Вазорати кишоварзӣ: дар соли 2022 Ўзбекистон бо гандум ва қанд устуворона таъмин карда мешавад

Дар Ўзбекистон ба таъмини бехатарии озуқавории аҳолӣ, рӯёндани маҳсулоти дар бозори дохилӣ серхаридор, ташаккул додани захираҳои зарурӣ эътибори муҳим дода мешавад.

ҒАЛЛА ВА ОРД

Аз ин лиҳоз, ба мақсади таъмини устувори аҳолӣ бо гандум ва маҳсулоти ордӣ имсол дар саросари ҷумҳурӣ дар майдони 1 миллиону 27 ҳазор гектар гандум кошта шуд. Натиҷаи ҳамин аст, ки дар моҳҳои июн-июли соли ҷорӣ ҷамъоварии 7 миллиону 679 ҳазор тонна ҳосил пешбинӣ шудааст. Ин рақам нисбат ба соли гузашта 1 миллион тонна зиёд аст.

Илова бар ин, дар соли 2021 6 миллиону 656 ҳазор тонна гандум парвариш карда шуда, 2 миллиону 533 ҳазор тоннааш ҳамчун захираи ҷумҳуриявӣ дар корхонаҳои минтақавии ҶС «Ӯздонмахсулот» нигоҳ дошта шуда, 4 миллиону 123 ҳазор тоннааш дар ихтиёри деҳқонону аҳолӣ боқӣ мондааст.

Охири соли гузашта бахши хусусӣ 2 миллиону 771 ҳазор тонна гандум ва 357,7 ҳазор тонна орд, асосан аз Ҷумҳурии Қазоқистон ва 26,8 ҳазор тонна гандум (94 фоиз ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 6 фоиз ба Ҷумҳурии Қирғизистон) ворид кардааст ва 949,1 ҳазор тонна орд (аз ҳисоби 1 миллиону 265 ҳазор тонна гандум) ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содир шудааст.

 

ШАКАР

Барои кафолат додани таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти шакар дар соли 2022 дар кишвар истеҳсоли 600 ҳазор тонна маҳсулот дар назар аст.

Инчунин дар соли 2021 аз ҷониби корхонаҳои ҶММ «Ангрен Шакар» ва ҶММ «Хоразм Шакар» 595,5 ҳазор тонна шакар (то соли 2020 315,1 фоиз) истеҳсол шудааст.

Корхонаҳои мазкур бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ба ин маҳсулот дар давоми соли 2021 ва моҳҳои январ-феврали соли 2022 дар биржаи молӣ ҳар моҳ камаш 30 ҳазор тонна шакар фурӯхтаанд.

Бразилия то охири соли гузашта 23 ҳазор тонна шакар (назар ба давраи гузашта 344 ҳазор тонна кам) ва 620 ҳазор тонна ашёи хоми қанд (назар ба давраи гузашта 423 ҳазор тонна зиёд) ворид кард, 25 тонна шакар ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содир карда шуд. Маҳдудиятҳои муваққатие, ки Федератсияи Русия ҷорӣ кардааст, ба ҳаҷми ин маҳсулоти истеъмолӣ дар кишвар таъсир намерасонад.

Қобили зикр аст, ки бо қарори Президенти Ӯзбекистон № ҚП-3818 барои воридоти шакар тибқи моддаи 289 Кодекси андоз меъёри боҷи гумрукӣ ба андозаи 20% арзиши шакари сафед ва 20% андози аксизӣ ҷорӣ карда мешавад.

Дар моҳҳои март-майи соли 2022 аз таъминкунандагон боз 180 ҳазор тонна ашёи хом гирифта мешавад. Илова бар ин, дар моҳҳои июн-октябри соли ҷорӣ воридоти 200 ҳазор тонна ашёи хоми шакар дар назар аст.

Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки дар кишвар ҷиҳати таъмини бефосила бо гандум, орд ва шакар, инчунин пешгирӣ намудани тағйирёбии якбораи нархҳо дар бозорҳои дохилӣ тадбирҳо андешида шудаанд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: