Вазорати таҳсилоти олӣ иттилоъро оиди гузрондани донишҷӯёни хориҷӣ ба донишгоҳҳои Ӯзбекистон бидуни имтиҳон рад кард

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ паёмҳое паҳн мешаванд, ки гӯё акнун ба донишгоҳҳои Ӯзбекистон бе имтиҳон кӯчондани таҳсил иҷозат шудааст. Аммо ҳамаи онҳо дурӯғанд, гуфта мешавад дар Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсус.

Паёмҳои қалбакӣ аз номи Вазорати маълумоти олӣ паҳн карда мешаванд. Аз ҷумла, дар онҳо гуфта мешаванд, ба ҳамаи донишҷӯёне, ки мехоҳанд ба Ӯзбекистон гузаранд, бидуни супоридани имтиҳон ба ин кор иҷоза дода шудааст ва тамоми ҳуҷҷатҳо барои кӯчондан то 15 феврал қабул карда мешаванд.

Дар вазорат  изҳор намуданд, ки чунин хабарҳо беасосанд, ба фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиат кардаанд, ки қабл аз паҳн кардани чунин «хабар» бояд тафтиш карда шаванд.

"Муҳимтарин ҷанба ва "қоидаи тиллоӣ"-и журналистика ин интишори на ҳама маълумот, балки санҷидашуда, асоснок аст", - таъкид кардааст Вазорати таҳсилоти олӣ.

Дар ҳамин ҳол, ёдовар мешавем, ки дар Ӯзбекистон барои паҳн кардани маълумоти беасос ва бардурӯғ меъёрҳои ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ муқаррар шудаанд.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: