Вазифаҳои бартаринок бобати рушди вилояти Хоразм муайян шуданд

  • Вазифаҳои бартаринок бобати рушди вилояти Хоразм муайян шуданд
  • Вазифаҳои бартаринок бобати рушди вилояти Хоразм муайян шуданд
  • Вазифаҳои бартаринок бобати рушди вилояти Хоразм муайян шуданд
  • Вазифаҳои бартаринок бобати рушди вилояти Хоразм муайян шуданд
  • Вазифаҳои бартаринок бобати рушди вилояти Хоразм муайян шуданд
  • Вазифаҳои бартаринок бобати рушди вилояти Хоразм муайян шуданд
  • Вазифаҳои бартаринок бобати рушди вилояти Хоразм муайян шуданд
  • Вазифаҳои бартаринок бобати рушди вилояти Хоразм муайян шуданд

31 март дар шаҳри Урганч иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои депутатҳои халқии вилояти Хоразм баргузор шуд. Дар он Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок ва нутқ кард.

– Аз он хеле хурсандам, ки имрӯз бо шумо, ҳамватанони азизи худ дар ин диёри куҳан ва пуршараф, дар рӯзҳои моҳи мубораки Рамазон вомехӯрам, – гуфт роҳбари давлати мо. – Агар таҳлил бикунем, мебинем, ки дар Хоразм тағйирот зиёд аст. Вале вақт зудгузар аст, талаботи мардум меафзояд. Мо бояд мувофиқи ин амал кунем. Бинобар ин моро зарур аст, ки ба кори худ аз нуқтаи назари танқидӣ баҳо диҳем ва дар назди худ мақсадҳои бузург гузорем.

Дар оғози ҷамъомад дигаргуниҳое, ки дар вилояти Хоразм ба вуқӯъ мепайванданд, зикр шуданд. Фарогирӣ тӯли шаш соли охир  бо муассисаҳои таълими томактабӣ аз 22 то 79 фоиз афзудааст. 131 мактаб бунёд ва таҷдид гардид. 580 ҳазор сокинон бори аввал ба таъминоти марказонидашудаи об пайвастанд.

Барои рушди 531 маҳаллаи вилоят барилова 1 триллион сӯм ҷудо карда шуд, барои таъмири роҳҳо, роҳгузарҳо ва чароғон кардани маркази ноҳияҳо 50 миллиард сӯм равона гардид.

Кор бобати таъмин сохтани аҳолӣ бо манзил суръат гирифт. Тӯли панҷ соли охир хонаҳои дорои 9,5 ҳазор ҳуҷра сохта, ба истифода супурда шуданд. Дар идомаи ин кор сохтмони шаҳраки Ал-Хоразм дар Урганҷ оғоз ёфт.

Дар доираи 7 ҳазор лоиҳа ба маблағи 1,5 миллиард доллар корхонаҳои нави  саноатӣ, кишоварзӣ ва соҳаи хидматрасонӣ ба кор сар карданд. Ба шарофати ин 50 ҳазор ҷойҳои доимии кор фароҳам омаданд, 19 ҳазор оила аз нодорӣ раҳо гардид.

Истеҳсолот 1,5 баробар афзуд, содироти саноатӣ 190 миллион долларро ташкил дод. Аз ҷумла истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳои бофандагӣ, автомобилсозӣ, хурокворӣ, электротехникӣ ва маводи сохтмон 2 баробар зиёд шуд.

Баробари ин дар ҷамъомад мавҷудияти ҳанӯз бисёр имкониятҳои минтақа ва масъалаҳои зиёде, ки ҳаллу фасли онҳоро мардум интизоранд, зикр карда шуд.

Масъалаи ташкилӣ баррасӣ гардид. Роҳбари давлати мо номзадии Ҷӯрабек Раҳимовро ба вазифаи ҳокими вилояти Хоразм тавсия намуд.

Ҷ. Раҳимов соли 1981 дар вилояти Хоразм таваллуд шудааст. Фаъолияти кориро дар ноҳияи Шовот оғоз карда, солҳои охир дар вазифаҳои ҳокими ноҳияҳои Боғот ва Кӯшкупир фаъолият дошт. Аз моҳи декабри соли гузашта вазифаи ҳокими вилояти Хоразмро иҷро мекард.

Роҳбари давлат таклиф кард, ки нақшаҳои кории номзад шунида шавад. Ҷӯрабек Раҳимов дурнамои кори худро бобати рушди соҳибкорӣ, саноат, хоҷагии қишлоқ, фароҳам овардани шароити мусоиди ҳаёт барои аҳолӣ пешниҳод намуд.

Муаррифии нахустини номзад ба чораҳои таъмин кардани шуғли аҳолӣ ва зиёд намудани даромади вай бахшида шуд. Президент ин таклифро маъқул донист ва ба шахсони масъул супоришҳои дахлдор дод.

Аз ҷумла, ба 940 миллиард сӯме, ки барои барномаи соҳибкории оилавӣ ҷудо карда шудааст, барилова 100 миллиард сӯми дигар ҷудо карда мешавад.

Таъкид шуд, ки аз ҳисоби созмон додани субъектҳои нави соҳибкорӣ метавон 57 ҳазор нафарро бо шуғл таъмин кард, аз ҳисоби хонакорӣ ва худкорӣ бошад, мувофиқан 50 ва 28 ҳазор касро бо шуғл таъмин кардан имконпазир аст, барои ин ба онҳо дар 240 маҳалла асбобу ускунаҳои кор ва биноҳо лозиманд.

Вазифаи муҳими дуюм бозорҳоро мунтазам бо маҳсулоти хӯрокворӣ таъмин кардан мебошад. Бо ин мақсад давраи дуюми лоиҳаи «Барқароркунии канали бузурги обёрӣ дар низоми Тошсоқ» оғоз меёбад. Дар 2 ҳазор гектар майдони ноҳияҳои Боғот, Шовот ва Янгибозор боғҳои ангур, себ ва полиз, дар Гурлан ва Боғот марказҳои агрологистикӣ ташкил карда мешаванд. Лоиҳаҳо бинобар паррандапарварӣ, чорвопарварӣ ва коркарди шир татбиқ хоҳанд шуд.

Тавре ки маълум аст, дар назди ҳар кадом ноҳия вазифаи ҷалб намудани сармояи на камтар аз 50 миллион доллар гузошта шудааст. Дар навбати худ номзад ба ҳокими вилоят дар бораи лоиҳаҳое, ки дар ноҳияҳо татбиқ мегарданд, маълумот дод.

Роҳбари давлат супориш дод, ки барои инфрасохтори 14 лоиҳаи бузурги саноатӣ 100 миллард сӯм ҷудо карда шавад, дар Урганҷ хиёбонҳои техникии электротехника ва доруворӣ бунёд ёбанд. Барои зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли автомобилҳои «Damas» ва «Labo» бо ҷалб намудани сармояҳо дар ҳаҷми 20 миллион доллар вазифа гузошта шуд. Ин имкон медиҳад, ки 300 ҷойҳои нави корӣ ташкил ёбанд.

Ҳамчунин чораҳо бобати бо нируи электрӣ таъмин кардани корхонаҳои саноатӣ ва нуқтаҳои аҳолинишин муайян карда шуданд.

Ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, сохтмони мактаб ва кӯдакистонҳо, бо манзил ва оби ошомиданӣ таъмин кардани аҳолӣ эътибори махсус дода шуд. Президент ташаббусро бинобар беҳтар сохтани ҳолати санитарӣ дар мактабҳо, ташкил намудани хонаҳо барои забонҳои хориҷӣ ва таълими касбӣ, кушодани хиёбонҳои IT дар 12 ноҳия дастгирӣ кард.

Умуман барои ҳаллу фасли мушкилоти иҷтимоӣ дар Хоразм илова ба 1,5 триллион сӯм, ки соли равон барои барномаи давлатӣ пешбинӣ шуда буд, боз 400 миллиард сӯм ҷудо карда хоҳад шуд. Ғайр аз ин барои барилова ҷалб намудани 475 миллион доллар ба соҳаҳои аграрӣ, таъминоти оби ошомиданӣ ва лоиҳаҳои тиҷоратӣ вазифаҳо гузошта шуданд.

Таъкид шуд, ки аз ҳисоби тамоми чорабиниҳои мазкур ҳукумати вилоятро зарур аст, ки 365 ҳазор сокинонро бо кори даромаднок таъмин кунад ва Хоразмро ба минтақаи бидуни бекорон табдил диҳад.

Пас аз муаррифӣ депутатҳои шӯрои вилоятӣ фикру ақидаҳои худро нисбати нақшаҳои номзад изҳор доштанд. Масъалаи ташкилӣ ба овоздиҳӣ гузошта шуд. Бинобар натиҷаи он Ҷӯрабек Раҳимов ҳокими вилояти Хоразм тасдиқ гардид.

– Имрӯз мо бо шумо тамоми масъалаҳоеро, ки ба ҳаёти аҳолӣ дахл доранд, муҳокима кардем, маблағҳои зарурӣ ҷудо ва ҳокими нави вилоятро тасдиқ намудем. Вазифаи минбаъда дар атрофи худ муттаҳид сохтани хоразмиён, аз рӯйи виҷдон ва фидокорона кор кардан, тамоми нақшаву ташаббусҳоеро, ки имрӯз садо доданд, татбиқ намудан аст, бояд коре кунем, ки иҷрои ин вазифаҳо дар ҳаёти ҳамарӯзаи аҳолӣ таҷассуми худро пайдо кунанд, – гуфт дар анҷоми иҷлосия Шавкат Мирзиёев.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: