ВАЗИФАҲОИ РӮЗМАРРА ОИД БА РУШДИ МАҶМӮИИ ХОҶАГИИ ҚИШЛОҚ МУАЙЯН ШУДАНД

30 октябр таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев оид ба масъалаҳои рушди маҷмӯии хоҷагии қишлоқ, дар соҳа васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, зиёд кардани маҳсулоти содиротӣ машварат баргузор шуд.

Тӯли ду соли охир дар соҳаи хоҷагии қишлоқ ислоҳоти куллӣ ва тағйироти сохторӣ амалӣ шуданд. Бобати ҷорӣ намудани муносибатҳои бозаргонӣ, инкишоф додани инфрасохтори коркард ва содирот корҳои бузург анҷом ёфтанд. Барои зиёд кардани даромади фермерон ва деҳқонон низоми нав ҷорӣ гардид, бисёр мушкилоте, ки онҳоро ба ташвиш меоварданд, ҳаллу фасл шуданд, маблағ ва захираҳои зарурӣ ҷудо гардиданд.
Дар машварат ба масъалаҳои дар хоҷагии қишлоқ ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, кашфиётҳои илмӣ, бахусус технологияи обёрии қатравӣ эътибори махсус дода шуд.
Таҷрибаи Исроил дар масъалаи мазкур таъкид гардид. Дар ин кишвар хоҷагии қишлоқ куллан ба обёрии қатравӣ баргардонда шудааст, ки ба шарофати он заминҳои шӯр ва ба шабакаҳои коллекториву дренажӣ ва хароҷот ба чорабиниҳои мелиоративӣ зарурият нест.
Кори нокифояе, ки дар мамлакати мо бино бар ҷорӣ кардани технологияҳои обсарфакунанда татбиқ мешаванд, танқид карда шуд, ки дар натиҷаи он барои нигоҳ доштани шабакаҳои коллекториву дренажии тӯли умумиашон 140 ҳазор километр маблағҳои зиёд сарф мешаванд.
Аз ҳисоби истифодаи технологияҳои сарфакунандаи об хароҷоти онро метавон 50-60 фоиз коҳиш дод. Танҳо як ғӯлаҳои кӯчаки сайёр имкон медиҳанд 10-15 фоиз об сарфа шавад, обёрии қатравӣ бошад, метавонад 25-65 фоиз обро сарфа кунад. Вале низоми обёрии қатравӣ дар майдонҳои хеле кам истифода мешаванд, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Вобаста ба ин дар солҳои 2019-2021 зарурияти вусъат додани миқёси ҷорикунии обёрии қатравӣ дар кластерҳои пахтаву бофандагӣ ва дар саҳроҳои пахтаи фермерон таъкид шуд.
Барои маҷмӯаи хоҷагии қишлоқ яке аз масъалаҳои рӯзмарра тайёр кардан ва ба содирот баровардани маҳсулоти меваву сабзавот ба шумор меравад. Вале, зикр шуд дар машварат, бино бар набудани кори муназзами Вазорати хоҷагии қишлоқ, ширкати «Ӯзбекозиқовқатхолдинг» ва роҳбарони минтақаҳо иҷрои садфоизаи содироти пешбинишуда таҳти хавф қарор дорад.
Вазифа гузошта шуд, ки дар ду моҳи боқимондаи соли равон иҷрои пурраи содироти пешбинишуда бино бар ҳар кадом минтақа бо назорати ҳамарӯзаи ин ҷараён таъмин карда шавад. Вобаста ба кишти зироати мева барои содироти соли оянда супоришҳо дода шуданд.
Иқлими Ӯзбекистон имкон медиҳад маҳсулоти пешпазе, ки моҳҳои баҳор талаб ба онҳо дар хориҷа зиёд мегардад, парвариш карда шавад. Қайд гардид, ки аз ин имконият самарабахш истифода бурда намешавад.
Дар машварат ба вазорату ташкилотҳои дахлдор бобати вусъат додани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Русия, Чин, Куриёи Ҷанубӣ, Ҳиндустон, Ҷопон ва кишварҳои дигар супоришот дода шуданд.
Такрор мекунам, содирот самти муҳими бартариноки сиёсати иқтисоди хориҷии давлати мо ба шумор меравад. Ҳар кадом вазорату идора бояд ба рушди содирот кӯмак расонад, таъкид кард Президент.
Дар машварат ҳамчунин фаъолияти иттиҳодияҳои навтаъсис баррасӣ шуданд. Дар онҳо набудани саъю кӯшиш ба истифодаи навгониҳо ва умуман камҳафсалагӣ танқид гардид.
Зарурияти ба соҳаи хоҷагии қишлоқ ҷалб намудани сармояҳои хориҷӣ, бахусус сармояҳои бевосита таъкид шуд.
Бобати истифодаи самарабахши захираҳои замин ва об, такмил додани низоми расонда додани нуриҳои минералӣ, нав кардани техникаи хоҷагии қишлоқ, рушди соҳаҳои коркард ва самтҳои дигар вазифаҳои рӯзмарра муайян гардиданд.

ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: