ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ САНОАТИ КИМИЁ МУАЙЯН ШУДАНД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 24 феврал бахшида ба баррасии нақшаҳои ислоҳсозии саноати кимиё ва вазифаҳои асосии ин соҳа дар соли ҷорӣ ҷамъомад баргузор намуд.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 24 феврал бахшида ба баррасии  нақшаҳои ислоҳсозии саноати кимиё ва вазифаҳои асосии ин соҳа дар соли ҷорӣ ҷамъомад баргузор намуд.

Солҳои охир оид ба модернизатсия ва солимгардонии молиявиву иқтисодии саноати кимиё, васеъ гардондани номгӯи маҳсулоти арзиши иловагиаш баланд чораҳои мушаххас андешида шуданд. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи даромаднокии корхонаҳои  соҳа  механизмҳои бозорӣ ҷорӣ карда шуда, тартиби нархгузорӣ пурра аз нав дида шуд. Дар натиҷа соҳа соли гузаштаро  нисбат ба соли 2018 бо 2,3 баробар зиёд фоида ба охир расонд.
Дар ҷамъияти саҳҳомии «Навоиазот» маҷмӯи истеҳсоли хлориди поливинил, содаи каустикӣ ва метанол ба истифода супурда шуд.
Заводи истеҳсоли сӯзишвории моеъи синтетикӣ дар пойгоҳи Маҷмӯи газу кимиёи Шуртан, кислотаи азот, аммиак ва карбамид дар ҶС «Навоиазот» сохта мешаванд.
Роҳбари давлат дар Муроҷиатномаи худ ба парлумон ва дар ҷамъомади муштараки палатаҳои Олий Маҷлис моҳи гузашта, ба рушди саноати кимиё диққати махсус дода, дар назди ҳукумат оид ба навсозӣ, татбиқи васеи комёбиҳои илм ва инноватсия як қатор вазифаҳо гузошт.
Дар соҳа мушкилоти зиёд ва имкониятҳои то ҳол мавриди истифода қарор нагирифта мавҷуданд. Аз ҷумла, намудҳои алоҳидаи маҳсулоти кимиёвӣ, ки таркиби мураккаб надоранд ва дар кишварамон истеҳсол кардан мумкин аст, ворид карда мешаванд. Сохтори содиротӣ диверсификатсия нашудааст ва дар он ҳиссаи нуриҳои минералӣ хеле калон аст. 60 фоизи таҷҳизоти истифодашаванда кӯҳна шудааст, истеъмоли энергия аз миқдори муқаррарӣ 2-3 маротиба зиёдтар аст.
Дар ҷамъомад, ки дар рӯҳияи таҳлили танқидӣ баргузор гардид,  оид ба ислоҳсозии соҳа, баланд бардоштани самаранокӣ ва иқтидори корхонаҳо вазифаҳо муайян шуданд.
Супурда шуд, ки фаъолияти ҳар як корхонаҳои соҳа аз нуқтаи назари танқидӣ таҳлил карда шуда, сифати маҳсулотро баланд бардошта, бо роҳи кам кардани хароҷоти нерӯи барқ арзиши аслии онҳо коҳиш дода шавад. Аҳамияти татбиқи технологияҳои рақамӣ, баланд бардоштани сатҳи автоматикунонии истеҳсолоти зараровар қайд карда шуд.
Зарурати рушди соҳаҳои нави саноати кимиё, ҷалби васеи сармоягузорони хориҷӣ ба ин раванд ишора гардид.
Ба масъалаҳои истеҳсоли ашёи хоми зарурӣ барои саноати нассоҷӣ, саноати масолеҳи сохтмон, саноати мошинсозӣ, молҳои истеъмолӣ, хӯрокворӣ ва дорусозӣ  эътибори алоҳида дода шуд.
Оид ба саривақт бо иқтидори пурра ба кор даровардани маҷмӯи истеҳсоли хлориди поливинили Ҷамъияти саҳҳомии «Навоиазот» ва лоиҳакашии марҳилаи дувуми он супоришот дода шуданд.
Масъалаҳои дар ҷамъияти саҳҳомии «Фарғонаазот», заводҳои содаи Қунғирот ва Деҳқонобод ба саҳмгузорон фурӯхтани ҳиссаи давлатӣ бардошта шуданд.
Зарурати вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти кимиёвии хурдҳаҷм, ба ин мақсад  дар пойгоҳи майдонҳои истифоданамешудаи ҶСК «Навоиазот» ташкил кардани минтақаҳои хурди саноатӣ таъкид шуд.
Тавре ки медонед, соли равон дар мамлакати мо Соли рушди илм, маърифат ва иқтисодиёти рақамӣ эълон гардида, соҳаҳои илму фане, ки ба он эътибори устувор дода мешавад, муайян шуданд. Кимиё аз ҷумлаи онҳост, ки дар марҳилаи кунунии рушд аҳамияти муҳим дорад.
Аз ин хотир, дар ҷамъомад аҳамияти муҳим доштани рушди таълими кимиё ва илм, тарбияи кадрҳои замонавӣ таъкид гардид. Зарурати густариши ҳамгироии илм ва истеҳсолот, таъмин кардани мувофиқати тадқиқот бо эҳтиёҷоти корхонаҳои соҳа зикр гардид.
Доир ба ташкил кардани  пажӯҳишгоҳи илмӣ якҷоя бо Куриёи Ҷанубӣ, такмил додани низоми таълим дар Донишкадаи кимиёвиву технологии Тошканд супоришот дода шуданд.
Шахсони масъул оид ба масъалаҳои дар ҷамъомад баррасишуда ва нақшаҳои оянда маълумот доданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: