ВАЗИФАҲОИ ТАЪХИРНОПАЗИРИ МО

Мо имсол 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистони азизро дар асоси ғояи наҷиби «Мо дар Ӯзбекистони нав – кишвари озод ва шукуфон зиндагӣ мекунем!» ҷашн хоҳем гирифт.

Мо имсол 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистони азизро дар асоси ғояи наҷиби «Мо дар Ӯзбекистони нав – кишвари озод ва шукуфон зиндагӣ мекунем!» ҷашн хоҳем гирифт.
Дар Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Олий Маҷлис махсус таъкид гардид, ки “вазифаи афзалиятноки мо бояд фароҳам овардани имкониятҳои васеъ барои ҷавонон гардад, то ки онҳо дар назди худ ҳадафҳои азим гузоранд ва ба он муваффақ гарданд. Танҳо дар ҳамон сурат фарзандони мо нерӯи воқеӣ хоҳанд шуд, ки орзуҳои деринаи мардуми моро амалӣ карда метавонанд”.
Воқеан, бо ин мақсад мо дар пояи ғояи «Ӯзбекистони нав аз остонаи мактаб, аз низоми таълиму тарбия шурӯъ мешавад» амал карда, ислоҳоти васеъмиқёсро оғоз намудем. Ҳоло дар ноҳия аҳолии аз  7 то 30-сола ҷамъ 104 ҳазору 147 нафарро ташкил медиҳанд, ки таҳти назорати доимии ҳокимият ва идораҳои дахлдор қарор доранд. Дар ҳудуди ноҳия 74 гузару маҳалла мавҷуданд ва барномаи махсуси кор бо ҷавонон роҳандозӣ шудааст. Дастури мазкур аз 105 банд иборат буда, 8 самти фаъолиятро пешбинӣ менамояд. Барои иҷрои онҳо 27 миллиарду 539 миллион сӯм маблағ ҷудо карда хоҳад шуд, ки 11 миллиарду 500 миллион сӯмаш аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ, 12 миллиарду 200 миллион сӯм аз ҷониби бонк ва дигар ташкилот пардохта мешавад.
Чанде пеш дар байни 37 ҳазору 698 нафар ҷавонони аз 18 то 30-сола пурсиш гузаронидем. Дар натиҷа 5 ҳазору 424 муаммо ва масъалаҳо аён гардиданд, ки 19 соҳаро дар бар мегиранд.
Маълум шуд, ки 1 565 нафар писарону духтарон бекор будаанд. Аз ин рӯ, ният дорем, ки 734 нафари онҳоро ба соҳибкорӣ ва ҳунаромӯзӣ банд кунем. Беш аз 580 нафар бо кори фоиданок машғул гардида, 241 нафар бо корҳои гуногуни писандидаи худ банд хоҳанд шуд.
Сарвари давлат дар Муроҷиатнома гуфтанд, ки «Мо дар назди худ як ҳадафи бузург — ташаккули заминаи Эҳёи нав дар кишварамонро гузоштем ва бо ин мақсад  бояд барои тарбияи Хоразмӣ, Берунӣ, Ибни Сино, Улуғбек, Навоӣ ва Бобурҳои нав муҳит ва шароит фароҳам оварем. Дар ин раванди таърихӣ муҳимтарин омилҳо, ҷузъи ҷудонашавандаи ғояи миллии мо рушди таълиму тарбия, илм ва навоварӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим мебошанд».
Барои ҳамин ҳам мо дар ноҳия барои пурмазмун ва самарабахш гузаштани вақт ба насли наврас шароити мусоид фароҳам меоварем. Дар 55 мактаби миёна маҳфилҳои дастаи ҳунарӣ ташкил гардида, онҳо пурра бо асбобҳои мусиқӣ таъмин мешаванд. Дар назди хонаи маданияти деҳаи Равонак студияи театри ҷавонон ташкил хоҳад шуд, ки дар он наврасони соҳибистеъдод ҳунарнамоӣ мекунанд.
Инчунин, озмунҳои «Овози нав», «Ворисони Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов», «Хуршед як хел нур мепошад», «Соҳибистеъдодҳои нав» ва ғайра гузаронида хоҳанд шуд.
Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ таъкид кардааст: «Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест».
Барои тарғибу ташвиқи мутолиа «Маҳаллаи беҳтарини китобхон», «Насиҳат гӯш кун, ҷоно!», «Шоҳномахонӣ», «Модару фарзанди китобхон» барин озмунҳоро ба роҳ мемонем. Миқдори китобхонаҳоро зиёд мекунем. 
Ноҳияи Самарқанд макони эҷодкорон аст. Дар қаламрави ноҳия  беш аз 50 нафар шоирону нависандагон, журналистону санъаткорон кору зиндагӣ мекунанд. Дар арафаи 30-солагии истиқлолияти кишвари маҳбуб намунаи беҳтарини шеъру ҳикоя, очерку лавҳаҳои онҳоро ҳамчун маҷмӯаи мунтахаб чоп хоҳем кард.
Чанде пеш дар мактаби мусиқӣ ва санъати бачагонаи рақами 12-уми ноҳия 70-солагии шоири зуллисонайн Нормурод Каримзода ҷашн гирифта шуд. Дар оянда гузаронидани 80-солагии адиб  Нусрат Раҳмат ва дигар эҷодкорон дар назар аст. Ба қарибӣ дастури дарсгузороии эҷодкорон дар мактабҳои миёна тасдиқ гардид, ки бинобар он адибу журналистон дар мактабҳои миёна дарси маънавият мегузаронанд. Бешубҳа, ин кор ба бедор кардани муҳаббат ба адабиёт дар дили донишомӯзон мусоидат мекунад.
Боз як самти асосӣ диққату эътибор ба варзиш аст. Дар байни хизматчиёни ҷавони идораҳои давлатӣ мусобиқаи «Ҷоми ҳоким» гузаронида мешавад. Албатта, бозии ақл – шоҳмот боз ҳам ривоҷ меёбад. Дар деҳаи Хоҷа Аҳрори Валӣ бо аҳолӣ вохӯрӣ гузарондем, сокинони он пешниҳод карданд, ки собиқ бинои «Раймаг» ба ихтиёри деҳа дода шавад ва дар он мактаби шоҳмот-шашка ташкил гардад. Ҳоло мо бо ҳаллу фасли ин масъала машғул ҳастем.
Бояд таъкид намуд, ки ноҳияи Самарқанд аз ҷиҳати шумори аҳолӣ дар вилоят дар ҷойи дуюм қарор дорад ва мардуми сермиллати он ҳамчун фарзандони як оила зиндагӣ ба сар мебаранд. Аксар ҷавонони мо дорои тафаккури баланду замонавӣ ҳастанд, ки аз касе камӣ надоранд, такягоҳи мустаҳками фардо, ояндаи Ӯзбекистони нав мебошанд. Онҳо амиқтар дарк мекунанд, ки ҳаёт ва сарнавишташон бо тақдир ва ояндаи Ватани маҳбуб пайванди ногусастанӣ дорад. Ман ба ин дар вохӯрии навбатӣ, ки бо ҷавонон дар толори ҳокимияти ноҳия баргузор гардид, эътимод ҳосил намудам. Дар ҷамъомад беш аз 300 нафар писарону духтарони диловару шуҷоатманд ширкат варзида, таклифҳои судмандро ба миён гузоштанд. Ғоя ва ташаббусҳои лоиқи дастгириро баён карданд, ки мо албатта бобати ҳаллу фасли онҳо чора меҷӯем.
Бесабаб нест, ки бо таклифи Президенти муҳтарам соли 2021 дар мамлакатамон Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ номида шуд. Бо назардошти он вазифаи таъхирнопазири мо корҳои васеъмиқёсро оид ба ислоҳоти куллӣ ва рушди минбаъдаи самтҳо, ки барои соли 2021 муайян гардидаанд, инчунин, дар Барномаи давлатӣ пешбинӣ шудааст, шарафмандона анҷом додан мебошад.

Носир МАВЛОНОВ,
ҳокими ноҳияи Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: