Вазири ВССС Ӯзбекистон дар кори Форуми якуми сармоягузории Қафқоз ширкат кард

15 июли соли равон дар доираи сафари ҳайати ҳукуматии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Чеченистон вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдо Лазиз Қудратов дар кори Форуми 1-уми сармоягузории Қафқоз, ки дар шаҳри Грозний баргузор гардид, ширкат варзид.

Лазиз Қудратов дар ҷаласаи асосии “Қафқози бузург: аз баҳр ба баҳр” суханронӣ намуда, аҳамияти рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ миёни Ӯзбекистон ва Русияро барои ноил шудан ба ҳадафи сарони ду давлат оиди ба 30 миллиард доллар боло бурдани гардиши молӣ таъкид кард.

Федератсияи Русия яке аз шарикони калидии тиҷоративу иқтисодии Ӯзбекистон мебошад. Дар тӯли 7 соли охир муомилоти моли  Ўзбекистон бо Русия 2,5 баробар афзоиш ёфт ва аз рӯи натиҷаҳои соли 2023 ба қариб 10 миллиард доллар расид.  Аз ҳама муҳимаш дар он аст, ки структураи интиқоли молҳои байниҳамдигарӣ пеш аз ҳама аз ҳисоби маҳсулоти дорои арзиши иловагӣ сифатан тағйир меёбад.

Аз самтҳои афзалиятноки рушди шарикӣ, таъсиси минтақаҳои нави муштараки саноатӣ ҷиҳати амиқсозии кооператсияи саноатӣ, густариши  воситаҳои муштараки маблағгузорӣ, рушди сайёҳӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва фарҳангию гуманитарӣ низ муайян карда шудаанд.

Дар ин кор ба Шӯрои вилоятҳои Ӯзбекистон ва Русия таҳти раёсати Президентҳои  ду давлат нақши муҳим дода мешавад. Аҳамияти муҳими андешидани чораҳои ҳамаҷониба ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани тавонмандии ин платформаи ҳамкории байниминтақавӣ дар рӯҳияи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистону Русия таъкид гардид.

Нотиқ намояндагони минтақаҳои Русия ва соҳибкорони Русияро даъват кард, ки аз имкониятҳои беназире, ки дар Ӯзбекистон барои татбиқи бомуваффақияти лоиҳаҳо ва ташаббусҳои нави мутақобилан судманд фароҳам оварда шудаанд, истифода баранд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: