Вазифаҳои соҳаи ҳифзи табиат баррасӣ шуданд

  • Вазифаҳои соҳаи ҳифзи табиат баррасӣ шуданд
  • Вазифаҳои соҳаи ҳифзи табиат баррасӣ шуданд
  • Вазифаҳои соҳаи ҳифзи табиат баррасӣ шуданд
  • Вазифаҳои соҳаи ҳифзи табиат баррасӣ шуданд
  • Вазифаҳои соҳаи ҳифзи табиат баррасӣ шуданд

Президент Шавкат Мирзиёев 6 апрел бо тақдимоти чорабиниҳо дар соҳаи ҳифзи табиат шинос шуд.

Дар доираи ислоҳоти маъмурӣ дар мамлакат Вазорати захираҳои табиӣ ташкил карда шуд. Дар айни замон дар соҳа бисёр масъалаҳои муҳимро ҳал кардан лозим аст.

Дар мамнуъгоҳҳо ва ниҳолхонаҳо, инчунин туризми шикор дар хоҷагиҳои дахлдор дар баробари дидани ҳамаи чораҳои зарурии муҳофизати табиат барои рушди экотуризм имкониятҳо мавҷуданд. Ба ин муносибат вазифа гузошта шуд, ки сайёҳон ба объектҳои табиӣ ҷалб карда шаванд, барои парвариши ҳайвоноти дарранда қураҳо ташкил карда шаванд. Сарвари давлат ба ҳифзи ҳаво, об, сарватҳои замин ва сарватҳои зеризаминӣ таваҷҷуҳи хоса дод.

Аз ҷумла, дар зиёда аз 500 корхона иншоотҳои обтозакунӣ ба стандарт ҷавоб намедиҳанд, дар баъзе корхонаҳо бошад, ин гуна иншоот тамоман нест. Миқдори ками ҷуброни зарар барои муҳити зист ба чунин вазъият оварда расонд, ки барои корхонаҳо нисбат ба насби технологияи тозакунӣ додани ҷуброн фоиданоктар аст. Ба ин муносибат таклиф карда шуд, ки ҳаҷми ҷуброн барои аз меъёр зиёд партофтани оби партов зиёд карда шавад. Сарвари давлат супориш дод, ки фаъолияти нозирони назорати экологӣ ташкил карда шавад.

Ғайр аз ин, дар мамлакати мо соле 7 миллион тонна партови маишӣ ба вуҷуд меояд. Аз ин миқдор каме бештар аз 2 миллион тоннааш коркард мешавад. Газ ва оби партов, ки партовгоҳҳоро ташкил медиҳанд, ба табиат зарар мерасонанд.

Лоиҳаи тавлиди 15 мегаватт неруи барқ ​​аз партовҳои кӯҳна дар Оҳангарон оғоз шуд. Сарвари давлатамон зарурати густариши ин таҷрибаро тавассути ба роҳ мондани коркарди партовҳо ва истеҳсоли энергияи муқобил дар дигар партовгоҳҳо таъкид кард.

Кайд карда шуд, ки дар хоҷагҳои ҷангал майдони ҷангал ҳамагӣ 8 фоизро ташкил медиҳад. Имконияти дар даштҳо ба вуҷуд овардани 221 ҳазор гектар ҷангал ва дар баландкӯҳ 15 ҳазор гектар ҷангалзор аз ҳисоби тараққӣ додани ниҳолпарварӣ нишон дода шуд.

Супориш дода шуд, ки системаи комилан нави тараққиёти хоҷагии ҷангал ва татбиқи лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» ҷорӣ карда шавад. Аз ҷумла, қатъиян муайян карда шуд, ки бунёди боғҳо ва ҷангалзорҳо дар асоси барномаи мақсаднок, ки аз ҳисоби манбаъҳои мутамарказ маблаггузорӣ мешавад, ба амал бароварда мешавад.

Дар соҳаи гидрометеорология барои зиёд кардани шумораи стансияҳои автоматикондашудаи обуҳавосанҷӣ, автоматӣ кунондани тағйроти гидрологӣ, ба кор андохтани замимаи мобилии хизмати агрометеорологӣ тадбирҳо муайян карда шуданд.

Дар баробари ин дар ҳар як ноҳия ва шаҳр стансияҳои хурди автоматиконидашудаи назорати ифлосшавии ҳаво гузошта мешаванд. Аз рӯи маълумоти онҳо рейтинги тозагии ҳаво тартиб дода, ба кори мансабдорон баҳо дода мешавад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: