ВАЗИФАҲОИ АСОСӢ БОБАТИ ТАТБИҚ НАМУДАНИ МУОҲИДА ВА ШАРТНОМАҲОЕ, КИ БИНОБАР НАТИҶАИ САФАРИ ДАРАҶАИ ОЛӢ ДАР АМА ИМЗО ШУДАНД, МУАЙЯН ГАРДИДАНД

1 апрел Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев оид ба масъалаҳои амалан татбиқ намудани муоҳида ва шартномаҳое, ки дар ҷараёни сафари расмии ҳафтаи гузашта дар Аморати Муттаҳидаи Араб ба имзо расидаанд, машварат баргузор кард.

Тавре ки пештар хабар дода будем, сарвари давлати мо дар шаҳрҳои Абу-Дабӣ ва Дубай бо Шоҳзодаи валиаҳди Аморати Абу-Дабӣ, муовини  Сарфармондеҳи Олии Нируҳои Мусаллаҳи Аморати Муттаҳидаи Араб, шайх Муҳаммад бин Зоид Ол Наҳаён, Ноиб-президент, Сарвазири АМА, Амири Дубай шайх Муҳаммад бин Рашид Ал Мактум, ҳамчунин аъзои ҳукумат ва роҳбарони як қатор ширкатҳои бузурги ин мамлакат вохӯрӣ ва гуфтушунидҳои сермаҳсул гузаронид.
Бинобар натиҷаи чорабиниҳои дуҷониба Изҳороти муштарак ва чандин муоҳидаҳои муҳим, аз ҷумла бинобар татбиқ намудани лоиҳа ва барномаҳои сармоявии пешомаднок дар ҳаҷми зиёда аз даҳ миллиард доллар имзо гардиданд.
Шартномаҳо чунин самт ва соҳаҳои бартариноки тарафайн, аз ҷумла инноватсия, нафту газ, энергетикаи анъанавӣ ва муқобил, рушди инфрасохтори замонавӣ, хоҷагии қишлоқ, сайёҳӣ, таълим ва бисёр дигарро дарбар мегиранд. 
Бояд махсус таъкид намуд, ки дар ҷараёни сафар роҳбарияти олии АМА изҳор дошт, ки ислоҳоти куллӣ ва дигаргуниҳоеро, ки дар Ӯзбекистон татбиқ мегарданд, ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Афзудани рағбати доираҳои тиҷоратии Аморат ба Ӯзбекистон шаҳодати зиёд гардидани эътимод ба мамлакати мо мебошад. 
Дар машварат Президент Шавкат Мирзиёев зарурияти иҷрои саривақтӣ ва бечунучарои ҳуҷҷатҳои қабулшударо таъкид намуд, вай ҳамчунин муҳимияти ҳарчи зудтар оғоз кардани татбиқи «харитаи амалиёт»-и қабулшударо дар пояи ҷорӣ намудани усул ва механизмҳои самарабахши пешбурди онҳо зикр кард.
Рушди бандаргоҳҳои хушкӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодии «Навоӣ», зиёд кардани истеҳсоли карбогидрид дар мамлакати мо бо минбаъд коркарди амиқи он, бозсозӣ ва вусъати истгоҳҳои гармиву электрии Талимарҷон ва ғайра, сохтмони истгоҳҳои электрии бодӣ ва офтобӣ, сохтмони завод оид ба истеҳсоли аммиак ва карбомид дар вилояти Сурхондарё ва ғайра ба сифати лоиҳаҳои бартариноки муштарак бо ширкат ва ташкилотҳои номдори Аморати Муттаҳидаи Араб муайян шуданд. 
Ғайр аз ин, масъалаҳои амалан татбиқ намудани лоиҳаҳои муштарак бинобар созмон додани кластерҳои агросаноатӣ ва зиёд намудани иқтидори содиротии хоҷагии қишлоқи  мамлакат, рушди инфрасохтори корчаллонӣ, сайёҳӣ ва коммуналӣ дар Самарқанд, дастгирӣ намудани ташаббусҳои тиҷоратӣ, аз ҷумла аз ҳисоби ҷалби маблағҳои бунёди рушди ширкатҳои сармоявӣ бо фонди оинномавӣ дар ҳаҷми як миллиард доллар, ки  бо иштироки Абу-Дабӣ таъсис дода мешавад, баррасӣ шуданд.
Ба шарикӣ дар соҳаи тайёр кардани мутахассисони баландихтисос, мустаҳкам намудани ҳамкории бисёрҷанба бо ширкати «Масдар» ва Донишгоҳи Ал-Халифа эътибори махсус дода шуд.
Ба мақсади ҳамоҳанг намудани корҳое, ки дар ин самт амалӣ мешаванд ва дастгирӣ кардани лоиҳаҳо Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷӣ намояндагии худро дар Аморати Муттаҳидаи Араб боз менамояд.
Аз ҷониби роҳбари давлати мо бобати саривақт иҷро кардани чорабиниҳои «харитаи амалиёт» супоришҳои мушаххас дода шуданд. 
Ба зиммаи Девони Вазирон, роҳбарони вазоратҳо, идораҳо ва ширкатҳои соҳавии ҷумҳурӣ вазифа гузошта шуд, ки дар муҳлатҳои наздиктарин ҷадвали соҳавиро тасдиқ кунанд ва ба амалан татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоявӣ оғоз намоянд, механизмҳои самарабахши иҷрои бечунучарои муоҳидаҳои дараҷаи олии ӯзбекистониву аморатиро ҷорӣ кунанд. 

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: