ВАЗИФАҲОИ БАРТАРИНОК ДОИР БА ТАЪМИНИ ШУҒЛИ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИ ОЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

Зери раисии Президент Шавкат Мирзиёев 4 март ҷамъомади видеоселекторӣ бахшида ба вазифаҳои бартариноки таъмини шуғли донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ баргузор гардид.

Ояндаи мамлакат, муваффақияти тамоми ислоҳот ва лоиҳаҳо аз шахсони соҳибмаълумот, тафаккури нав, соҳибкасби кори худ вобаста аст. Аз ин рӯ дар мамлакатамон ба рушди таълим ва сармояи инсонӣ эътибори алоҳида нигаронда мешавад.
Дар ҷамъомад таъкид шуд, ки ҳоло ҳозир дар муассисаҳои таълими олии мамлакат дар шуъбаи рӯзона 510 ҳазор донишҷӯ таҳсил менамояд. Бинобар супориши Президент  дар байни онҳо суҳбату пурсишҳо ба амал омада буд. Қариб 100 ҳазор донишҷӯ изҳор намуд, ки хоҳиши меҳнат кардан ва дарёфтани даромади иловагиро дорад. Аз ҷумлаи онҳо инчунин 7,5 ҳазор ятими бекас ва ногиро, 4,5 ҳазор донишҷӯёне, ки ба «дафтарҳо»-и гуногун дохил гаштаанд, ҳастанд.
– Донишгоҳ – ин оилаи калон.  Роҳбари ин оила – ректор. Падару модарон ба шумо давлати бузурги худ, фарзанди худро бовар кардаанд. Аз ин рӯ ректорон бо ҳар як донишҷӯ шахсан вохӯранд. Аз вазъияти воқеӣ, аҳволи оилавӣ, давомот, ташвиш ва пешниҳодоти донишҷӯён хабардор бошад, дар ин хусус ҳар моҳ гузориш дода, масъулияти шахсиро ба ӯҳда мегиранд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Таъкид шуд, ки ҳоло ҳозир 105 ҳазор ҷойи кории холӣ вуҷуд дорад, ки онҳоро метавонанд донишҷӯён пур кунанд. Аз он ҷумла, дар соҳаи таълим ва хидматрасонӣ 22 ҳазор, саноат 17 ҳазор, тандурустӣ 9 ҳазор, хоҷагии қишлоқ ва сохтмон 6 ҳазорӣ, соҳаи молия 3 ҳазор, дар соҳаи алоқа ва IT 2,5 ҳазор ҷойи холии корӣ мавҷуд.
– Шахсони соҳибмансаб ба донишҷӯёне, ки хоҳиши кор кардан доранд, бояд кӯмак кунанд ва онҳоро бо кор таъмин намоянд, – гуфт роҳбари давлат.
Дар ҷамъомад муайян карда шуд, ки барои муназзам ташкил намудани ин кор комиссияи ҷумҳурӣ бо роҳбарии Сарвазир ташкил карда мешавад. Чунин комиссияҳо дар минтақаҳо низ зери роҳбарии ҳокимон таъсис меёбанд.
Комиссия якҷоя бо ҳокимон ва ректорон ҷойҳои холиро таҳлил менамоянд ва дар бобати бо кор таъмин намудани на камтар аз 30-40 фоизи донишҷӯёни курсҳои якум, дуюм ва сеюм дар ҳар як минтақа чораҳо меандешанд. Ғайр аз ин чорабиниҳо дар бобати омода намудани ҷойҳои корӣ барои донишҷӯёни курсҳои хатмкунанда ва ба таҷрибаомӯзии маошноки 3-4-моҳа фиристодани онҳо мусоидат менамоянд.
Роҳбари давлат таъкид кард, ки ба донишҷӯён бино ва иншооти холии муассисаҳои таълими олиро бепул ҷудо намуда, дар асоси ташкил намудани курсҳо, клубҳо ҷойҳои корӣ ба вуҷуд оварда, ба ташкили истеҳсолот ва дигар намудҳои хидматрасонӣ ташаббус зоҳир намудан мумкин аст.
Ба ректорон супурда шуд, ки барои 5 ҳазор донишҷӯ дарёфтани имконоти хидматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ ва соҳибкорон дар вобастагӣ аз ихтисосҳои муассисаҳои таълими олӣ ногузир мебошад.
Ба шахсони масъул дар муддати як моҳ ташкил намудани марказҳои бо шуғл фарогирӣ дар ҳар як муассисаи таълими олӣ, барои донишҷӯён бепул пешниҳод намудани хона ва бино барои ташкили на камтар аз 10 намуди курсҳои пулакӣ, хидмати маишӣ ва ғайра супурда шуд. Ба туфайли ин 5 ҳазор донишҷӯ бо кор фаро гирифта шуда, ба даромади иловагӣ дарёфтан шурӯъ менамоянд.
Аз ҷониби давлат барои дастгирии ин кор шароит фароҳам оварда мешавад. Аз он ҷумла, донишҷӯёне, ки курсҳои пулакӣ, сексияҳои варзишӣ ва дигар хидматро дар ҳудуди муассисаҳои олии таълимӣ ташкил менамоянд, аз андози даромад озод карда мешаванд. Умуман барои чунин лоиҳаҳои донишҷӯён 100 миллиард сӯм захираи кредит ҷудо карда мешавад.
Ба ректорон супурда шуд, ки дар муддати як моҳ ба ташкил намудани марказҳои коворкинг дар ҳудуди муассисаҳои олии таълимии худ шурӯъ кунанд,  то ки донишҷӯён тавонанд дар вақти холии худ кор кунанд ва даромад гиранд.
Боз беш аз 3 ҳазор донишҷӯ ба корҳои роҳбарикунанда, техникӣ, сервис ва вазифаҳои муаллимӣ дар муассисаҳои таълими олӣ метавонанд машғул гардад.
Ҳамин тариқ, дар Академияи тиббии Тошканд 70 нафар донишҷӯён бо шуғлҳои коргузорӣ, лаборантӣ, китобдорӣ ва анбордорӣ машғуланд. Аммо ҳоло бисёр вазифаҳо дар муассисаҳои олии таълимӣ вуҷуд доштани маълумоти олиро тақозо менамояд. Аз ин рӯ, ба тариқи истисно ба ректорон иҷозат дода мешавад, ки  донишҷӯёнро бинобар дониш ва потенсиалашон дар низоми худ ба вазифаҳо таъин намоянд.
Ғайр аз ин, ба донишҷӯён кор кардан дар тамоми мақомот ва муассисаҳои давлатӣ иҷозат дода мешавад.
Барои мисол, дар мактаб ва кӯдакистонҳои шаҳрҳо, ки бо донишгоҳҳо наздик ҷойгиранд, 13 ҳазор ҷойи корӣ мавҷуд аст. Ба шахсони масъул вазифаи бо кор таъмин намудани на камтар аз 10 ҳазор донишҷӯ дар мактаб ва кӯдакистонҳо супурда шуд.
Дар асоси таҷрибаи Бонки марказӣ дар низоми вазоратҳои иқтисодиёт, молия, сохтмон, энергетика, хоҷагии қишлоқ ва об, мақомоти андоз ва кадастр низоми ташкили таҷрибаомӯзии пулакӣ барои донишҷӯён бо минбаъд бо кор таъмин намудани беҳтарин таҷрибаомӯзон татбиқ карда мешавад.
Бинобар ин низоми нав ҳар сол 3 ҳазор нафар донишҷӯён бо кор таъмин хоҳанд гардид.
Дар ҷамъомад таъкид шуд, ки соли 2022 дар лоиҳаҳои илмиву тадқиқотие, ки аз ҷониби грантҳои давлатӣ таъминоти молиявӣ доранд, на камтар аз 3 ҳазор донишҷӯ бояд ҷалб гарданд. Бо ин мақсад вазифа гузошта шуд, ки на камтар аз 40 фоизи ҳайати гурӯҳҳои илмиву тадқиқотӣ дар муассисаҳои олии таълимӣ аз ҷумлаи донишҷӯён ташаккул дода шаванд.
Роҳбари давлат таъкид кард, ки ҳокимони вилоятҳо ва шаҳрҳо бояд якҷоя бо ректорон низоми ҳамкории муассисаҳои таълими олиро бо сектори хусусӣ роҳандозӣ намуда, 30 ҳазор нафар донишҷӯро бо кор таъмин кунанд. Зикр шуд, ки ҳокимони минтақаҳо якҷоя бо кордиҳандагон ярмаркаи ҷойҳои корӣ ва таҷрибаомӯзӣ, мулоқотҳои кории донишҷӯёнро ташкил менамоянд.
Дар зарфи ду моҳ ҳокимони минтақаҳо низоми ҳамкории муассисаҳои олии таълимиро бо ширкатҳои бузург, кластерҳо ва дигар корхонаҳое, ки то охири сол имкони бо кор таъмин кардани 10 ҳазор донишҷӯро доранд, роҳандозӣ намоянд.
Дар ҷамъомад таъкид шуд, ки соли 2021 низоми таъмини донишҷӯён бо хобгоҳ ба вуҷуд оварда шуда буд. Аммо кор дар ин самт на дар ҳамаи минтақаҳо бо низом бурда мешавад. Роҳбарони минтақаҳо ва ректорҳои муассисаҳои таълими олие, ки дар зарфи як моҳ ба тағйироти мусбӣ ноил намегарданд, огоҳ карда мешаванд, ки аз вазифа сабукдӯш мегарданд.
Татбиқи тартибе муайян карда шуд, ки бинобар он 50 фоизи харҷи сохтмони хобгоҳ аз ҳисоби буҷет сарпур карда мешавад, агар муассисаи олии таълимӣ омодагии худро аз сарпур намудани 50 фоизи боқимонда аз ҳисоби маблағи худ изҳор намояд.
– Боз як масъалаи муҳим. Имрӯз дар муассисаҳои  таълими олии Украина беш аз 370 нафар ҷавононамон таҳсил менамоянд, қариб 200 нафари онҳо ба ватан баргардонда шуданд. Тамоми чораҳоро меандешем, ки боқимондаҳоро низ дар зарфи ҳафтаҳои наздик бозгардонем, – гуфт Президент.
Супурда шуд, ки комиссияи дахлдор созмон дода, дар муддати як ҳафта тамоми шароит барои баргаштани донишҷӯён  аз Украина ва идома додани таҳсил дар муассисаҳои таълими олии мамлакатамон фароҳам оварда шавад.
Шахсони масъул дар бораи корҳои оянда дар бобати татбиқи вазифаҳое, ки дар ҷамъомад муҳокима гардиданд, маълумот доданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: