ВАЗИФАҲОИ МИНБАЪДА БАРРАСӢ ШУДАНД

Дирӯз дар маҷлисгоҳи Вазорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Ӯзбекистон бахшида ба корҳое, ки бобати бозсозии сохтори ин идораи давлат дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш амалӣ мешаванд ва вазифаҳои минбаъдаи вазорат нишасти матбуотӣ баргузор шуд.

Дар он аъзои маъмурият, ходимони вазорати номбурда ва кормандони ВАО иштирок карданд. 
Тавре ки маълум аст, 20 сентябри соли ҷорӣ таҳти роҳбарии Президенти кишвар бахшида ба масъалаҳои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҷамъомад гузаронида, дар он камбудиҳои соҳа муҳокима ва вазифаҳои ҳатмии минбаъдаи вазорат муайян гардида буданд. 
Тӯли давраи сипаришуда аз ҷониби вазорати номбурда бинобар тарғиби тарзи ҳаёти солим, васеъ ҷалб намудани ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, оммавӣ гардондани он дар мамлакат корҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд. Тавре ки муовини аввали вазири Вазорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ҷумҳурӣ Ойбек Қосимов дар баромади худ қайд намуд, дар мисоли шаҳри Нуқус ва ноҳияҳои Тахтакӯпир, Тахиатош ва Қӯнғироти Ҷумҳурии Қароқалпоқистон модели намунавӣ коркард гардид, ки мувофиқи он то охири соли равон дар миқёси ҷумҳурӣ дар доираи «Ҳафтаи ҷавонон», «Ҳафтаи занону бонувон», «Ҳафтаи маҳалла ва пирон», «Ҳафтаи муассисаҳои таълимӣ» тадбирҳои варзишӣ гузаронда мешаванд. Лоиҳаи консепсияи миллии дар Ӯзбекистон оммавӣ гардондани варзиш, ки ба таъмини ҳамкории байниидоравӣ оид ба ташаккул додани маданияти  таомхӯрӣ, тарзи ҳаёти солим ва бо тарбияи ҷисмонӣ мунтазам шуғл варзидани аҳолӣ нигаронда шудааст, коркард шудааст, ки алҳол бо вазорату идораҳои дахлдор муҳокима мегардад. Аз ҷониби вазорат бобати ба барномаи нишонадори соли 2019 дохил кардани иншооти варзишие, ки бояд соли 2018 сохта мешуданд ва солҳои гузашта бо сабабҳои гуногун сохтмонашон ба охир нарасидааст, ҳамчунин, ташаккул додани лоиҳаи барномаи нишонадори панҷсолаи Бунёди рушди варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ барои солҳои 2020-2025 пешбинӣ шудааст, кор бурда мешавад. 
Бинобар гуфти Ойбек Қосимов ба мақсади бо кадрҳои соҳибихтисос таъмин кардани муассисаҳои таълимии варзишӣ аз соли хониши 2019/2020 дар пойгоҳи Донишкадаи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ӯзбекистон барои мураббиёни соҳиби маълумоти миёнаи махсус, ки дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш фаъолият мебаранд, ташкил кардани шуъбаи махсуси ғоибона ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин лоиҳаи қарори ҳукумат оид ба кушодани бахши донишкадаи мазкур дар шаҳри Нуқуси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон коркард шуд. Бобати ташкил намудани бахши муассисаҳои таълими олии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши давлатҳои хориҷӣ низ корҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд. 
Мувофиқи нақшаи тақвимии ҷумҳурӣ барои соли 2018 то моҳи ноябри соли ҷорӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 483 мусобиқа ва 52 ҷамъомади таълимиву тамринӣ гузаронда шудаанд. Ҳамчунин, иштироки варзишгарони мамлакат дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ, 81 мусобиқаи байналхалқӣ ва 4 сабқати варзишӣ, 14 ҷамъомади таълимиву тамринӣ ва 3 анҷуману конфронси илмию амалӣ таъмин карда шуд. 
Дар охири нишаст бинобар вазифаҳои минбаъдаи вазорат маълумоти муфассал пешкаш гардид ва ба саволҳои рӯзноманигорон ҷавоб гардонда шуд. 

М. МИРМАҲМАДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: