Вазнабардор Руслан Нурудинов дар Ҷоми Ӯзбекистон дар Урганҷ медали тилло гирифт

Дар Урганҷ Ҷоми Ӯзбекистон оид ба вазнабардорӣ байни калонсолон ба анҷом расид.

Дар маркази таваҷҷуҳи мухлисони зиёд баромади қаҳрамони Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-2016 Руслан Нурудинов буд.

Нурудинов ин дафъа дар вазни +109 кг баромад кард. Аз рӯи натиҷаҳои ду машқ вазнбардор 421 килограммро (бо як зарб бардоштан 191 килограмм + тела дода бардоштан 230 килограмм) соҳиб шуд.

Ба шарофати ин натиҷаҳо Руслан Нурудинов дар ҳар се самт соҳиби медали тилло гардид.

ТОП-3 аз рӯи натиҷаҳои ҳисоби медалҳо:

Ҷойи 1-ум – вилояти Хоразм

Ҷойи 2-ум – вилояти Андиҷон

Ҷойи 3-ум – вилояти Тошкент 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: