ВАЗИФАҲОИ ОИД БА РУШДИ ЭНЕРГЕТИКАИ ЭЛЕКТРӢ ДАР СОЛИ 2020-УМ БАРРАСӢ ШУДАНД

13 январ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бахшида ба баррасии вазифаҳои асосии соли равон оид ба рушди минбаъдаи соҳаи энергетикаи электрӣ машварат баргузор кард.

Саноати мазкур омили муҳими таъмин кардани суръати мустақими рушди иқтисодиёт ва фаровонҳолии аҳолӣ ба шумор меравад, Бобати бозсозии соҳа, пурзӯр кардани иқтидори энергетикӣ ва таъминоти муттасили истеъмолгарон бо электр чораҳои васеъмиқёс қабул мешаванд. 
Мувофиқи қарори роҳбари давлат аз 1 феврали соли 2019 Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил гардид. Бинобар қарори Президент аз 27 марти ҳамон сол ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекэнерго» таъсис ёфт, дар пойгоҳи он ҷамъиятҳои саҳҳомии «Истгоҳҳои гармии электрӣ», «Шабакаҳои миллии электрии Ӯзбекистон» ва «Шабакаҳои ҳудудии электрӣ» ташкил гардиданд.
Соли гузашта дар мамлакат аз ҳисоби татбиқ сохтани 6 лоиҳаи бузург иқтидорҳои энергетикаи электрӣ дар ҳаҷми умумии 1076 мегаватт сохта ба истифода супурда шуданд.
Пешбинӣ мегардад,ки  дар соли равон ҳаҷми истеъмоли энергияи электрӣ 71 миллиард киловатт – соатро ташкил ҳоҳад дод, ки нисбати соли гузашта нуҳ фоиз бештар мебошад. Талаботи соҳаҳои иқтисодиёт, тавре ки чашм дошта мешавад, даҳ фоиз, аҳолӣ бошад, 8,5 фоиз зиёд мегардад. 
Дар машварат чораҳои таъмин кардани ин талабот, ҳамчунин татбиқ сохтани «харитаи амалиёт»-и дахлдор, ки якҷо бо Бонки умумиҷаҳонӣ ва Бонки рушди осиёӣ андешида шудааст, муҳокима гардиданд.
Президент зарурияти иҷрои пурра ва босифати чораҳои барои соли 2020-ум бинобар истеҳсол, тақсим кардан ва расонда додани энергияи электрӣ муайяншударо таъкид кард. 
Пешбинӣ мегардад, ки дар соли равон иқтидорҳои иловагӣ дар ҳаҷми 1177 мегаватт дар энергетикаи гармӣ ва 120 мегаватт дар гидроэнергетика  татбиқ мешаванд. Баробари ин лоиҳаҳо бо ҷалби сармояҳои бевоситаи хориҷӣ, ки сохтмони дастгоҳҳои газу буғиро бо иқтидори 3,5 ҳазор мегаватт, истгоҳҳои бодии электриро бо 400 мегаватт ва истгоҳҳои офтобии электриро бо чунин иқтидор пешбинӣ менамоянд, ташаккул дода шуданд.
Дар машварат ҳамчунин ба таъмин кардани даромад дар корхонаҳои соҳа, аз байн бардоштани қарздорӣ барои истеъмоли энергия эътибори махсус  дода шуд. Натиҷаҳои қаноатбахши ҷорӣ кардани низоми автоматикии назорат ва ҳисобу китоби истеъмоли электр қайд гардид, ба ҷамъияти саҳҳомии «Шабакаҳои ҳудудии электрӣ» супурда шуд, ки то охири  сол боз 4,5 миллион адад ҳисобкунанкҳои замонавиро устувор кунад. 
Роҳбари давлат ба масъалаҳои коҳиш додани талафот ҳангоми истеҳсол, тақсимкунӣ ва расонда додани  энергияи электрӣ эътибори махсус ва ба шахсони масъул супоришҳои муҳим дод. 
Таъкид гардид, ки дар давраи минбаъдаи ислоҳот, ки дар соҳа татбиқ мешаванд, бояд бозори рақобатбардори умумии энергияи электрӣ ташаккул дода шавад, сармоягузорон ба ҷараёни генератсия дар пояи шарикии давлативу хусусӣ ва давра ба давра коҳиш додани иштироки давлат дар соҳа ҷалб карда шаванд.
Ҳамчунин пешомадҳои дарозмуҳлати рушди соҳа муҳокима гардиданд.
Ҳисобу китобҳо нишон медиҳанд, ки дар соли 2030-юм истеъмоли энергияи электр аз дараҷаи кунунӣ ду баробар зиёд мегардад. Бинобар ин ба Вазорати энергетика бобати ба истифода супурдани истгоҳҳои нави гармиву электрии иқтидори умумиашон дар даҳ соли минбаъда 7,9 ҳазор мегаватт супоришҳо дода шуданд.
Вазифаҳо бинобар сохтмони истгоҳҳои офтобӣ ва бодии электрии иқтидори умумиашон  ҳашт ҳазор мегаватт бо ҷалби сармоягузорон ва то ба 1935 мегаватт расондани иқтидори истгоҳҳои гидроэлектрӣ, ба сектори хусусӣ додани супоришҳо барои сохтмони истгоҳҳои хурди гидроэлектрӣ мушаххас карда шуданд. 
Ба ташкилотҳои масъул супурда шуд, ки якҷо бо Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсус барномаи панҷсолаи тайёр кардани мутахассисони зинаҳои миёна ва поёниро, ки қодир бошанд бо технологияҳои замонавии соҳаи энергетикаи электрӣ кор кунанд, кор карда бароянд. 
Бинобар масъалаҳои дар машварат муҳокима гардида ҳисоботи роҳбарони корхонаҳои соҳавӣ шунида ва чораҳои мушаххас муайян карда шуданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: