ВАЗИФАҲОИ БАРТАРИНОК ОИД БА РУШДИ СОҲАИ ДОРУСОЗӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 15 ноябр ҷамъомадро бахшида ба таҳлили корҳои ҷорӣ доир ба рушди соҳаи дорусозӣ ва таъмини аҳолӣ бо дорувор, инчунин муҳокимаи вазифаҳои бартариноки оянда баргузор намуд.

Бо фармони роҳбари давлат «Дар бораи чорабиниҳо оид ба куллан такмил додани низоми идораи соҳаи дорусозӣ» аз 7 ноябри соли 2017 дар назди Вазорати тандурустӣ Агентӣ оид ба рушди соҳаи дорусозӣ ташкил гардида буд. Барои дастгирии соҳибкорон муддати сабти номи  дорувор ва таҷҳизоти тиббӣ кӯтоҳ карда шуд. Тавлидгарони ватанӣ аз пардохти гумрук ҳангоми ворид сохтани ашёи хом ва таҷҳизоти технологӣ озод карда шудаанд.
Дар натиҷа дар ду соли охир 41 корхонаи нави дорусозӣ сохта шуда, миқдори умумии онҳо ба 191-то расид. Соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсолот дар соҳа нисбат ба соли гузашта 1,5 баробар афзуд.
Дар ҳудуди 8 минтақаи озоди иқтисодӣ  18 иқтидори нав ба қимати умумии 84 миллион доллар ба кор андохта шуда, онҳо истеҳсоли 600 номгӯйи дору ва беш аз 50 навъи ҷиҳозҳои муқаррароти тиббиро ба роҳ андохтанд.
Аммо ин иқтидорҳо мисли номгӯйи маҳсулоти дорувории ватанӣ ҳанӯз кифоя нестанд. Бинобар ин дар ҷамъомад таъкид гардид, ки эҳтиёҷоти дохилӣ ба андозаи пурра таъмин карда намешавад, зарур мегардад, ки норасоӣ аз ҳисоби воридсозӣ пур карда шавад.
Ҳаҷми бозори дорувори мамлакат дар дараҷаи беш аз 1 миллиард доллар баҳогузорӣ гардида, саҳми тавлидгарони маҳаллӣ дар он зиёд нест. Назорати сифат ва нархгузории доруворӣ бинобар вуҷуд надоштани низоми маркировка ва ғайриимкон будани пурра назорат намудани ҳаракати он мушкил мебошад. Ҳамин тариқ, дар ду соли охир ҳолатҳои ба Ӯзбекистон дохил намудани амволи ба стандарти сифат номувофиқ ба миқдори 123 миллиард сӯм ифшо карда шудааст.
Бинобар ин роҳи боваринок ва босамари мустаҳкам намудани тандурустии аҳолӣ, васеъ намудани истеҳсоли маҳсулоти дорувории баландсифат дар асоси гиёҳҳои шифобахши тозаи экологӣ, ки дар мамлакатамон мерӯянд, мебошад.
Зимни маҷлис Президент Шавкат Мирзиёев ба ин омилҳо эътибори алоҳида нигаронда, вазифаҳои бартариноки таъмини аҳолӣ ва муассисаҳои сиҳати оммаро бо дорувори арзон ва сифатнок, ҷиҳозот ва техникаи тиббӣ муайян намуд.
Вуҷуд доштани имконоти кофӣ барои то соли 2025 мустақилсозии на камтар аз 50 фоизи истеъмоли дохилӣ, аз 2,5 ҳазор номгӯй то 4 ҳазор расондани маҳсулоти дохилӣ таъкид гардид.
Ба Агентӣ оид ба рушди соҳаи доруворӣ, Вазорати сармоя ва савдои хориҷӣ вазифаи тартиб додани номгӯйи маҳсулоти навъҳои нави азхудшаванда, таҳияи лоиҳаҳои истиқболнок якҷоя бо корхонаҳои бонуфузи дорусозии Ҳиндустон, Русия, Украина, Чин, Венгрия, Булғория ва Словакия супурда шуд.
Ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки дар панҷ соли наздик номгӯйи дорувории аслии истеҳсоли ватаниро ба ҳадди ақалл то 100 намуд расондан зарур мебошад, инчунин бо ин мақсад ба вуҷуд овардани технопарки замонавӣ дар ноҳияи Қибрай якҷоя бо корхонаҳо ва институтҳои илмиву тадқиқотӣ, инчунин филиали муассисаи олии таълимии бонуфузи британӣ онҳо вазифадор карда шуданд. Ба масъалаҳои қадррасонии замонавӣ, такмили ихтисоси мутахассисони соҳа дар хориҷа алоҳида эътибор дода шуд.
Дар назди Вазорати молия ва Агентӣ оид ба рушди соҳаи дорусозӣ вазифаи таҳияи таъмини барномавии маркировка ва назорати ҳаракати доруворӣ, то охири соли 2020 татбиқ намудани он гузошта шуд. Ин имкон медиҳад, ки табодули маҳсулоти  сохта пешгирӣ карда шуда, эҳтиёҷ ба ҷиҳозҳои тиббӣ дар замони вақти воқеӣ ба мушоҳида гирифта шавад.
Дар корхонаҳои соҳа стандарти сифати GMP, ки Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ тавсия намудааст, татбиқ мегардад. Бинобар ин бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти сифатнок ба мақсаднок будани татбиқи тартиби тафтиши ҳатмии мувофиқатӣ ба ин стандарт ҳангоми сабти ном намудани дорувории воридшаванда ишора гардид.
Дар ҷамъомад инчунин вазъи ҳолати таъмини пурраи муассисаҳои тандурустӣ бо дорувори арзон ва сифатнок баррасӣ гардид. Муайян карда шуд, ки барои таъмини шаффофии ин ҷараён хариди доруворӣ барои муассисаҳои тиббии давлатӣ, нигоҳдорӣ ва расондани онҳо аз рӯи тартиби нав ба амал оварда мешавад.
Ҳамин тариқ, тартиби шаффофи харид аз тариқи аз тарафи Вазорати ҳифзи тандурустӣ ба амал овардани тендер доир ба хариди мутамарказ таъмин хоҳад гардид.
Ғолибони тендер аз рӯи хариди мутамарказ, нигоҳдорӣ ва расондани доруворӣ ба муассисаҳои давлатии тиббӣ хидмат мерасонанд.
Доир ба решакан намудани коррупсия дар бозори доруворӣ, инкишофи рақобати солим дар соҳа, бетаваққуф таъмин намудани дорухонаҳои иҷтимоӣ бо ҷиҳозҳои тиббии сифатнок ва арзон супоришҳо дода шуд.
Аҳамияти фаҳмондани ислоҳоти ҷории соҳа аз тариқи воситаҳои ахбори оммавӣ ба ҷамъият таъкид гардид.
Таҳияи консепсияи панҷсолаи рушди соҳаи дорусозӣ супориш дода шуд.
Аз рӯи масъалаҳои муҳокимагардидаи маҷлис иттилооти шахсони масъул шунида шуда, чорабиниҳои ногузир муайян карда шуданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: