ВАЗИФАҲОИ "ҲАФТГОНАИ МАҲАЛЛА" МУҲОКИМА ГАРДИД

Дар шаҳри Ширин таҳти мавзӯи «Вазифаҳои таъхирнопазири “ҳафтгонаи маҳалла” бобати ба сохтори мустақилу халқпарвар ва иҷрокунандаи вазифаи пули байни халқу давлат табдил додани маҳалла” семинари амалӣ баргузор гардид.

Дар семинар, ки бо ҳамкории Садорати вилоятии Иттиҳодияи маҳаллаҳо ва ҳокимияти шаҳри Ширин ташкил гардид, ҳокими вилояти Сирдарё Акмалҷон Маҳмудалиев низ иштирок ва дар бораи ташкили босамари фаъолияти “ҳафтгонаи маҳалла”, пурзӯрсозии нақши онҳо дар ҳаёти маҳалла ва масъалаҳои дигар ҳарф зад.

Зикр гашт, ки на танҳо дар Ширин, балки дар тамоми ноҳияҳои вилоят таъмини шуғли аҳолӣ, афзунсозии даромади онҳо, оммавигардонии таҷрибаи «Сайҳунобод», «Уйчи», «Зарбдор», «Ғиждувон», пешниҳоди 5 бастаи лоиҳаҳои гуногун ба хонаводаҳои камдаромад, беҳсозии фаъолияти бонкҳо, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини муҳити бехатар, пешгирии ба вазъи душвори иҷтимоӣ афтодани шаҳрвандон, пурмазмун ташкил намудани вақти холии ҷавонон, тарғиби тамоюлҳои «Оилаи солим – ҷомеаи солим» ва беҳтар намудани саломатии репродуктивӣ аз масъалаҳои муҳиму таъхирнопазир ба шумор мераванд.

Дар идома мувофиқи дастури Сарвари давлатамон сохтмони бинои ширкати маҳалла-сервисии “Нуробод”, ки ба аҳолӣ 23 намуди хидматҳои пулакиро мерасонад, оғоз гардид. Дар қариб як гектар майдон бо иштироки масъулони Садорати вилоятии Иттиҳодияи маҳаллаҳо, шуъбаҳои шаҳриву ноҳиявии он, “ҳафтгонаи маҳалла”-ҳо беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони манзаравӣ шинонданд. Инчунин, корҳоеро, ки тибқи барномаи «Аз камбизоатӣ – ба фаровонӣ» иҷро мегарданд, дар мисоли хонаводаҳои маҳаллаи Нуробод омӯхтанд.

Аз рӯи масъалаҳои муҳокимашуда нақшаи корҳои оянда муайян гардида, ба иштирокдорон супоришҳои мушаххас дода шуд.

Ғулом ПРИМОВ,

мухбири ӮзА

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: