ВАЗЪИЯТ ОМӮХТА ШУД

НАТИҶА ОЁ ҚАНОАТБАХШ БУД?

Бар асоси иттилои дафтари матбуоти ҳокимияти вилоят аъзои дувоздаҳ  гурӯҳи корие, ки аз мушовирони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, роҳбарони вазорат ва идораҳо, сарварони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот, ташкилотҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ ташкил ёфтаанд, 23-29 июли соли равон вазъияти иҷтимоӣ ва маънавии сиву се ҷамоати шаҳрвандони ноҳияи Ёзёвон, ҳамзамон шароити зиндагии сокинони онро мавриди омӯзишу баррасӣ қарор доданд.
Дар ноҳияи мазкур бештар аз яксаду панҷ ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Зимни тадқиқи қариб ҳаштоду панҷ дарсади хонаводаҳо   ҳудудан панҷ ҳазор муаммо ошкор гардид, ки ҳаштоду нӯҳуним дарсади он дар ҷараёни омӯзиш ҳаллу фасл карда шуд. Ин муаммоҳо асосан аз таъминоти мардум бо гази табиӣ ва моеъ, нерӯи барқ ва ангишт иборат буданд.  Дар ин замина барои мунтазам бо гази моеъ таъмин кардани аҳолӣ як адад мошини тамғаи ISUZU бевосита харидорӣ карда шуд ва он рӯзмарра   мардумро бо гази моеъ таъмин хоҳад кард.
Дар баробари ин, дар рӯзҳои омӯзишу баррасии вазъи иҷтимоиву маънавии ноҳияи Ёзёвон барои зимистонгузаронӣ ҳудудан чорсаду ҳаштод тонна ангишт ба ин ноҳия интиқол ёфт. Ҳамчунин шурӯъ аз моҳи сентябр ба ташкилоту муассисаҳо ва аҳолии ноҳияи мазкур интиқоли беш аз шаш ҳазор тонна ангишт барномарезӣ карда шуд.
Натиҷаи дигаре, ки талошҳои аъзои гурӯҳҳо ҳангоми ҳаллу фасли муаммоҳо ба даст омад, насби ҳашт трансформатори қувваташон мухталиф, чорсаду панҷоҳу ҳашт дона пояҳои симентӣ, ҳаштод дона дастгоҳҳои комутатсионӣ, харидорӣ шудани қисмҳои эҳтиётӣ дар ивази беш аз ду миллиард сӯм мебошад. Ин таҷҳизот  ва корҳои тармиму таъмири хати барқ барои бо нерӯи барқи доимӣ таъмин шудани аҳолии ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳои Қарасоқол, Ёшлик, Қӯрғонча, Гулистон, Хонобод, Марказий Фарғона анҷом дода шуданд.
Чун дигар минтақаҳои вилоят дар баъзе нуқоти ноҳияи Ёзёвон камбудии оби ошомиданӣ ба таври нигаронкунанда эҳсос мешавад. Таъмин бо оби тозаи ошомиданӣ дар ноҳияи мазкур шасту се фоизро ташкил мекунад. Барои ҳамин аз буҷаи ҳокимияти вилоят барои бисту шаш ҷамоати шаҳрвандон як миллиарду панҷоҳ миллион сӯм  ихтисос дода шуд, ки кашидани 37 км лӯлаҳои об, тармими панҷ манора, насби дувоздаҳ насоси обкашӣ, кофтани ду чоҳи оби ошомиданиро мадди назар дорад.
Дар давраи омӯзиши вазъ дар маҷмӯъ ҳабдаҳ ҳазору дусаду шонздаҳ нафар аҳолӣ бо оби ошомиданӣ таъмин гардиданд. Ин аз ҳисоби кашидани сиву чор километр лӯлаҳои обгузарон ба амал бароварда шуд. Агар ба ҳисоби фоиз онро баргардонем, дастикам ҳаштод фоизи аҳолии ҷамоатҳои шаҳрвандони Иштирхон ва Чӯлигулистон таъмин гардиданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ҳокимияти вилоят аъзои гурӯҳҳои омӯзиши вазъи иҷтимоиву маънавӣ   ошкор намудаанд, ки дар ноҳияи Ёзёвон ҳудуди панҷоҳу панҷ фоиз ё панҷсаду чор километр роҳҳои дохилӣ ба тармим эҳтиёҷ доранд. Ба хотири рафъи ин муаммо дар қадами аввал якчанд чораи фаврӣ пиёда гардида, ба нӯҳ километр роҳ шағал рехтаанд, панҷ километр роҳ  мумфарш шудааст. Минбаъд таъмир ва шағалрезиву мумфарш намудани роҳҳо дар ноҳия  тибқи нақша идома хоҳад кард.
Дар байни халқ баргузор кардани ҳашарҳои ободонӣ ба суннати мардумӣ табдил ёфтааст. Бар ин асос дар сиву се ҷамоати шаҳрвандони ноҳия бо ширкати бештар аз ҳашт ҳазор нафар ва яксаду чил воситаи нақлиёт ва техникаи гуногун ҳашар барпо шудааст. Ҳашарчиён бо даст ва тавассути техника дар ҳаштод гектар майдон корҳои ободонӣ гузарондаанд, беш аз сиву панҷ километр ҷӯйҳоро поккорӣ кардаанд, ба даҳҳо ҳазор дарахт  шакл дода, се ҳазор дона кӯчатҳои нав шинонидаанд.
Бо ҳашар ҳамчунин барои таъмини аҳолӣ бо оби ошомидании як қатор ҷамоатҳои шаҳрвандони ноҳия ва хобонидани лӯлаҳо ҳафтуним километр  чуқурӣ кофта шудааст. Ҳашарчиён дастаҷамъона бист хонаи одамони камбизоатро тармим намуда, дар шонздаҳ муассисаи таълимӣ, бисту панҷ зиёратгоҳ  ва қабристон корҳои ободкуниро ба роҳ мондаанд. Даҳҳо тонна партобаҳоро ба ҷои муқарраршуда интиқол додаанд.
Дар ҷамоатҳои шаҳрвандони «Янгиобод», «Гулистон», «Сойбӯйӣ», «Сувлиариқ», «Тошҳавз» таъмири ҳафтуним километр коллектор-дренажҳо ва коҳиш додани сатҳи оби зеризаминии сизот, ки барои киштукор дар майдонҳои наздиҳавлигӣ хисорот ворид мекунад,  анҷом дода шудааст. Гузашта аз ин, дар ҷамоатҳои «Сойбӯйӣ», «Дӯстлик», «Янгиобод», «Юқори сой-бӯйӣ», «Гулистон», «Қоратеппа» имкон фароҳам оварда шуд, ки дусаду ҳаштод хонавода бидуни монеа майдонҳои кишти худро обёрӣ кунад.
Ҷамоатҳои «Гастон» ва «Иштирхон» дар минтақаи марзӣ бо ноҳияи Тошлоқ воқеъ гаштаанд ва муддати понздаҳ сол боз аҳолии он ҷиҳати обёрӣ кардани майдонҳои кишти худ ба мушкилӣ мувоҷеъ буданд. Ба манзури рафъи ин муаммо низ чораҳои фаврӣ андешида шуданд ва насоси обкаше насб гардид, ки дар як сония аз зери замин сесад литр об мекашад. Кормандони идораи барқи вилоят барои аҳолии ин ҷамоатҳо дусаду панҷоҳ метр хати нави барқ кашиданд.
Дар ин росто муаммоҳои марбут ба соҳаи тандурустӣ низ ошкор шудаанд. Гуфта мешавад, нарасидани ёздаҳ нафар пизишкони соҳибмалака дар муассисаҳои тиббӣ, дараҷаи пасти хизмати патронажӣ ба хизмати малаканоки тиббӣ таъсири манфӣ расондааст. 
Аъзои гурӯҳҳои корӣ ҳамчунин ғамхорӣ нисбати маълӯлонро низ аз назар гузарониданд ва шаш нафарро ба гурӯҳи маълӯлон шомил кардаанд. Як идда маълӯлонро бо аробачаҳои махсус таъмин намуданд, ҳашт нафар маълӯлон асбобҳои замонавии шунавоиро ба даст оварданд.  
Баъди таҳқиқи фаъолияти муассисаҳои томактабии ноҳияи Ёзёвон сиву ду нафар кӯдакони аҳолӣ ба боғчаҳои бачагон ҷалб шудаанд, ҳамчунин сохта ба истифода супурдани сенздаҳ кӯдакистони нав  дар ин ноҳия барномарезӣ шудааст. Зимнан маълум шудааст, ки  бисту се марказгармии муассисаҳои мазкур бояд куллан тармим шаванд. Барои бартараф намудани ин муаммоҳо аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ беш аз дуюним миллиард сӯм ҷудо гардидааст. Дар муддати як ҳафта аз ин ҳисоб беш аз панҷсаду панҷоҳ миллион сӯм  ба корҳои реконструксия, тармими капиталӣ, сохтани системаи марказгармӣ ва айвони биноҳои марказгармиҳои муассисаҳои томактабӣ сарф шудааст. Чунин камбудиҳо дар як қатор мактабҳои таълимоти умумии ноҳия низ ошкор гардидаанд ва ҷиҳати ҳаллу фасли онҳо чораҳои мушаххас андешидаанд.
Яке аз масъалаҳои асосӣ ба кор банд кардани сафи бекорон ва пешгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунии корӣ мебошад. Тибқи натиҷагириҳои ин гурӯҳҳои корӣ аз ноҳияи Ёзёвон беш аз ҳафт ҳазор нафар ба хориҷи кишвар рафтаанд. Гузашта аз ин, аз бисту шаш дарсади ҷавонони ноҳия ҳудуди дуюним ҳазор нафар ба ягон кор ҷалб карда нашудаанд. Ҳатто дар байни онҳо ҷавононе низ шомиланд, ки аз хориҷа баргаштаанд ва бекор мебошанд.
Бар асоси талошҳои зиёд теъдоди нимҳазорнафарии ҷавонони ёзёвонӣ ба корҳои гуногун ҷалб гардиданд. 
Дар бобати аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ намудани қишри эҳтиёҷманди аҳолӣ, ҷудо кардани кредитҳои имтиёзнок барои ривоҷ додани соҳибкории хусусӣ, бартараф кардани иншооти ғайриқонунии хонаҳои бисёрошёна, тармими роҳравҳо, ташкил кардани майдончаҳо барои кӯдакон ва ободонии гирду атроф низ иқдомоти ҷиддӣ сурат гирифт.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки иҷро ва бартараф сохтани даҳ дарсади маҷмӯъи муаммоҳое, ки аъзои дувоздаҳ гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Ёзёвон ошкор кардаанд, аз тариқи садоратҳои вилоятӣ, ташкилотҳои шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва амсоли он тибқи тартиби муқарраршуда сурат хоҳанд гирифт.

Мирасрор АҲРОРОВ,  
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: