ВАЗЪИЯТИ КОР ДАР СОҲАИ НАҚЛИЁТ АЗ НУҚТАИ НАЗАРИ ТАНҚИДӢ ТАҲЛИЛ КАРДА ШУД

Президент Шавкат Мирзиёев 28 январ бахшида ба баррасии вазифаҳои устувор оид ба самарабахш ташкил намудани низоми нақлиёт дар Ӯзбекистон ҷамъомад баргузор намуд.

Ба мақсади куллан такмил додани идоракунии давлатӣ дар соҳа, рушди стратегӣ ва таъмин кардани фаъолияти устувори коммуникатсияи нақлиёт мувофиқи фармони сарвари давлат аз 1 феврали соли 2019 Вазорати нақлиёт ташкил шуда буд.
Сарфи назар аз корҳои амалишуда иқтидори нақлиётиву тронзитии мамлакатамон пурра ба кор бурда намешавад.
Мувофиқи баҳои коршиносони байналмилалӣ имконияти аз 7 миллиони ҳозира то 16 миллион тонна расондани  иқтидори тронзитии Ӯзбекистон, аз ҳисоби татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ дар соли 2030-юм то 23 миллион тонна расондани он мавҷуд аст.
Дар рейтинги Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба логистика Ӯзбекистон дар байни 163 мамлакат дар ҷойи 99-ум, аз ҷиҳати нишондиҳандаи қулаии амалӣ гардондани ҳамлу нақли байналхалқӣ дар ҷойи 120-ум қарор дорад.
Аз сабаби мавҷуд набудани сиёсати мақбули тарифӣ имкониятҳои мавҷуда барои ҷалби борҳои нақлиётӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии молҳои ватанӣ дар бозори хориҷӣ суст истифода мегарданд.
Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки яке аз вазифаҳои муҳиме, ки дар назди Вазорати нақлиёт қарор дорад, пурра аз нав дида баромадани сиёсати тронзитӣ мебошад.
Бинобар куллан ислоҳ намудани низоми роҳи оҳан, васеъ ба ин соҳа ҷалб намудани сармояи хусусӣ супоришҳо дода шуданд.
Ҳолати авиатсияи шаҳрвандӣ низ зери тозиёнаи танқид гирифта шуд. Ислоҳот дар ин соҳа дар натиҷаи то ҳол ба сифати ташкилоти мустақил ба роҳ монда нашудани фаъолияти ҷамъияти саҳҳомии «Uzbekistan Airways» ва «Uzbekistan Airports», ки дар пойгоҳи мусофиркашонии миллии авиатсионӣ ташкил карда шудааст, қафо мемонад.
Ба ғайр аз ин, соли гузашта дар чор аэропорти мамлакат тартиби «осмони кушод» бо ҷорӣ кардани «озодии фазои панҷуми ҳавоӣ» ҷорӣ карда шуда буд. Аммо, ягон ширкати авиатсионии хориҷӣ ҷалб карда нашудааст. Ин ҳолат эътирози асосноки мусофиронро ба миён оварда,  оқибат онҳо аз хизмати ширкатҳои авиатсионии хориҷӣ истифода мебаранд.
Ба ин муносибат супурда шуд, ки ислоҳот дар асоси тавсияҳои Бонки умумиҷаҳонӣ ба охир расонда шуда, дар соҳа муҳити рақобат фароҳам оварда шавад.
Оид ба ҷорӣ кардани «осмони кушод» дар аэропортҳои байналхалқии Навоӣ ва Тирмиз барои ба карго-хабҳо табдил додани онҳо, ба онҳо васеъ ҷалб намудани мусофиркашонони хориҷӣ вазифаҳо муайян шуданд.
Муҳим будани созмон додани шароит барои ширкатҳои авиатсионии нав ва минбаъд васеъ гардондани ҷуғрофияи парвозҳо қайд гардид.
Инчунин дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва ҷамъиятӣ як қатор камбудиҳо қайд гардиданд.
Зарурати гузарондани тендерҳои кушод барои хидматрасонӣ ба хатсайрҳо, аз нав дида баромадани тарифҳо ва тартиботи мусофиркашонии ҷамъиятӣ, рақамигардонии соҳа барои ба аҳолӣ расондани хидмати қулай ва хушсифати нақлиёти автомобилӣ зикр гардид.
Ба беҳтар гардондани ҳолати роҳҳои автомобилгардӣ эътибори алоҳида дода, супурда шуд, ки коркарди Стратегияи рушди роҳҳои нақлиёти автомобилӣ бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ тезонда шавад.
Усулҳои кори мақомоти назораткунандаи назди Вазорати нақлиёт кӯҳна эътироф шуда, зарурати такмил додани фаъолияти онҳо дар асоси талаботи замон таъкид гардид.
Шахсони масъул бинобар ҳаллу фасли мушкилоти дар ҷамъомад зикргардида ва татбиқи вазифаҳои устувор нақшаҳои ҳаракатро тақдим намуданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: