ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ МО — ҚОНЕЪ ГАРДОНДАНИ ЭҲТИЁҶОТИ АҲОЛӢ ВА ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ОН

Сол аз сол дар мамлакати мо талабот ба нерӯи барқ ва гази табиӣ меафзояд, ки ин дар навбати худ, ҷорӣ намудани системаи наверо тақозо дорад, ки ҷавобгӯйи талаботи аҳолӣ бошад.

Сол аз сол дар мамлакати мо талабот ба нерӯи барқ ва гази табиӣ меафзояд, ки ин дар навбати худ, ҷорӣ намудани системаи наверо тақозо дорад, ки ҷавобгӯйи талаботи аҳолӣ бошад. Эътибори сарвари давлати мо ба куллан ислоҳ намудани соҳаи газ, пурра қонеъ гардондани талаботи аҳолӣ ба гази табиӣ, таъмини зиндагии шукуфони мардуми мо нигаронда шудааст.
Намунаи равшани он корҳое мебошад, ки дар доираи иҷрои қарори Президент «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Ҷорӣ кардани низоми автоматиконидашудаи  назорат ва баҳисобгирии гази табиӣ» аз 24 сентябри соли равон анҷом дода шудаанд.
Роҳбари корхонаи воҳиди «HududgazRaqam-lashtirish»-и ҷамъияти саҳҳомии «Ҳудудгазтаъминот», ки дар системаи Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон фаъолият мекунад, Ҷамолиддин КОМИЛОВ дар бораи чораҳое, ки дар доираи иҷрои қарори  зикргардида андешида шудаанд, муфассал нақл кард.
— Дар ин рӯзҳо кор дар самти ҷорӣ кардани низоми автоматиконидашудаи назорат ва ҳисоби газ (НАНҲГ) босуръат идома дорад, — мегӯяд Ҷ.Комилов. —  Дар бораи афзалиятҳои низоми мазкур бисёр гуфта шудааст. Аз ҳама муҳимаш, он ба ташаккули муносибатҳои ошкоро ва шаффоф байни таъминкунанда ва истеъмолкунанда хидмат хоҳад кард.
Татбиқи НАНҲГ панҷ марҳиларо дар бар мегирад, ки се марҳилаи он аллакай дар низоми интиқоли газ амалӣ карда шудааст. То имрӯз ҶС «Ҳудудгазтаъминот» марҳилаҳои чорум ва панҷумро амалӣ менамояд. Тибқи лоиҳа, беш аз 3,5 миллион ҳисобкунакҳои гази «оқил» насб карда мешаванд. Ба нақша гирифта шудааст, ки ин кор то охири соли 2021 ба анҷом расад. Аз ҳисоби маблағҳои ҷамъияти саҳҳомии мо ҳисобкунакҳо ба истеъмолкунандагон ройгон насб карда мешаванд. Президент дар ин самт супоришҳои мушаххас дод, корҳо мунтазам бо тақсимоти ноҳияҳо ва шаҳрҳо ба минтақаҳои «сурх», «зард» ва «сабз» пеш бурда мешаванд. Масалан, насби ҳисобкунакҳои газ аз 22 ноҳия ва шаҳрҳои ба минтақаи «сурх» шомилшуда дар 3-тоаш дар арафаи анҷомёбист. Низоми нав тавонист, ки талафи 30-35 фоизи газ ва инчунин ҳолатҳои дуздии онро пешгирӣ кунад. Дар доираи корҳои анҷомдодашуда мо ба нақша гирифтаем, ки зиёда аз 4 ҳазор корхонаҳои истеҳсолӣ ва 850 гармхонаҳоро ба система пайваст намоем.
Дар ин раванд на танҳо ба татбиқи навовариҳо ба соҳа, балки ба рафъи мушкилоти мавҷуда низ диққати махсус дода мешавад. Масалан, яке аз омилҳои асосие, ки ба рушди соҳа монеъ мегардад, мавҷудияти қарзҳост. Бо назардошти ин, корхонаи воҳиди «HududgazRaqamlashtirish» дар асоси таҷриба ба истеъмолкунандагон дар бораи зарурати пардохти қарзи гази табиӣ паёмҳои SMS фиристод. Аввалин 3 450 паёмро сокинони вилояти Тошканд гирифтанд.  Пас аз он, дар давоми рӯз, барои гази табиие, ки дар минтақа истеъмол шудааст, тақрибан 50 миллион сӯм пардохт карда шуд. Сипас хидмати абонентии  «HududgazRaqam-lashtirish» ба сокинони минтақаҳои дигар 63 ҳазор паём фиристод. Пардохтро тавассути системаҳои электронии пардохтҳои Payme, Click ва Paynet, инчунин тавассути нуқтаҳои қабули пардохтҳои маҳаллии бонкҳои тиҷорӣ амалӣ намудан мумкин аст.
Ноил шудан ба он, ки тамоми дигаргуниҳои ҷорӣ ва корҳои анҷомдодашуда ба манфиати аҳолӣ хидмат мекунанд, — ҳадафи ҳар як ташкилот ва кормандони он мебошад. ҶС «Ҳудудгазтаъминот» маҳз аз рӯйи ин принсип фаъолияти худро анҷом медиҳад.
Барои қабул ва баррасии муроҷиатҳои аҳолӣ оид ба интиқоли газ, омӯхтан  ва сари вақт ҳал намудани онҳо, андешидани чораҳо оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон фаъолияти раёсати ҶС «Ҳудудгазтаъминот» оид ба баррасии муроҷиатҳо таъсис дода шудааст, ки муроҷиатҳои шифоҳӣ, хаттӣ ва электронии истеъмолкунандагонро оид ба қатъи интиқоли гази табиӣ ва гази моеъ ва дигар мушкилоти таъминоти газ қабул менамоянд.
Муроҷиатҳои шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ тавассути қабулхонаҳои шаҳрвандон, почтаи электронӣ ва call-маркази ҶС «Ҳудудгазтаъминот», инчунин гурӯҳҳои махсус дар шабакаҳои иҷтимоӣ қабул карда мешаванд. Ғайр аз он, низоми бо Қабулгоҳи виртуалии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Қабули виртуалии Сарвазир, Портали ягонаи хидматҳои интерактиви давлатӣ, телефони боварӣ оид ба масъалаҳои занон бо рақами кӯтоҳи 1211 Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон пайваст ба кор дароварда шудааст. Муроҷиатҳои марбут ба интиқоли газ тавассути онҳо бевосита ба ҷомеаи мо фиристода мешаванд.
Ҳамзамон, дастгоҳи марказии ҷамъияти саҳҳомӣ ва корхонаҳои системаи поёнии он бо низоми ягонаи электронӣ муттаҳид карда шудааст, ки ба туфайли он ҳар як муроҷиат ба таври фаврӣ ба иҷрочӣ интиқол дода мешавад ва то ҳалли пурра он таҳти назорати қатъӣ қарор дорад. Ин имкон медиҳад, ки мушкилоти пайдошуда зуд бартараф намуда, ба ҳар муроҷиати шаҳрвандон таваҷҷӯҳи зарурӣ зоҳир карда шавад.
Дар тамоми филиалҳои ҶС, инчунин шӯъбаҳои таъминоти гази ноҳиявӣ (шаҳрии) онҳо нуқтаҳои қабул ташкил карда, дар онҳо барои аҳолӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Ғайр аз он, бо мақсади фароҳам овардани қулайиҳои иловагӣ дар ҷомеа ва дар корхонаҳои сохтории он call-марказҳо, веб-сомона, инчунин як саҳифаи махсус дар Facebook фаъолият мекунанд, ки барои аҳолии тамоми минтақаҳо – Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, шаҳри Тошканд ва вилоятҳо дастрасанд. Ба баррасии дархостҳо мутахассисони ботаҷриба ҷалб карда шудаанд. Тавассути ин система, шумо метавонед иттилооти заруриро дар бораи барномаҳои «Биллинг», «Фосса» ва L-gaz, корҳои сохтмон-васлкунии маҳалҳо, ҳолатҳои садама ва дигар масъалаҳо дастрас намоед.
Ҳамзамон, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани самаранокии кори ҷамъият ва корхонаҳои сохтории он дар баррасӣ ва ҳалли муроҷиати шаҳрвандон, ташаккули «мултишиносномаҳо»-и кормандон дар минтақаҳо, ҷорӣ намудани системаи геолокатсия дар сайти ҶС «Ҳудудгазтаъминот», инчунин таъмини шаффофият дар баррасии муроҷиатҳо чораҳои дахлдор андешида мешаванд.

Суҳбатнигор
 Насиба ЗИЁДУЛЛОЕВА, 
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: