Вазъияти ҳозираи рушди иқтисодиёт таҳлил карда, тадбирҳои иловагӣ муайян шуданд

  • Вазъияти ҳозираи рушди иқтисодиёт таҳлил карда, тадбирҳои иловагӣ муайян шуданд
  • Вазъияти ҳозираи рушди иқтисодиёт таҳлил карда, тадбирҳои иловагӣ муайян шуданд

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 23 март оид ба чораҳои таъмини устувории иқтисодиёт ҷамъомад баргузор намуд.

– Қарорҳое, ки дар давраи пандемияи коронавирус барои аз вазъияти душвор баровардани тамоми соҳаҳо қабул шудаанд, натиҷаи худро доданд. Ва дар шароити кунунӣ мо бояд хатарҳоро пешгӯӣ карда тавонем. Бояд тадбирҳои конкретӣ муайян кунем, то ки воқеаҳои ҷаҳон ба натиҷаҳо таъсири манфӣ нарасонанд. Хусусан, бояд барои соҳибкорон шароит фароҳам оварда, ба онҳо дастгирии ҳамаҷониба расонд, – гуфт сарвари давлат.
Дар ҷамъомад вазъияти ҳозираи тараққиёти иқтисодиёт таҳлил карда, тадбирҳои иловагӣ муайян карда шуданд.

Ба вазорати рушди иқтисодӣ ва коҳиш додани камбизоатӣ ва вазорати сармояҳо ва савдои хориҷӣ супурда шуд, ки  бо соҳибкорон мулоқоти ҳаррӯза ба роҳ монда, ба лоиҳаҳо ва амалиёти содиротию воридотӣ кумак расонанд.  

Дастур дода шуд, ки дар соҳаҳо ва минтақаҳо мониторинги ҳаррӯза гузаронида, ҷиҳати пешгирии хатарҳои эҳтимолӣ сари вақт чораҳо андешанд. Аҳамияти минбаъд ҳам содда кардани низоми кредитдиҳии револверии корхонаҳо барои пур кардани маблағҳои муомилот қайд карда шуд.

Президент инчунин ба масъалаҳои содирот дахл намуда, оид ба ҳалли масъалаҳои нақлиётию логистикии корхонаҳои содиркунанда, қисман ҷуброн намудани хароҷоти нақлиётии онҳо супоришот дод.

Тавре маълум аст, имрӯз дар ҷаҳон мушкилоти таъмини маводи ғизоӣ ва тағйирёбии назарраси нархи онҳо вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, ба Девони Вазирон супориш дода шуд, ки эҳтиёҷоти мардумро тавассути нигоҳ доштани устувории нархҳо дар бозори дохилӣ, мусоидат ба соҳибкороне, ки гандум, равғани растанӣ, шакар ва дигар маҳсулоти озуқавориро ворид мекунанд, таъмин намояд. Боз таъкид гардид, ки вазифаи асосии Ҳукумат паст кардани сатҳи инфлятсия ва таъмини ҳарчи зудтар ба нишондодҳои мақсаднок баргардонидани  нишондиҳандаҳои он мебошад.

Ба Бонки марказӣ супурда шуд, ки бо назардошти вазъияти номуайян дар бозори хориҷии асъор ба таъмини устувории бозори дохилии асъор ва тағйирпазирии қурби асъор эҳтиёткорона муносибат зоҳир намояд.  Муҳимияти назорати ҳамарӯзаи вазъи бозори дохилии асъор ва огоҳонидани соҳибкорон ва ҷомеа аз вазъи кунунӣ, тағйироти пешбинишуда ва чораҳои андешидашуда таъкид гардид.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: