ВАЗЪИЯТ БОБАТИ ТАЪМИНИ ҲУҚУҚ ВА МАНФИАТҲОИ ҚОНУНИИ КӮДАКОН ДАР ӮЗБЕКИСТОН ЧӢ ГУНА АСТ?

29 феврали соли ҷорӣ Қонун «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдаки Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон (Омбудсмани кӯдакон) қабул гардид.

Вазифаҳо бобати ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон аз рӯи қонун аз чиҳо иборатанд? Парлумони нав метавонад дар таъмини ҳуқуқи кӯдакон навгониҳо ворид кунад? Дар робита ба ҳамин масъалаҳо бо Ваколатдори Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳуқуқи кӯдак (Омбудсмани кӯдакон) Сурайё РАҲМОНОВА, ҳамсуҳбат шудем. – Пеш аз ҳама, дар Қонуни Асосии мо кафолати фароҳам овардани шароити беҳтарин барои инкишофи ҳаматарафаи ҷисмонӣ, рӯҳӣ ва маънавии кӯдак таҳким ёфта, ӯҳдадориҳои иҷтимоии давлат дар ин бобат васеъ гардид, – мегӯяд С.Раҳмонова. – Ҳамчунин, ӯҳдадории падару модар дар назди фарзандон номбар гардида, таъкид карда шуд, ки давлат ва ҷомеа ғамхории кӯдакони бепарастору ятимро ба зимма мегирад. Қатъӣ мустаҳкам карда шуд, ки модару кӯдак таҳти ҳимояи давлат мебошанд. Махсусан, дар натиҷаи муносибатҳои нави конститутсионӣ солҳои охир дар мамлакати мо ҳуқуқҳои бачагон боэътимод ҳифз карда мешаванд. Дар соҳа равишу усулҳои нав ҷорӣ карда шуданд. Барои таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак заминаи махсуси ҳуқуқӣ фароҳам оварда, механизми самараноки ҳуқуқии татбиқи он ба роҳ монда шуд. Аз ҷумла, дастовардҳои назаррас, аз қабили коҳиши фавти кӯдакони навзод, фарогирии муассисаҳои томактабӣ то 76 фоиз, ки қариб 2 миллион кӯдакро фаро гирифтааст, ва муҳимтар аз ҳама, дар мамлакати мо пурра барҳам додани меҳнати кӯдаконро қайд кардан лозим аст. Ин натиҷаҳо на танҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ низ ба таври васеъ эътироф мешаванд. Аз ҷумла, Ӯзбекистон дар соли 2017 дар шохиси ҷаҳонии некуаҳволии кӯдакон дар ҷои 78-ум қарор дошт ва дар соли 2021 16 зина боло рафт. Ин, албатта, натиҷаи амалии кори дар соҳа ба ҷо овардашуда мебошад. – Оё парлумони нав нав метавонад дар масъалаи таъмини ҳуқуқи кӯдакон навоварӣ ворид кунад? – Имрӯз дар қонунгузории миллии мо зиёда аз 40 ҳуҷҷати меъёрии ҳуқуқӣ ва зиёда аз 500 ҳуҷҷати зерқонунии вобаста ба ҳуқуқи кӯдак мавҷуд аст. Мо итминон дорем, ки парлумони нав ин таҷрибаи мусбати қонунгузориро фаъолона идома хоҳад дод. Зеро ҳифзи манфиати кӯдакон ҳоло ҳамчун яке аз муҳимтарин вазифаҳои сиёсати давлатӣ муқаррар гардида, ин роҳи қатъӣ аз ҷониби ҳамаи зинаҳои ҳокимияти давлатӣ фаъолона пеш гирифта мешавад. Дар ин бобат ҳам парлумон, ҳам ҳокимияти иҷроия ва ҳам ҳокимияти судӣ дар доираи вазифаҳои худ корҳои муҳимро ба ҷо меоранд. Дар баробари ин сиёсати имрӯзаи давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон тақозо менамояд, ки бисёр масъалаҳои муҳим ва таъхирнопазири соҳа ҳал карда шаванд. Бешубҳа, парлумони тоза даъватшуда низ дар раванди таҳрири қонун ба ҳалли ин масъалаҳо машғул мешавад. – Соли ҷорӣ Қонун «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдаки Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон (Омбудсмани кӯдакон) қабул гардид. Ваколатҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар доираи қонун чӣ гуна тақвият дода шуданд? – Ислоҳоти институтсионалии омбудсмани кӯдакон ва таҳкими мақоми парламент ҳамчун институти мустақили сиёсӣ аҳамияти калони муҳим дорад. Албатта, вазифаи аввалиндараҷаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак аз назорати самараноки иҷрои қонунгузории марбут ба манфиатҳои кӯдакон – амалӣ намудани назорати парлумонӣ иборат аст. Мақсади асосӣ аз он иборат аст, ки шахсони мансабдор, ташкилоту муассисаҳо бар хилофи манфиати бачагон амал накунанд. Дар доираи татбиқи самараноки ин вазифа тибқи қонун вазифаҳои асосии Ваколатдор оид ба кӯдакон муайян карда шуданд. Татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак ва иштирок дар татбиқи Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи кӯдак, таъмини кафолатҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон тавассути баррасии муроҷиатҳо оид ба поймолкунии ҳуқуқи кӯдак, ҳифз вазифаҳо муайян шудаанд. Айни замон мо дар доираи ваколатҳоямон чорабиниҳоеро анҷом дода истодаем, ки ба ҳалли бисёр масъалаҳо нигаронида шудаанд. Пеш аз ҳама, масъалаи асосии рӯзномаи мо ҳифзи кӯдак на танҳо аз зӯроварии ҷисмонӣ, равонӣ, ҷинсӣ, балки аз шаклҳои беэътиноӣ (яъне қонеъ накардани талаботи ҷисмонӣ, моддӣ, равонӣ, иҷтимоӣ ва ғайра) мебошад. Дар ин ҷо ҳадаф аз зулм ва зӯроварии мухталиф нисбат ба кӯдак на танҳо аз ҷониби наздикони кӯдак, балки масъулини муассисаҳои таълимӣ низ аз байн бурда мешавад. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти мо мониторинги сатҳи ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, шароити зиндагӣ, таҳсил ва саломатии онҳо дар муассисаҳое мебошад, ки кӯдакон мустақилона аз онҳо баромада наметавонанд. Яъне, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар муассисаҳои таълимӣ, тарбиявӣ, тиббӣ, ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ ва муассисаҳои ислоҳӣ, марказҳои кумаки иҷтимоӣ-ҳуқуқии ноболиғон ва муассисаҳои таълимии махсусгардонидашуда, ки кӯдак бо хоҳиши худ аз онҳо баромада наметавонад, мунтазам мониторинг мегузаронад. Аз ҷумла, дар давоми моҳҳои январ-октябри соли 2024 Омбудсмани кӯдакон ба чунин муассисаҳо зиёда аз 50 маротиба мониторинг анҷом дод. – Таъмини имкониятҳои истифодабарии кӯдакон аз суди одил чӣ гуна ба роҳ монда шудааст? – Аз соли 2016 сар карда, дар Ӯзбекистон қонунгузории миллӣ ва амалияи татбиқи ҳуқуқ ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуда, барои дастрасии кӯдакон ба суди одил имконият фароҳам оварда мешавад. Дар баробари ин бояд ба назар гирифт, ки ба фарқ аз калонсолон, кӯдакон дар мавриди талаб кардани ҳимояи ҳуқуқ ва риояи манфиатҳои қонунии худ сустӣ зоҳир мекунанд. Муҳим аст, ки кӯдак ба кумаки муассири ҳуқуқӣ, намояндагӣ ва хидматрасонии дастгирӣ дар мурофиаҳои судӣ, хоҳ ҷиноятӣ, хоҳ гражданӣ ва хоҳ аз тариқи дигар дастрасии комил дошта бошад. Яъне ҳамкории зичи мақомоти адлия бо системаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, тандурустӣ ва маориф тахассуси минбаъдаи кадрҳо ва мутахассисони махсуси кор бо кӯдаконро талаб мекунад. Дар айни ҳол дар самти мазкур оид ба ташаккул додани салоҳияти мутахассисон ва такмили ихтисос пайваста корҳо анҷом дода мешаванд. – Бо муроҷиатҳое, ки ба котиботи омбудсмани кӯдакон мерасанд, кор чӣ гуна сурат мегирад? – Самти асосии фаъолияти омбудсмани кӯдакон омӯхтани мурофиаҳои шаҳрвандон мебошад. Муроҷиатҳо на танҳо аз падар ё модар, хешовандони наздики кӯдак, балки аз худи ноболиғон низ меоянд. Аз ҷумла, духтарони ноболиғ қурбони хушунати хонаводагӣ, волидайн ё умуман афроди сеюм мешаванд ва писарони ноболиғ аз сӯи дигар хонандагони мактабҳо мавриди тазйиқ қарор мегиранд. Аз ҷумла, дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба котиботи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла кӯдакон ва намояндагони қонунии онҳо вобаста ба нақзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдакон дар маҷмӯъ беш аз 800 муроҷиат ворид шудааст. Аз рӯи механизми кор бо муроҷиатҳо мо бо масъулин барои ҳар як ҳолат суроғаи алоҳида кор карда, дар ҳолати зарурӣ вазъро дар ҷои худ меомӯзем. Мо дар баррасии ҳар як муроҷиат ба манфиатҳои беҳтарини кӯдакон такя мекунем. Охир, максади ягонаи тамоми ҷидду ҷаҳди мо аз он иборат аст, ки ҳар як шаҳрванди хурдсоли мамлакатамон, ҳар як кӯдак аз тамоми ҳуқуқу имкониятҳое, ки Конститутсия ва қонунҳо кафолат додаанд, баробар ва пурра истифода баранд.

Суҳбаторо Абдулазиз РУСТАМОВ, мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: