ВЕЛОМАРАФОНИ БАЧАГОНИ СИННИ ТОМАКТАБӢ

Дар шаҳри Самарқанд ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон миёни бачагони синни томактабӣ веломарафони дувум гузаронида шуд.

Раиси Сенати Олий Маҷлис, раиси Федератсияи велоспорти Ӯзбекистон Т. Норбоева дар бораи аҳамияти гузаронидани веломарафон, ки соли гузашта бори аввал дар Тошканд доир гардида, имсол дар Самарқанд гузаронида мешавад, ҳарф заданд. Зикр гардид, ки ин мусобиқа барои афзунсозии муҳаббати ҷавонон ба варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни онҳо хидмат мекунад ва минбаъд дар минтақаҳои гуногуни кишвар гузаронидани ин марафон дар назар аст.
Бино ба маълумоти масъулони Вазорати таълими томактабӣ соли 2021 дар сохтори таълими томактабӣ таълиму тарбияи экологӣ ва методикаи беговелронӣ барои бачагон роҳандозӣ шудааст. Бо ин мақсад, 13 ташкилоти таълими томактабии такягоҳӣ бо 400 дона беговел таъмин гардиданд. Соли ҷорӣ дар доираи лоиҳа ба 20 ташкилоти таълими томактабӣ 500 дона беговел тақдим гардид. Аз ҷумла, як қатор ташкилотҳои таълими томактабии Самарқанд низ ба ин лоиҳа пайвастанд. Ҷиҳати бартариноки беговел дар он аст, ки бачагони хурдсол нигоҳ доштани мувозинатро меомӯзанд ва азхудкунии велосипедронӣ низ осон мегардад.
– Чанде пеш ба кӯдакистони мо 25 дона беговел доданд, — гуфт роҳбари ташкилоти таълими томактабии рақами 36-и шаҳри Самарқанд Дилфуза Қутлиева. – Росташ, дар аввал мо ҳам, кӯдакон ҳам аз ин тааҷҷуб кардем. Охир велосипедҳои бепедалро бачагон чӣ хел идора мекунанд? Баъд дар бораи афзалиятҳои беговел маълумот гирифтем. Аён шуд, ки беговел барои мувозинатдориро омӯхтани бачагон, солим гардидани мушакҳо ва ҷисмонан пурзӯр шудани онҳо, инчунин, велосипедрониро бе мушкилӣ аз бар намудани хурдсолон хидмат мекардааст. Ҳозир тарбиягирандагони мо истифодаи онро хуб омӯхтанд. Онҳо дар марафони имрӯза низ иштирок карданд.
Дар доираи чорабинӣ аз тарафи ҳокимияти вилояти Самарқанд ба Федератсияи велоспорти вилоят 2 автомошини “Дамас” ва 40 велосипеди замонавӣ туҳфа карда шуд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: