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 20 фоиз афзуд. Аз ҷумла, содироти масолеҳи сохтмони корхонаҳои ватанӣ қариб 2 баробар, маҳсулоти электротехникӣ – 1,5 баробар, бофандагӣ ва меваю сабзавот – 1,3 баробар афзуд.

Дар ҷамъомад ба роҳбарони соҳаҳо ва минтақаҳо супориш дода шуд, ки масъалаҳои таъминоти логистикиро ҳангоми татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва амалигардонии таҳвили содиротӣ сари вақт ҳал кунанд.

Сарвари давлат алоҳида ба масъалаҳои таъмини устувории нархҳо дар бозори истеъмолии дохилӣ истода гузашт.

Таъкид гардид, ки дар ду моҳи соли ҷорӣ сатҳи инфлятсия 1,38 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 (1,7 фоиз) паст мебошад.

Дар баробари ин тағйирёбии якбораи нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ аз ҷониби роҳбарони идораҳо ва минтақаҳои масъули ҷумҳурӣ андешидани чораҳои иловагиро оиди роҳ надодан ба тағйирёбии якбораи нархҳо дар бозори дохилӣ, пеш аз ҳама аз ҳисоби фаровон гардондани бозорҳои озуқаворӣ бо маҳсулот дар ҳаҷми зарурӣ тақозо менамояд.

Президент ба корҳое, ки роҳбарони вилоятҳо ҷиҳати ба аҳолӣ иловагӣ ҷудо кардани 80 ҳазор гектар замин барои рушди хоҷагиҳои наздиҳавлигӣ ва парвариши маҳсулоти кишоварзии дар бозори дохилӣ серхаридор амалӣ менамоянд, баҳои танқидӣ дод.

Инчунин оид ба баланд бардоштани самаранокии истифодаи маблағҳои давлатӣ ба миқдори 2 триллион сӯм барои рушди меваву сабзавот ва тезондани азхудкунии ин маблағҳо супоришҳои махсус дода шуданд.

Ба роҳбарони вилоятҳо супориш дода шуд, ки оид ба таъмини бемайлони интиқоли маҳсулот ба бозорҳои озуқаворӣ ва ташаккули захираҳои зарурӣ ба ин мақсадҳо чораҳо андешанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: