Ҳайате, ки бо роҳбарии вазири мудофиаи Федератсияи Русия, генерали армия Сергей Шойгу бо ташрифи расмӣ дар мамлакатамон мебошад, 22 май аз Самарқанд боздид намуд.
Ҳайате, ки бо роҳбарии вазири мудофиаи Федератсияи Русия, генерали армия Сергей Шойгу бо ташрифи расмӣ дар мамлакатамон мебошад, 22 май аз Самарқанд боздид намуд.
Сергей Шойгу ба қабри Нахустин Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов гул гузошта, хотираи пешвои бузурги мамлакатамонро пос дошт.
Ба вазири мудофиаи Федератсияи Русия дар бораи сохтмони маҷмӯи Ҳазрати Хизр, маҳалли дафни Нахустин Президенти мамлакат, корҳои доманфарохи ободонӣ ва бунёдкорие, ки дар ин ҷо татбиқ мегарданд, маълумоти кӯтоҳ дода шуд.
Пас аз он меҳмон аз зиёратгоҳи Хоҷа Дониёр, мақбараи Амир Темур, расадхонаи Мирзо Улуғбек, маҷмӯи Регистон ва дигар ёдгориҳои таърихиву маданӣ боздид ба амал овард.
Вазири мудофиаи Федератсияи Русия корҳоеро, ки дар мамлакат доир ба эҳтиёткорона дар намуди асл нигоҳ доштани мероси гузаштагон барои наслҳои оянда бурда мешавад, олӣ арзёбӣ кард.
Ғ. ҲАСАНОВ,
хабарнигори ӮзА.