Вазъияти кор дар соҳаи стандартикунонӣ баррасӣ гардид

  • Вазъияти кор дар соҳаи стандартикунонӣ баррасӣ гардид
  • Вазъияти кор дар соҳаи стандартикунонӣ баррасӣ гардид
  • Вазъияти кор дар соҳаи стандартикунонӣ баррасӣ гардид
  • Вазъияти кор дар соҳаи стандартикунонӣ баррасӣ гардид
  • Вазъияти кор дар соҳаи стандартикунонӣ баррасӣ гардид
  • Вазъияти кор дар соҳаи стандартикунонӣ баррасӣ гардид

Президент Шавкат Мирзиёев 13 июн оид ба баланд бардоштани самарабахшӣ дар соҳаи стандартикунонӣ ва сертификатсия ҷамъомад баргузор намуд.

Имрўз бо афзоиши маданияти истеъмолӣ сифат ва бехатарии маҳсулот ба мадди аввал мебарояд, ки таъмини онҳо бештар ба стандартҳо вобаста аст.

Дар мамлакати мо дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ стандартҳои байналхалқӣ ҷорӣ карда мешаванд. Ин, масалан, Global G.A.P. ва Organic дар корхонаҳои хоҷагии қишлоқ, Oeko-Tex  дар корхонаҳои саноати бофандагӣ. Дар чаҳорчӯби низоми GSP+ имкони содироти 6,2 ҳазор намуди мол ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо бидуни боҷи гумрукӣ фароҳам оварда шудааст.

Ба мақсади таъмини ҳамоҳангии стандарҳои ватанӣ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ бо Фармони Президент аз 2 июни соли 2021 Агентии стандартикунонӣ, метрология ва сетификатонии Ӯзбекистон ба ихтиёри Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷӣ дода шуда, ба Агентии оид ба танзими техникӣ табдил дода шуд.

Аммо дар беҳбуди сифат, бунёди озмоишгоҳҳои замонавӣ, кумак ба истеҳсолкунандагон ва афзоиши содирот дар ин соҳа тағйироти мусбат мушоҳида намешавад. Идораҳои масъули стандартизация, карантин, лабораторияҳои байторӣ ва гигиенӣ сиёсати ягонаро татбиқ намекунанд, ба соҳибкорон ёрӣ намерасонанд. Дар вилоятҳо ба 150 лаборатория зарур аст. Масалан, барои содироти меваи хушк лабораторияҳое лозиманд, ки 27 намуди таҳлилро гузаронанд. Аммо дар ҷумҳурӣ чунин лаборатория нест. Бисёре аз соҳибкорон аз ба талаботи муқарраргардида номувофиқ будани маҳсулоташон пас аз ворид шудани маҳсулоташон ба Аврупо огоҳ мешаванд.

Вобаста ба ин, дар ҷамъомад оид ба баланд бардоштани самаранокӣ дар соҳаи стандартикунонӣ, сертификатсия ва метрология, ҷорӣ намудани усулҳои муосир дар раванди арзёбии мутобиқат чораҳои иловагӣ муайян карда шуданд.

Ба Агентии танзими техникӣ ва роҳбарони соҳа вазифа гузошта шуд, ки ҳар як намуди маҳсулотро бодиққат омӯхта, стандартҳои заруриро ҷорӣ намуда, лабораторияҳоро нав кунанд. Имкони 3 баробар – то ба 1,2 ҳазор адад афзун гардондани миқдори корхонаҳои ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ  зикр гардид.

Масалан, дар корхонаи «Узтекс»-и Чирчиқ пас аз ҷорӣ намудани озмоиши маҳсулот ба мувофиқат ба талаботи аврупоӣ содирот афзуд. Президент зарурати таъсиси чунин лабораторияҳоро дар саноати нассоҷӣ, чарму пойафзол, электротехника, мошинсозӣ ва кимиё таъкид кард.

Дастур дода шуд, ки то охири сол дар 27 намоишгоҳи байналмилалӣ ширкат варзида, вуруди соҳибкорон ба бозори Аврупо таъмин карда шавад.

Дар сохаи хоҷагии қишлоқ ҳам таҷрибаи мусбат мавҷуд аст. Масалан, дар корхонаи «Сам Фрут»-и вилояти Самарқанд тамоми раванд аз ҷамъоварии меваю сабзавот то ба содирот мутобиқи талаботи байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст. Имсол ширкат ният дорад, ки ба Аврупо ба маблағи 10 миллион доллар маҳсулот содир намояд.

Дар назди Агентии оид ба карантин ва ҳифзи растаниҳо вазифа гузошта шуд, ки якҷоя бо ҳокимони минтақаҳо 200 ҳазор гектар майдони меваву сабзавотро ба сатандартҳои байналмилалӣ мувофиқ гардонад.

Ба мақсади таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти озқаворӣ  супурда шуд, ки 14 лаборатория дар Қароқалпоқистон ва марказҳои вилоятӣ аз аккредитатсия гузаронда, 13 лабораторияи агрокимиёвии вилоятӣ бо таҷҳизоти замионавӣ таъмин карда шаванд.

Ба Кумитаи давлатии гумрук супурда шуд, додани тамоми намуди сертификат ва рухсатномаҳоро барои содирот, воридот ва транзит тавассути низоми иттилоотии “Равзанаи ягона”   ташкил кунад.

Аҳамияти ба таври илова тайёр кардани се ҳазор нафар мутахасси-сони корхонаю ташкилотҳо барои кор дар ин соҳа кайд карда шуд.  

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: