Вазирони корҳои хориҷии Ӯзбекистон ва Эрон дурнамои рушди равобити дуҷонибаро баррасӣ карданд

24 июни соли 2024 муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Баҳромҷон Алоев, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи ҳамкории Осиё ба Теҳрон омадааст, бо иҷрокунандаи вазифаи вазири корхои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Богирӣ мулоқот анҷом дод.

Дар мулоқот вазъият ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таваҷҷуҳи хоса ба ҳамкориҳои ду кишвар дар арсаи тиҷорату иқтисод, аз ҷумла густариши равобити минтақаҳои ду кишвар зоҳир карда шуд.

Масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои нақлиётию логистикии байниминтақавӣ, ки ба зиёд намудани ҳаҷми гардиши савдои мутақобила ва фаъол гардонидани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ нигаронида шудаанд, баррасӣ шуданд. Аҳамияти густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои фарҳангӣ, гуманитарӣ ва сайёҳӣ таъкид шуд.

Инчунин, оид ба ҷанбаҳои ҷудогонаи рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз он ҷумла, оиди бо роҳи осоишта ба танзим овардани мушкилоти Фаластин мубодилаи афкор ба амал омад, хабар медиҳад хидмати матбуоти ВКХ Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: