ВАЗИФАҲОИ МУШАХХАС БОБАТИ БУНЁДИ ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ МУАЙЯН КАРДА ШУДАНД

11 ноябри соли равон дар ҷамъомади Кумитаи оид ба масъалаҳои илм, таълим ва нигаҳдории тандурустӣ самтҳои бартариноки панҷ соли оянда баррасӣ шуданд, ки аз ҷониби Президент Шавкат Мирзиёев дар ҷамъомади муштараки палатаҳои Олий Маҷлис муайян гардида буданд.

11 ноябри соли равон дар ҷамъомади Кумитаи оид ба масъалаҳои илм, таълим ва нигаҳдории тандурустӣ самтҳои бартариноки панҷ соли оянда баррасӣ шуданд, ки аз ҷониби Президент Шавкат Мирзиёев дар ҷамъомади муштараки палатаҳои Олий Маҷлис муайян гардида буданд.
Дар ҷамъомад аъзои Кумита ва гурӯҳи коршиносон, раисони комиссияҳои доимии Жокарги Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, Шӯрои депутатҳои халқии шаҳри Тошканд ва вилоятҳо бинобар масъалаҳои таълим, нигаҳдории тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва ҳифзи иҷтимоӣ, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок карданд.
Сенаторон махсус таъкид намуданд, ки стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав аз тариқи муҳокимаи умумихалқӣ коркард шуд. Дар ин ҳуҷҷати муҳиму пурмуҳтаво раванди «Аз Стратегияи амалиёт – ба Стратегияи пешрафт» ҳамчун ғояи асосӣ ва маҳаки умда ба мақсади таъмин сохтани давомиятнокии ислоҳоти мо пеш гузошта шудааст.
Аъзои Кумита диққати ҳозиронро ба вазифаҳои бартариноке, ки барои панҷ соли наздиктарин дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои илм, таълим, нигаҳдории тандурустӣ, ҳифзи ҳуқуқи шахсони  маъюб, аксуламал ба тамаъгарӣ дар ҷамъият ва ҷанбаҳои дигар муайян шуданд, ҷалб намуданд. Зарурияти муайян кардани вазифаҳои мушаххасе, ки дар назди ҳар кадом идора ва вазорат бинобар татбиқ сохтани Стратегияи бунёди Ӯзбекистони Нав истодааст, таъкид гардид.
Зикр шуд, ки дар кишвари мо пеш аз ҳама, бояд ҳифз ва таъмин сохтани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон барои панҷ соли наздиктарин вазифаи асосӣ боқӣ монад, роҳбарони ҳар як вазорату соҳа бояд инро дақиқ дарк намуда, ислоҳотро татбиқ созанд.
Аз ҷумла, зарурияти бунёди давлате, ки аз тариқи рушди ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ ғами халқро мехӯрад, идома додани ислоҳоти васеъмиқёсе, ки ба таъмин сохтани шаъну шараф ва манфиатҳои қонунии инсон, таъмин намудани истиқлолияти воқеӣ ва рӯшодии низоми суди одил, такмил додани фаъолияти мақомоти ҳуқуқу тартибот, сафарбар намудани тамоми нирӯ ва воситаҳои давлату ҷамъиятро баҳри аз байн бардоштани тамаъгарӣ, ки садди пешрафт ба шумор меравад, нигарондааст, махсус таъкид гардид.
Масъалаҳои татбиқ намудани сиёсати одилонаи иҷтимоӣ, таълими хушсифат ҳамчун омили муҳими рушди сармояи инсонӣ низ дар маркази эътибори доимӣ қарор хоҳанд дошт.
Дар ин маврид зарурияти қабул кардани чорабиниҳо бобати хеле баланд бардоштани музди меҳнати омӯзгорони тоифаи олӣ дар панҷ соли наздиктарин, минбаъд беҳтар намудани сифати тайёркунии бачагони мо ба мактаб аз тариқи қаробати низоми таълими томактабӣ бо таълими мактабӣ, сохтмони даҳҳо муассисаҳои таълими томактабӣ, баланд бардоштани тайёрӣ ва маҳорати касбии кормандони кӯдакистонҳо, бунёди мактабҳои нав ва мустаҳкам намудани пойгоҳи моддиву техникии маърифатгоҳҳои мавҷуда бо назардошти афзоиши миқдори кӯдакон, баландбардории сифат ва сатҳи таълим дар мактабҳо ҳамчун вазифаи аввалиндараҷа, бунёди муассисаҳои нави таълими олӣ, таъмин кардани донишҷӯён бо манзил таъкид шуданд. Ҳамчунин қайд гардид, ки таъмин сохтани саломатии халқи мо вазифаи асосӣ ба шумор меравад, дар ин маврид барои иҷрои онҳо бояд ҳамкории тарафайни парлумон ва ҳокимияти иҷроия ба роҳ монда шавад.
Дар анҷоми ҷамъомад чорабиниҳо оид ба татбиқ сохтани вазифаҳои афзалиятнок мушаххас карда шуданд.

Хидмати ахбори Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: