Вазнбардорони Ӯзбекистон Чемпионати ҷаҳонро бо 12 медал анҷом доданд

Дар шаҳри Ираклиони Юнон Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон дар вазнбардорӣ анҷом ёфт.

Дар рӯзи охирини мусобиқоти сайёра дар вазни беш аз 109 килограмм ҳамватани мо Мирҳосил Мирзобоев, ки се медали нуқра гирифт, ба зинаи шоҳсуфа баромад.

Мубориза барои унвони қаҳрамонӣ дар ин вазн миёни Алиризо Юсуфии эронӣ ва варзишгари ӯзбек Мирзабоев сурат гирифт. Аммо бартарии Юсуфӣ дар тела дода бардоштан хеле баланд буд ва ин намояндаи Эронро ба пеш гузаронд. Мирҳосил Мирзабоев дар такон додан натиҷаи 176 килограмм, тела додан  212 килограмм нишон дода, ҷамъи ду машқ натиҷаи 388 килограммро ба даст овард.

Чемпионати ҷаҳон оид ба вазнабардорӣ то 20 сола:

Бачаҳо, +109 кг:

Алиризо Юсуфӣ (Эрон) - 416 (177+239) кг;

Мирҳосил Мирзабоев (Ӯзбекистон) - 388 (176+212) кг;

Богдан Тараненко (Украина) - 374 (167+204) кг.

Ҳамин тариқ, дастаи мунтахаби Ӯзбекистон бо касби 5 медали тилло, 5 нуқра ва 2 биринҷӣ мусобиқаи ҷаҳонро ба анҷом расонд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: