ВАЗИРОНИ ШИРКАТКУНАНДАИ «TOURISM EXPO JAPAN 2022» БА САМАРҚАНДИ БОСТОНӢ ХОҲАНД ОМАД

Тавре ки котиби матбуоти Вазорати туризм ва мероси фарҳангии ҷумҳурӣ Лола Раҳмонбоева хабар дод, дар шаҳри Токио намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Tourism EXPO Japan 2022» баргузор гардид.

Дар доираи он конфронси вазирони мушорикаткунанда низ роҳандозӣ шуд. Дар ин конфронс ноиби нахуствазир-вазири туризм ва мероси фарҳангии ҷумҳурӣ Азиз Абдуҳакимов иштирок намуд.
Ба гуфтаи котиби матбуоти Вазорати туризм ва мероси фарҳангӣ ин намоишгоҳ ва конфронс аз ҷониби Иттиҳодияи сайёҳии Ҷопон – JATA бо дастгирии UNWTO (Созмони ҷаҳонии сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид) ташкил карда шуд. 
Дар чорабинӣ намояндагони Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, роҳбарони иттиҳодияҳои байналмилалии сайёҳӣ аз қабили ATTA (Иттиҳодияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ), PATA (Иттиҳодияи сайёҳии кишварҳои Осиё ва уқёнуси Ором), WTTC (Созмони ҷаҳонии сайёҳии СММ), коршиносони байналмилалии соҳаи сайёҳӣ, вазирони сайёҳии як қатор кишварҳо ширкат варзиданд. 
– Дар солҳои охир салоҳияти сайёҳии Ӯзбекистон хеле доман фарох карда, таваҷҷӯҳи созмонҳои сайёҳии оламро низ ба худ ҷалб намудааст. Азиз Абдуҳакимов маҳз дар конфронси вазирон дар бораи афзоиши салоҳияти сайёҳии ҷумҳурӣ ва ислоҳот дар ин соҳа ҳарф зад, – гуфт ӯ. 
Иштирокчиёни конфронс ба шарикии бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ бо мақсади дарёфти роҳҳои нави пешбурди соҳаи сайёҳӣ дар давраи пас аз пандемия таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Ин матлаб зимни суханронии иштироккунандагони конфронс таъкид шудааст. 
 – Медонед, дар ин баромадҳои худ вазирони кишварҳои манфиатдор қайд намуданд, ки ҳукумати кишварҳо барои ҳамкорӣ дар соҳаи туризм нерӯҳои худро бояд муттаҳид созанд ва аз Эъломияи Глазго пуштибонӣ кунанд. Албатта, дар ин росто вакилон аҳамияти баланди ташаббуси  Ӯзбекистонро дар бораи баргузории ду чорабинии бузурги байналмилалӣ дар соли 2023 таъкид варзиданд. Он мусоидат менамояд, ки Конфронси 14-уми ҷонибдорони Конвенсия оид ба ҳифзи намудҳои муҳоҷирати ҳайвоноти ваҳшӣ ва Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ ва хушксолӣ таҳти иҷро қарор гирад. Инчунин вакилони конфронси Токио ба мувофиқа расиданд, ки масъалаҳои рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳии ҷаҳониро тавассути ин ташаббусҳо баррасӣ кунанд, – иброз дошт Л. Раҳмонбоева.
Дар фарҷоми чорабинӣ вазирони мамолики хориҷӣ, роҳбарони ҳайатҳо, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ барои иштирок дар кори иҷлосияи 25-уми Ассамблеяи генералии UNWTO дар соли 2023 ба шаҳри Самарқанд даъват шуданд. 
– Ҳувайдост, ки вакилони ин конфронс дар бораи иштироки бевоситаи худ дар чорабинии дар пешистодаи Самарқанд иброзӣ омодагӣ карданд. Инчунин майлу рағбат ва иштиёқашон барои шиносоӣ бо иқтидори ҳамаҷонибаи Ӯзбекистон, дидани шаҳрҳои бостонии он хеле беандоза буд, – гуфт дар поёни суҳбат котиби матбуоти вазорат.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: