ВАЗЪИЯТ БА КУЛЛӢ БЕҲБУДӢ МЕХОҲАД

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Вазорати маҳалла ва дастгирии оила чанде муқаддам роҳбарияти ин вазорат ва роҳбарони якчанд идораву вазоратҳои дигар аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Қашқадарё боздид намудаанд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Вазорати маҳалла ва дастгирии оила чанде муқаддам роҳбарияти ин вазорат ва роҳбарони якчанд идораву вазоратҳои дигар аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Қашқадарё боздид намудаанд. Гуфта мешавад, онҳо дастаҷамъона бо объектҳое ошно шуданд, ки ба феҳрасти ҳудуди вазнини мамлакат ворид гардидаанд ва вазъият дар он ҷо беҳбудии ҷиддиро тақозо хоҳад кард.
Ногуфта намонад, ки минтақаҳои вазнин дар 1 ҳазору 71 ҷамоати шаҳрвандони кишварамон ба қайд гирифта шудаанд. Имрӯзҳо дар ин ҷамоатҳои шаҳрвандон барои раҳоӣ аз бунбаст ва иҷрои корҳои доманфарох чораҷӯиҳои хос сурат мегиранд. 
– Дар таркиби Гурӯҳи корие, ки намояндагони вазорату идораҳои гуногун ба он шомил мебошанд, вазири Вазорати маҳалла ва дастгирии оила Раҳмат Маматов қарор дорад. Аллакай боздид ва ошноии наздик бо ҳолатҳои воқеъии чанд минтақаи мамлакат мунҷар ба он шудааст, ки иҷрои кадом корҳо бояд ба сомон расонида шаванд. Аз ҷумла, зимни боздид дар вилояти Қашқадарё таъмини ҷамоатҳои шаҳрвандон бо таҷҳизоти зарурии техникӣ, ногузирии анҷоми тармим ва бозсозии биноҳои ин ҷамоатҳо ба қайд гирифта шудааст, – мегӯяд сухангӯи Вазорати маҳалла ва дастгирии оила Саодат Боймирзоева.
Вай меафзояд, ки дар айни ҳол 50 бинои ҷамоати шаҳрвандон тармими ҷорӣ мехоҳад. Инчунин 40 бино ба тармими куллӣ ё капиталӣ эҳтиёҷ дорад ва 24 ҷамоати шаҳрвандон бояд бо бинои наву хушсохт ва замонавӣ таъмин гардад. Ба таъкиди ӯ анҷоми ҳамаи ин корҳо маблағи қобили мулоҳиза тақозо менамоянд. Барои ҳамин маблағҳои барои он сарф мешуда бояд аввал баррасӣ ва баъдан ҷудо карда шавад, самти иҷрои корҳоро низ мебояд муайян намуд.
– Дарвоқеъ, дар вилояти Қашқадарё  ду ҷамоати шаҳрвандон дар биное фаъолият мекунанд, ки дар тасарруфи ҳокимияти ноҳия қарор доранд. Гузашта аз ин, 276-то ҷамоати маҳаллаҳо дар биноҳои таҳти тасарруфи муассисаҳои таълимӣ ё тандурустӣ,  34 маҳалла дигар дар биноҳои таҳти тасарруфи корхонаву ташкилотҳои мухталиф, 8-то дар бинои маҳаллаи ҳамсоя ва 1-то дар ҳавлии раиси ҷамоати шаҳрвандон машғул ба фаъолият мебошанд, – қайд намуд Саодат Боймирзоева.
Бар асоси таҳлилу баррасиҳо вазорати мазкур муайян кардааст, ки дар бархе аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳолатеро метавон мушоҳида намуд, ки ҳанӯз бинои ҷамоатҳои шаҳрвандон дар идораи кадастр ҳуҷҷатҳои худро расмӣ накардаанд. Айнан дар вилояти Қашқадарё ин ҳолати зикршуда ба қайд гирифта шудааст. Гуфта мешавад, ки 59 ҷамоати шаҳрвандон дар биное ба мардум хизмат мерасонанд, ки ҳуҷҷатҳояш расмӣ карда нашудааст. 
– Дар 9 ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо ҳолати сари вақт напардохтани пули хидматҳои коммуналӣ ва ба миқдори чоруним миллион сӯм қарз шудани он ба қайд гирифта шудааст. 79 ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо ба шабакаи интернетӣ васл нашудаанд ва аз ҳодисаву воқеаҳои ҳаёти берун аз ҳудуди худ огоҳ нестанд. Дар 6 ҷамоати шаҳрвандон таҷҳизоти компутерҳо ба ҳолати корношоямӣ мубаддал шудаанд.
Тибқи натиҷагириҳо аъзои Гурӯҳи корӣ барои ҳаллу фасли масъалаҳое, ки дар ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳои вилояти Қашқадарё ба мушоҳида расидаанд, ба ҳокимони ҳамон ноҳияҳо супориш додаанд, то ки дар фурсати кӯтоҳ нисбати он чораҷӯӣ кунанд.      
– Дар чаҳорчӯби ин сафар вазири маҳалла ва дастгирии оила Раҳмат Маматов дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Истиқлол”-и ноҳияи Қамашӣ бо мардуми минтақаҳои гуногуни он мулоқоти сайёр баргузор намуд. Вай дар ҷараёни ин мулоқот арзу шикоятҳои мардумро шунид ва ҷиҳати ҳалли он дар ҳамон ҷо мутасаддиёни идораҳои дахлдорро вазифадор намуд, ки мардумро аз давлату ҳукумат розӣ кунанд. Чунки ин тақозои Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев мебошад, – мегӯяд Саодат Боймирзоева.
Дар ин мулоқот раисони ҷамоатҳои шаҳвандони якчанд маҳаллаи ноҳияи Қамашӣ аз Раҳмат Маматов хоҳиш кардаанд, ки таклифу пешниҳодҳои онҳоро ба инобат гирад ва барои ҳалли муайяни он дасти кӯмак дароз кунад. Чанде аз ин пешниҳодҳо маҳз ба беҳбуди инфрасохторҳои ҷамоатҳои шаҳрвандӣ ва тармими кӯчаҳои дохилии деҳот, инчунин таъмини мардуми камбизоат бо кӯмакпулиҳо ва амсоли он мебошад.
Ҷои хурсандист, ки баъди ин сафар, боздид ва мулоқот бо мардум аллакай якчанд корҳои амалӣ дар вилояти Қашқадарё ба анҷом расидаанд. Мардум аз меҳмонон боз даъват кардаанд, ки зуд-зуд барои мулоқот ба назди онҳо биёянд, зеро иддае аз мушкилоту муаммоҳои онҳо, ки вақти тӯлонӣ ҳаллу фасл намешуданд, бо иқдомоти онҳо дар фурсати кӯтоҳтарин бартараф гардидаву ҳалли он боиси шодкориашон гардидааст.
– Вазири моро дар утоқашон пайдо кардан кори душвор мебошад. Он кас ҳамеша дар сафаранд. Раҳмат Маматов бештари вақти худро дар ҳудуди мухталифи кишварамон мегузаронанд. Бевосита бо раванди корҳо рафта ошно мешаванд. Инчунин, ба талабу дархостҳои мардум низ гӯш медиҳанд ва барои рафъи камбудиҳо, ҳаллу фасли мушкилоту муаммоҳо ҳатман дасти кӯмак дароз менамоянд, – мегӯяд дар хотима ҳамсуҳбати мо Саодат Боймирзоева.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: