ВАЗЪИЯТ АЗ ОБ ОҚИЛОНА ИСТИФОДА БУРДАНРО ТАҚОЗО МЕНАМОЯД

Ислоҳоте чун дигар соҳаҳо дар хоҷагии об самараи дилхоҳ мебахшанд.

Дар ин самт Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021, ки бо ташаббуси Президентамон коркард шудааст, чун дастуруламал хидмат менамояд. Тавре дар ҳуҷҷати мазкур муайян шудааст, беҳсозии минбаъдаи ҳолати мелиоративии заминҳои обёришаванда, рушди нуқтаҳои объектҳои мелиоративию ирригатсионӣ, ҷорӣ намудани усулҳои интенсивӣ, қабл аз ҳама, технологияҳои замонавии сарфакунандаи об дар соҳаи кишоварзӣ, истифода аз техникаи сермаҳсул, мизони фаъолият мебошанд.
Маълум, ки тамоми нуқтаҳои соҳаи аграрӣ ба хоҷагии об вобастагии қавӣ доранд. Дар таъмини бехавфии озуқавории мамлакат, фаровонии дастархони аҳолӣ, баланд бардоштани ҳаҷми содироти маҳсулот ҳамкории кишоварз ва оброн аҳамияти муҳим дорад. Ин аст, ки кулли шахсони ҷабҳаҳои гуногуни хоҷагии об дар иҷрои вазифаҳояшон масъулият ҳис мекунанд. Таҳти ҳамдастӣ бо Департаменти идораи бунёди беҳсозии ҳолати мелиоративии заминҳои обёришаванда дар назди мо вазифаҳои муҳими барпо намудан ва навсозии 734,9 км магистрал, коллекторҳои байниноҳиявӣ ва дохилихоҷагӣ, 348,3 км низоми дренажии пӯшида, 6 истгоҳи мелиоративии насосӣ, 79 чоҳ, 131 объекти мелиоративӣ барин иншооти гидротехникӣ қарор доранд.
Тӯли панҷ моҳи соли равон қисми муайяни ин корҳо иҷро шуданд.
Мувофиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои ташкилӣ оиди куллан такмил додани сохтори идоракунии давлатии кишоварзӣ ва хоҷагии об» аз 12 феврали соли 2018 дар заминаи Вазорати кишоварзӣ ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Вазорати кишоварзӣ ва Вазорати хоҷагии об ташкил шуда, вазифаҳо дар самтҳо боз ҳам мушаххас гардиданд. Баробари ин, 17 апрели соли равон Фармони Президенти мо «Дар бораи чораҳои такмил додани сохтори идоракунии давлатии хоҷагии кишоварзӣ ва об» қабул шуда, вазифаҳои асосӣ ва самтҳои фаъолияти Вазорати хоҷагии об муайян гардиданд.
Соли равон дар мамлакатамон боришот то андозае кам гардида, оқибат дар аксарияти ҳудудҳо танқисии об ба назар мерасад. Назар ба маълумотҳо, имсол миқдори об дар киштзорҳои обёришаванда 34879 млн.метри мукаабро ташкил менамояд, ки ин нисбат ба соли гузашта 15-20 фоиз кам мебошад. Чунин ҳолат дар солҳои 2008 ва 2011 низ ба назар расида буд.
Ин водор месозад баробари кишоварз оброн низ масъулияти амиқ ҳис карда, дар рушди иқтисодиёти мамлакат саҳм гузорад. Хусусан, фаъолнокӣ ва фидокории меҳнаткашони хоҷагии об тақозо карда мешавад. Дар асоси қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои таъхирнопазири таъмини кафолатноки майдонҳои кишт бо об ва пешгирии оқибатҳои ногувори камобӣ нигаронидашуда дар мавсими соли 2018» дар сохтори Вазорати хоҷагии об корҳои васеъмиқёс иҷро мешаванд. Шароит тақозо менамояд, пеш аз ҳама, аз захираҳои об оқилона ва самаранок истифода карда шавад. Аз ин рӯ вазорати мо дар ин бобат сари вақт тавсияҳо медиҳад, бо иштироки истеъмолгарони об, хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ вохӯриҳои гуногун, анҷуманҳо баргузор менамояд. Аз рӯи супоришоти одилонаи роҳбарият, дараҷаи манбаъҳои камобӣ таҳлил, дар масъалаи ҷойгирсозии киштзори кишоварзӣ якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор таклифҳо омода карда мешаванд.
Соли равон дар асоси ҳолати таъминоти об контури майдонҳои кишти нафақат ноҳияҳо, балки ҳар як хоҷагии фермерӣ омӯхта шуд. Дар ин асос ба вазорату ташкилотҳои дахлдор таклифҳо пешниҳод шуданд.
Имрӯзҳо, дар шароити камобӣ, дар иншооти асосии тақсимоти оби ҷумҳурӣ, дар ҳудудҳое, ки камобӣ бештар ба назар мерасад, штабҳо ташкил карда шуданд. Барои ташкили кор ва истироҳати аъзои штаб, ки шабу рӯз фаъолият мебаранд, шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд.
Дар обанборҳо ҳолатҳои истифода аз об пурра ба назорат гирифта шудааст. Аз рӯи масъалаи ҷойгирсозии кишти такрорӣ дар мавсими ҷорӣ якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор таклифҳо пешниҳод мегарданд.
Дар ҳудудҳое, ки таъминоти об вазнин аст, барои дастрас гардондани оби иловагӣ аз нуқтаҳои коллекторӣ-дренажӣ 1000 агрегати насосии дизелии сайёр харида, ба ҷойҳо расонда дода шуданд. Баробари ин, аз ҳисоби маблағи буҷаи маҳаллӣ оиди хариди агрегатҳои насосии иловагӣ ва ҷойгирсозии онҳо ба ҷойҳои даркорӣ корҳо пеш бурда мешаванд. Барои таъмини пешбурди мониторинги корҳои обёрӣ аз ташкилотҳои сохтор масъулон сафарбар карда шуданд, отрядҳои махсуси кӯмакрасон ба корҳои обёрӣ ташкил гардиданд. Аз аввали баҳор барои оқилона истифода кардан аз об дар асоси нақшаи муайяншуда байни истеъмолгарони об ҷадвали «навбати обёрӣ» коркард шуд.
Аз рӯи дастрасгардонии об байни иттиҳодияҳои истеъмолгарони об ва хоҷагиҳои фермерӣ оиди хидматрасонии дахлнок мураттабсозии шартномаҳо пурра таъмин гашт.
Дар ҳолати камобӣ равонии ҷӯйборҳо, сифати иншооти гидротехникӣ, соз ва бенуқсонии ускунаҳои техникӣ аҳамияти муҳим касб менамоянд. Барои ин моҳҳои феврал-май зиёда аз 2550 километр магистрал ва сохторҳои обёрикунандаи дохилихоҷагӣ бо кӯмаки техникаи махсус тоза карда шуданд. 5075 метри мукааб бетон хобонда шуда, 1332 затвор нав гардиданд, 1912 иншооти гидротехникӣ сифатнок таъмир карда шуданд. Барои иҷрои ин гуна корҳои васеъмиқёс 17321 млн.сӯмина маблағ азхуд шуда, дар натиҷа таъминоти об дар наздик 745 ҳазор гектар майдони кишт беҳтар гардид. 57064 км шабакаҳои обёрии тобеи иттиҳодияҳои истеъмолгарони об ва маҳаллаҳо бо истифодаи техника ва роҳи ҳашар тоза карда шуданд. Баробари ҳамин, 7780 иншооти гидротехникӣ таъмир, 12748 ҷойи бо об таъминкунанда ҷиҳозонида шуданд. 1138 чоҳ ва 623 чоҳи дренажии вертикалӣ, ки дар тасарруфи ташкилотҳо мебошанд, низ аз таъмир баромаданд.
Барои корҳои таъмирии 1312 агрегати насосие, ки дар ҳисоби иттиҳодияҳои истеъмолгарони об ва хоҷагиҳои фермерӣ мебошанд, кӯмаки амалӣ расонида шуд. Чунин чораҳо, албатта, барои сарфаи об ва пешгирии камобӣ самара мебахшанд.
Оиди ҷорӣ намудани технологияҳои сарфаи об дар соли 2018, мувофиқи таклифҳое, ки Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва ҳокимияти вилоятҳо пешниҳод кардаанд, барои дар 15 ҳазор гектар майдон ҷорӣ намудани технологияи обёрии қатравӣ, дар 37 ҳазор гектар майдон ташкили обёрӣ тавассути истифодаи  қубурҳои қатшаванда вазифаҳо муайян гардидаанд.
Усули обёрии қатравӣ ба нигоҳ доштани намии хок, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва беҳсозии сифати ҳосил низ мусоидат менамояд. Инчунин имконияти 10-15 рӯз тезтар пухта расидани ҳосили пахтаро фароҳам дар меорад. Ин усул ҳодисаи дар таҳи хок пӯсида нобудшавии сабзавотро бартараф месозад, об аз 20 то 60 фоиз сарфа мегардад. Солҳои охир дар ҷумҳурӣ дар 27865 гектар майдон технологияи обёрии қатравӣ ҷорӣ карда шуд.
Вазорати хоҷагии об бо мақсади навсозии иншооти сохтори худ ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионии замонавӣ, барои сарфа сохтан ва камобиро пешгирӣ кардан, хусусан, ҷорӣ сохтани обёрии қатравӣ, истифода аз қубурҳои қатшаванда барин усулҳои обро сарфакунандаро тавсия менамояд. Дар мавсиме, ки камобӣ ба мушоҳида мерасад, истеъмолгарони об, хусусан деҳқонон ва фермерҳоро лозим меояд ба қадри ҳар қатра об расанд, ба исроф шудани он роҳ нагузоранд. Аз манбаъҳои мавҷудаи об низ оқилона истифода кардан тақозои замон аст.
Рӯзҳои гарми тобистон майдонҳои кишт вақтро мунтазир шуда, об талаб мекунад. Тамоми роҳбарон, ходимон, деҳқонон ва фермерҳо, ки дар ҷабҳаҳои гуногуни сохтори вазорат меҳнат мекунанд, бояд дар ҳалли ин масъалаи муҳим масъулияти том ҳис намоянд.

Гӯзал АЛИМОВА,
мутахассиси Вазорати хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: