Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон ба вазъ дар Ховари Миёна муносибат баён кард

Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз шиддат гирифтани вазъ дар Шарқи Наздик изҳори нигаронии амиқ кардааст.

Афзоиши минбаъдаи шиддат метавонад боиси афзудани бесобиқаи хатару таҳдидҳои амниятӣ дар минтақа ва оқибатҳои пешгӯинашаванда барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ гардад.

Мо ҷонибҳои мухолифро даъват менамоем, то худдорӣ кунанд ва аз амалҳое, ки боиси боз ҳам тезу тунд шудани шиддат мегардад, даст кашанд.

Ҷониби Ӯзбекистон бори дигар таъкид мекунад, ки  барои ҳалли низоъ бо роҳи тинҷӣ ва тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ва қатъномаҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид чораҳои таъхирнопазир андешида шавад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: