ВАЗИФАҲОИ ПЕШГУЗОШТАШУДА ҲАТМАН ИҶРО МЕШАВАНД

Президент Шавкат Мирзиёев дар машварате, ки 29 июн дар ноҳияи Олмазор бо иштироки ҳокимони шаҳри Тошканд ва ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони масъул баргузор намуд, бино бар як қатор самтҳои муҳим вазифаҳои мушаххасро муайян кард ва супоришу фармоишҳои дахлдор дод.

Ба ин муносибат бо иштироки депутатҳои Шӯрои депутатҳои халқии ноҳияи Олмазор, фаъолон ва кормандони ҳокимияти ноҳия, оқсақолони маҳаллаҳо, намояндагони маънавият, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, расонаҳои ахбори оммавӣ чорабинӣ ба амал омад, дар он дурнамои амалиёт бобати иҷрои вазифаҳое, ки роҳбари давлат муайян кардааст, андешида ва бино бар омӯзиши фаъолияти маҳаллаҳо гурӯҳҳои корӣ ташкил карда шуданд. Дар назди онҳо барои ба роҳ мондани мулоқот бо сокинон, омӯхтани таҷрибаи мусбат, ошкор кардани мушкилоти мавҷуда вазифаҳо гузошта шуданд.
Сенаторон бо ҷомеаҳо бобати мустаҳкам кардани робита бо Шӯрои депутатҳои халқи ноҳия, минбаъд баланд бардоштани донишҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии депутатҳо, мустаҳкам кардани корҳои амалии назорати депутатӣ мулоқоти бевоситаро ба роҳ мондаанд.
Бо истифода аз имкониятҳои расонаҳои ахбори оммавӣ дар матбуот ва телевизион фикру ақидаи оқсақолони 58 маҳалла дар бораи корҳои ободонии ҷойҳои буду боши аҳолӣ, роҳҳои ҳаллу фасли мушкилот ва камбудиҳои маҳаллаҳо, вусъат додани ҷаҳонбинии одамон, мустаҳкам кардани эҳсоси дахлдорӣ ба ислоҳоти кунунӣ, истифодаи сарфакоронаи об, ихчам, бидуни харҷҳои зиёдатӣ ва дабдаба баргузор намудани тӯйҳо, тантанаҳои оилавӣ васеъ пешниҳод карда шуданд.
Масъалаҳои татбиқ сохтани барномаи истифодаи сарфакоронаи имкониятҳои мавҷуда, ба роҳ мондани фаъолияти завод, корхонаҳои бекор, ташкил кардани ҷойҳои нави кор аз ҳисоби инкишоф додани соҳибкорӣ ва соҳаи хидматрасонӣ, ҷалби сармоя ва технологияҳо, таъмин кардани бошуғлфарогирии 15 ҳазор нафар аз ҷумлаи аҳолии маҳаллӣ дар 4 сектор баррасӣ мегарданд. Ҳамчунин имкониятҳои иқтисодии ноҳияи Олмазор муфассал омӯхта, захираҳои истифоданашуда, аз ҷумла бо ҷиҳозҳо таъмин кардани биноҳои холии ноҳия, сабабҳои истифода нашудани онҳо муайян карда мешаванд.
Вазъияти экологии маҳаллаҳо, тоза нигоҳ доштани ҳудудҳо ва ҳолати низомҳои мавҷудаи об муфассал санҷида, барои аз байн бардоштани камбудиҳои ошкоршуда ба сохторҳои масъул ва аҳолӣ супоришҳои зарурӣ, тавсия ва таклифҳо дода мешаванд.
 Масъалаи бунёди маркази нави ноҳияи Олмазор – «Olmazor city» низ дар мадди назари намояндагони халқ қарор дошт.
Умуман дар ноҳияи Олмазор бобати таъмин кардани иҷрои вазифаҳое, ки аз ҷониби Президенти мамлакат муайян шудаанд, кори муштараки ҷомеаҳои васеъ, депутатҳо ва сенаторон оғоз ёфт.

Толибҷон 
МАДУМАРОВ,
раиси Комиссияи Сенати Олий Маҷлис оид ба кӯмакрасонӣ ба беҳсозии фаъолияти мақомоти намояндагии ҳокимият дар маҳалҳо. 
ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: