Тибқи қонунгузорӣ, кӯмакпулӣ барои бекорӣ дар тӯли давраи 12 моҳа на беш аз 26 ҳафта дода мешавад.
Кӯмакпулӣ барои бекорӣ ба таври зерин дода мешавад:
ба шахсоне, ки дар давоми 12 моҳи охир аз кор ва музди меҳнат (даромади меҳнатӣ) маҳрум шудаанд – ба андозаи 50 фоизи музди миёнаи якмоҳаи ҷои кори пештара, вале на камтар аз андозаи минималии музди меҳнат (ҳадди ақалли музди меҳнат – 822 ҳазор сӯм);
ба шахсоне, ки аз кор ва музди меҳнат (даромади меҳнатӣ) маҳрум шудаанд ва пас аз танаффуси дуру дароз (зиёда аз 1 сол) кўшиши дубора барқарор кардани фаъолияти меҳнатии худро доранд, – ба андозаи як баравари ҳадди ақалли музди меҳнат;
ба шахсоне, ки пеш кор накардаанд, бори аввал кор ҷустуҷӯ мекунанд – ба андозаи на камтар аз 75 фоизи ҳадди ақалли музди меҳнат.