ВАЗИФАҲОИ МАРКАЗИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКОН МУАЙЯН ГАРДИД

Ҳайати нави раёсати Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони ҷумҳурии назди Кумитаи муносибатҳои байнимиллӣ ва робитаҳои дӯстӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ ҷаласаи нахустини худро баргузор намуд.

Дар қадами аввал байни аъзои ҳайати нави раёсат вазифаҳо тақсим шуданд.
Дар маҷлис ноибони раиси марказ оид ба масъалаҳои маънавияту  маърифат ва ташкиливу тадорукот таъин шуданд. Ҳамчунин бахшҳои иттилоот ва робита бо ҷомеа, ҳуқуқшиносӣ, забон ва адабиёти тоҷик, кор бо ҷавонон, ҳунармандӣ, маданӣ-равшаннамоӣ, коргузорӣ, клуби дӯстдорони китоб ва дастаи ҳунарии назди маркази миллӣ-фарҳангӣ низ таъсис дода шуд.
– Бархе аз марказҳои миллӣ-фарҳангӣ рамзҳои худро доранд ва ин рамзҳо ягон ҷиҳати хоси ҳамон халқу миллатро  таҷассум мекунанд. Аз ин лиҳоз, таҳияи чунин рамз барои маркази миллӣ-фарҳангии мо низ ба мақсад мувофиқ мебошад, – гуфт раиси марказ Ҷаъфар Холмӯъминов. 
Дар натиҷаи радду бадалҳо аъзои раёсат ба нақша гирифтанд, ки дастандаркорон намунаҳои тайёри онро пешниҳод кунанд ва баъди муҳокима аз тарафи онҳо якеро ба ҳайси рамзи маркази тоҷикони ҷумҳурӣ бипазиранд. Дар баробари ин кор аъзои раёсат ба роҳ мондани сайти (сомона) марказро низ дар меҳвари баҳсу баррасӣ қарор дод. Гуфта шуд, ки ташкили ин сомона ҷиҳати пахши матну аксҳо ва наворҳои чорабиниҳои маркази миллӣ-фарҳангӣ хеле мусоидат хоҳад кард. Ҳамчунин тавассути сомонаи интернетӣ имкон пайдо мешавад, ки вақти баргузории тадбирҳои мухталифи мадди назари Маркази миллӣ-фарҳангӣ эълон карда шавад. 
– Масъалаи таъмин бо кадрҳо ва китобҳои дарсӣ барои мактабҳои тоҷикии мамлакат, дастҷамъона фиристодани ҷавонон ба донишгоҳҳои Тоҷикистон ва амсоли онро низ аз масъалаҳои хеле умда арзёбӣ мекунам. Бояд дар ин маврид ҳайати нави марказ дар ҳамкорӣ бо Маркази методӣ корҳои шоистаеро анҷом диҳанд. Ҳамчунин ба роҳ мондани алоқаҳои мустаҳкам бо гурӯҳҳои тоҷикии донишгоҳҳоро низ мадди назари худ қарор медиҳем,– гуфт сарпарасти марказ дар бахши забон ва адабиёти тоҷик Амина Шарофиддинова.    
Баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботии марказҳои миллӣ-фарҳангии тоҷикон дар ҳудудҳо низ аз масъалаҳое баррасӣ гардид, ки ба таъхир гузоштани он ба манфиати кор нест. 30 январи соли равон маркази тоҷикон роҳандозии як маҳфили пуршукӯҳеро таҳти унвони «Шеър – қосиди сулҳу амонӣ» барномарезӣ кард. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: