ВАЗИФАҲОИ МУҲИМИ РУШДИ НИЗОМИ БОНК МУАЙЯН ГАРДИДАНД

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 22 ноябр бахшида ба масъалаҳои ислоҳсозии низоми бонк ва мустаҳкам кардани устувории молиявии бонкҳо, баланд бардоштани нақши бонкҳои тиҷоратӣ дар рушди минтақаҳо ва соҳибкорӣ ҷамъомади видеоселекторӣ ба амал омад.

Кредитҳо барои рушди фаъолити соҳибкорӣ, истеҳсолот ва инфрасохтор манбаи зарурӣ ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ, дар ҷараёни иқтисодӣ нақши бонкҳои тиҷоратӣ, ки маблағҳои холиро ҷалб менамоянд ва онҳоро ба соҳибкорон ва сармоягузорон ба сифати қарз медиҳанд, муҳим мебошад.
Дар натиҷаи чорабиниҳои низомноки дар ин самт андешидашуда дар тӯли 2 соли охир миқёси вомдиҳӣ аз ҷониби бонкҳо ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба дараҷаи назаррас баланд гардид, ҳаҷми портфели кредит 3,2 баробар афзуд. Дар доираи барномаи рушди минтақаҳо барои 6,4 ҳазор лоиҳа 27 триллион сӯмина кредитҳо ҷудо карда шуданд.
Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки дар низоми бонк баробари натиҷаҳои мусбат як қатор мушкилот мавҷуд мебошанд. Ба Қабулхонаҳои виртуалӣ ва халқии Президент соли ҷорӣ расидани беш аз 24 ҳазор муроҷиатҳои ба соҳаи бонк алоқаманд аз ин далолат медиҳанд. 
Дар ҷамъомад масъалаи вомҳои ҳаётан муҳим баррасӣ гардид. Ҳарчанд ҳаҷми вомҳои мазкур аз ҷамъи вомҳо 1,8 фоиз кам бошад ҳам, аз аввали сол ин нишондиҳанда баланд гардидааст. Дар қисмати минтақаҳо 76 фоизи вомҳои муаммонок ба шаҳри Тошканд, 5 фоиз ба вилоятҳои Қашқадарё ва 30 фоиз ба Сурхондарё рост меоянд.
Инчунин зикр гардид, ки дар натиҷаи аз ҷониби ҳокимиятҳо ва соҳаҳо мукаммал коркард нашудани баъзе лоиҳаҳо як қатор объектҳо дар муҳлати муқараргардида ба истифода супурда нашуд ва дар натиҷа баргардондани қарзҳо тӯл мекашанд. 
Аз ҷумла, факти дар вилоятҳои Тошканд, Самарқанд, Ҷиззах, Сурхондарё ва Ҷумҳурии Қароқалпоқистон то ҳол оғоз наёфтани татбиқи баъзе лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки барои онҳо аллакай маблағҳои вомӣ ҷудо шудаанд, зери танқид гирифта шуд.
Дар натиҷаи ҷудо гардидани вомҳо барои таъмири фонди манзил ва сохтмони манзил бидуни пурра омӯхтани манбаъҳои баргардондани маблағ ва имкониятҳои онҳо миқдори қаздориҳои бенатиҷа меафзоянд. Масалан, бино бар ширкатҳои хусусии мулкдорони манзил ва сохтмони хонаҳои бисёрошёна миқдори зиёди кредитҳои муаммонок мавҷуд мебошанд. Нишондиҳандаҳои баландтарини онҳо дар шаҳри Тошканд – 32 миллиард сӯм, вилояти Қашқадарё – 27 миллиард сӯм, вилояти Андиҷон қариб 20 миллиард сӯм, вилояти Бухоро – 14 миллиард сӯм мебошанд. 
Сарвари давлатамон таъкид намуд, ки пардохтани вомҳои ҳаётан муҳим имкониятҳои бонкҳоро боз ҳам васеъ мегардонад, бино бар рӯёндани онҳо бояд роҳбарони бонкҳо, корхонаҳо, ширкатҳо ва ассотсиатсияҳо, минтақаҳо ва қарздорон якҷоя кор кунанд. 
Фаъолнокии бонкҳо дар ҷалб намудани захираҳо барои вомҳо ба дараҷаи бояду шояд намебошад. Ҷалб намудани маблағҳои озоди аҳолӣ ва шахсони ҳуқуқӣ, дар навбати аввал, ба депозитҳои фаврӣ ва ғуншаванда ба баланд гардидани устувории бонкҳо мусоидат менамояд.
Президент зарурати боз ҳам васеъ ҷалб намудан ва фаъол гардондани азхудкунии хатҳои вомии институтҳои байналхалқии молиявиро таъкид намуд.
Ҳолати асосан аз ҳисоби ҳиссаи давлат зиёд гардонда шудани сармояи оинномавии бонкҳои тиҷоратӣ, қариб ки ҷалб карда нашудани маблағҳои сектори хусусӣ таҳти танқиди ҷиддӣ қарор гирифт.
Дар тӯли ду соли гузашта аз ҷониби давлат ба сармояи оинномавии бонкҳо қариб 1 миллиард доллар ҷудо шуда буд. Сарфи назар аз чорабиниҳо дар сармояи оинномавии қариб ҳамаи бонкҳои ҳиссаи давлатӣ дошта, аз он ҷумла «Қишлоқ қурилиш банк», «Ӯзпромстройбанк», бонки «Асака», «Агробанк», «Микрокредитбанк», «Алоқабанк» ва «Ипотека-банк»  ҳиссаи саҳмияҳои шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ якбора коҳиш ёфтааст. Ба ин муносибат зарурати фаъол ҷалб намудани мабалағи сектори хусусӣ ба сармояи оинномавии бонкҳо таъкид гардид. 
Дар ҷамъомад ба кори ғайрикифояи шӯроҳои назоратии бонкҳои тиҷоратӣ оид ба муайян намудани самтҳои рушди стратегӣ ва беҳтар гардондани фаъолияти онҳо эътибор дода шуд. Ба ин муносибат ба Бонки марказӣ ва Вазорати иқтисодиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз нуқтаи назари танқидӣ омӯхтани фаъолияти шӯроҳои назоратии бонкҳо, ки дар ихтиёри давлат қарор доранд, аз нав дида баромадани таркиби шӯроҳо ва баланд бардоштани сармарабахшии онҳо супурда шуд.  Вазифаи  барои такмил додани фаъолияти муассисаҳои молиявӣ  аз хориҷ ҷалб намудани мутахассисони баландихтисос гузошта шуд. 
Сарвари давлатамон зарурати ба дараҷаи назаррас зиёд гардондани ҳаҷми вомҳои хурдро ба рушди соҳибкорӣ, таъмин кардани шуғли аҳолӣ, содда гардондани тартиботи ҷудо намудани онҳоро таъкид намуд.
Бино бар масъалаҳои дар ҷамъомад баррасигардида ахбори шахсони масъул шунида шуд. 

ӮзА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: