ВАЗЪИЯТ ДАР ҚАШҚАДАРЁ ДАР ТАМОМИ СОҲАҲО БОЯД БА ТАВРИ КУЛЛӢ ТАҒЙИР ЁБАД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 12-13 ноябр бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни кор дар бобати барқарорсозӣ ва рушди иқтисодиёт, беҳсозии ҳаёти мардум, ки сарфи назар аз пандемия ба амал татбиқ мегардад, аз вилояти Қашқадарё боздид намуд.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 12-13 ноябр бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни кор дар бобати барқарорсозӣ ва рушди иқтисодиёт, беҳсозии ҳаёти мардум, ки сарфи назар аз пандемия ба амал татбиқ мегардад, аз вилояти Қашқадарё боздид намуд.


Рӯзи дуюми сафар роҳбари давлат дар шаҳри Қаршӣ бо иштироки фаъолони вилоят, депутатҳои Шӯрои маҳаллӣ, роҳбарони вазорат ва идораҳо ҷамъомад баргузор намуд.
Дар оғози чорабинӣ вазъи иҷтимоию иқтисодии вилоят аз нуқтаи назари танқидӣ таҳлил карда шуд. 
— Мақсади асосии сафари ман — якҷоя бо шумо муайян кардани вазифа ва тадбирҳои мушаххас барои такони ҷиддӣ додан ба рушди минтақа мебошад. Кашқадарё аз имконоти худ пурра истифода намебарад, аз бисёр минтақаҳои кишвар хеле қафо мондааст, — қайд кард сарвари давлат.
Минтақа имкониятҳои бузург дорад. Аммо вазъи иқтисодиёт ва соҳаи иҷтимоии он ба ин комилан мувофиқат намекунад. Дар давоми 10 соли охир ҳиссаи минтақа дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 9,4 то 7,1 фоиз, дар саноат аз 11 то 6 фоиз коҳиш ёфтааст.
— Дар ин ҷо нишондиҳандаи маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба ҳар сари аҳолӣ яке аз пасттарин дар кишвар ба шумор меравад. Оё мардуми Қашқадарё ба ин сазоворанд? — бо суол пурсид Президент.
Асоси илмӣ, муносибати инноватсионӣ ба парвариши маҳсулоти кишоварзӣ вуҷуд надорад, навъҳои наве, ки ба шароити иқлими минтақа ҷавобгӯ бошанд, офарида нашудааст. Соли гузашта ҳосили пахта аз ҳар гектар 19 сентнерро ташкил дод, ки ин нишондиҳандаи пасттарин дар кишвар гардид. Техникаи кишоварзӣ намерасад. Сатҳи коркарди маҳсулот паст аст.
Шавкат Мирзиёев вазъи корҳои обёрӣ ва мелиоратсияи вилоятро сахт танқид кард. Дар натиҷаи обёрии нодуруст 45 фоизи замин шӯр шудааст. Дар ин росто вазъият махсусан дар ноҳияҳои Муборак, Ғузор, Нишон ва Косон мураккаб аст. 38 ҳазор гектар замин аз муомилот хориҷ карда шуд. Обёрии қатрагӣ танҳо дар 2,4 фоизи майдонҳои обёришаванда ҷорӣ карда шудааст.
Таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дар маҷмӯъ дар минтақа 50 фоиз; дар Косон — 26 фоиз,  дар Деҳқонобод — ҳамагӣ 4 фоизро ташкил медиҳад. 60 фоизи қубурҳо ба таъмир ниёз доранд. Системаи канализатсияи шаҳри Қаршӣ фарсуда шудааст. 8,7 ҳазор километр роҳҳои нақлиёти автомобилии минтақа ба ҳолати корношоямӣ омадааст.
Масъалаи сифати таълим ва ёрии тиббӣ ба миён гузошта шуд.
Зикр гардид, ки дар 88 мактаби вилоят таҳсил дар якчанд баст гузаронида шуда, филиалҳои алоҳидаи мактабҳо аз гили шикаста сохта шудаанд. Ҷавонони Қашқадарё аз ҷиҳати қабул ба донишгоҳҳои олӣ дар Ӯзбекистон мақоми 13-умро ишғол мекунанд. Ва имсол ҳеҷ яке аз хатмкунандагони 191 мактаби вилоят ба мактабҳои олӣ дохил шуда натавонист.
257 духтури ихтисосаш маҳдуд ва 855 нафар дар зинаҳои аввалия намерасанд. Вилоят ба 18 поликлиникаи оилавӣ ва 30 кабинети духтури оилавӣ ниёз дорад. Сарфи назар аз он, ки ба ҳар як поликлиникаи оилавӣ бояд ба ҳисоби миёна 25-30 ҳазор шаҳрванд рост ояд, дар вилоят ин нишондиҳанда 90 ҳазорро ташкил медиҳад.
Дар ҷамъомад инчунин мушкилоти дигар, имкониятҳои мавҷуда таҳлил карда шуда, афзалиятҳои рушди ҳамаҷонибаи Қашқадарё ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ баррасӣ шуданд.
— Вазъият дар Қашқадарё бояд дар тамоми соҳаҳо ба куллӣ тағйир ёбад. Дар вилоят барои ин ҳамаи имкониятҳо мавҷуданд. Ҳама бояд аз хоби гарон хезанд, — гуфт Президент.
Дар асоси пешниҳодҳои ҳокимон ва таҳлили мушкилот дар вилоят, соҳибкорӣ ҳамчун самти асосии кор муайян карда шудааст. Соли 2021 дар вилояти Қашқадарё соли рушди соҳибкорӣ эълон шуд. Барои кори мақсаднок ба ноҳияҳо ва шаҳрҳо вазирон, роҳбарони соҳаҳо ва бонкҳо вобаста карда шудаанд.
Сарвари давлат зарурати махсусгардонии минтақаҳоро ба самтҳои мушаххаси иқтисодиёт бо назардошти шароити бозор ва «нуқтаҳои рушд» қайд кард.
Аз ҷумла, ноҳияҳои Яккабоғ, Қамашӣ, Чироқчӣ, Шаҳрисабз ва Китоб ба боғдорӣ ва токпарварӣ ихтисосонида мешаванд. Дар ноҳияҳои Ғузор ва Муборак дар самти нафту кимиё, дар ноҳияҳои Чироқчӣ ва Деҳқонобод — бинобар истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ корхонаҳои зиёд бунёд кардан мумкин аст.
Ноҳияҳои Касбӣ, Нишон, Миришкор ва Косон ба чорводорӣ ихтисос хоҳанд ёфт. Вазифа ба миён гузошта шуд, ки комплексҳои калон ва фермаҳои хурди чорводорӣ ташкил карда, барои базаи хӯроки чорво замин чудо карда шавад.
Ба Вазорати молия супориш дода шуд, ки механизми пешниҳоди субсидияро барои азхудкунии заминҳо таҳти чорводорӣ ва парвариши чорвои калони шохдор фароҳам орад.
Барои солҳои 2021-2022 дар минтақа татбиқ намудан 950 лоиҳа ба маблағи 28 триллион сӯм таҳия шудааст. Дар натиҷа, ташкили 15 ҳазор ҷои корӣ ба назар гирифта шудааст.
Тадбирҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва фароҳам овардани манбаи даромад барои шахсони ниёзманд ва бекорон баррасӣ шуданд.
Ба масъулин супориш дода шуд, ки соли оянда дар 50 ҳазор гектар замин технологияҳои сарфаи обро ҷорӣ кунанд.
Президент ба масъалаҳои таъминоти аҳолӣ бо манзил, сохтани роҳҳо ва шабакаҳои оби нӯшокӣ диққати махсус дод. Вазифа гузошта шуд, ки сатҳи таъмини марказонидашудаи оби нӯшокӣ дар минтақа то 79 фоиз, аз ҷумла дар ноҳияи Ғузор, ки вазъият бениҳоят душвор аст, то 50 фоиз расонида шавад.
Масъалаи таъмини манфиатҳои ҷавонон ва занон амиқ таҳлил гардиданд.
Дар вилоят низоми нави кор бо ҷавонон ҷорӣ карда мешавад. Роҳбари давлат гуфт, ки ҳокимон як рӯзи ҳафтаро рӯзи кор бо ҷавонон эълон намуда, бо мушкилоти онҳо сарукор хоҳанд шуд.
Тадбирҳо оид ба беҳтар намудани шароити зиндагии 2 815 зани ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёзманд, ҷалби занони бекор ба ҳунармандӣ дар асоси анъанаи «устод-шогирд» муайян карда шуданд.
— Роҳи интихобкардаи мо роҳи пурмашаққат аст. Мо оид ба Қашқадарё нақшаҳои калон дорем, маблағҳои хеле калон ҷудо карда мешаванд. Ҳоло вазифаи асосӣ ва талабот ин дуруст ба кор андохтани ин захираҳо, фароҳам овардани шароити муносиб барои мардум мебошад, — таъкид кард роҳбари давлат.
Баъд аз ин Президент Шавкат Мирзиёев бо мавзеи нави истиқоматӣ, ки дар маҳаллаи Навои шаҳри Қаршӣ қад меафрозад, шинос шуд.
Дар маҷмӯъ дар мавзеъ сохтани 39 манзили бисёрошёна ба нақша гирифта шуда, лоиҳа дар панҷ марҳила амалӣ мегардад.
Дар марҳилаи аввал 3 манзили 16 ошёна қомат афрохтанд. 
Таъкид кардан ҷоиз аст, ки то ин дам дар вилоят манзилҳои аз 7 ошёна баланд сохта намешуданд. Аз ин рӯ, ба риояи талаботи замонавии сейсмологӣ ва меъморӣ диққати махсус дода мешавад. Маводҳои баландсифати каммасраф истифода шуданд. Ҳар як квартира обгармкунаки худро дорад.
Сарвари давлат ба технологияи сохтмон ва сифати хонаҳо эътибор дод. Оид ба таъмини бехатарии сӯхтор, хидматҳои баландихтисоси коммуналӣ супоришоти иловагӣ дод.
Ҳудуди атрофи хонаҳо обод гардонда, майдончаи бозӣ ташкил карда шудааст. Дар моҳи марти соли оянда ба истифода додани боз 4 бинои 16 ошёна ба нақша гирифта шудааст.
Ғайр аз ин, мактаб барои 1680 нафар хонанда, 2 кӯдакистон, поликлиника, супермаркет, майдончаҳои варзишӣ, боғ ва дигар иншоот сохта мешаванд.
Дар ин ҷо муаррифии чораҳо оид ба сохтмон ва таъмири роҳҳо, навсозии шабакаҳои гармидиҳӣ, таъминоти оби нӯшокӣ ва канализатсияи Қаршӣ ба амал омад.
Бо ҳамин сафари кории Президент Шавкат Мирзиёев ба вилояти Қашқадарё ба поён расид.

Матназар 
ЭЛМУРОДОВ, 
Зиёдулла 
ҶОНИБЕКОВ, 
хабарнигорони ӮзА.
Сурати Хидмати матбуоти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: